ХАБАРИ ДОҒ

Билайн зидди забони давлатист?!

  • Панҷшанбе, Дек 15 2016

Дар тамоми шаҳрҳои пешрафтаи дунё ҷойҳои махсуси таблиғотӣ (рекламавӣ) мавҷуд аст. Ширкате мехоҳад молу маҳсулоти худро дар маърази мардум ба намоиш гузорад ва ба ин тартиб молу ашёи худро таблиғ намояд, аз ин ҷойҳо истифода менамоянд. Дар ш.Душанбе низ тахтаҳои таблиғотӣ хеле зиёданд ва барои мубаллиғон бо чунин ишора: «Ҷой барои рекламаи шумо» омода кардаанд. Дар баъзе овезаҳо манзараҳои зебои диёри азизамон, инчунин рекламаҳо аз ширкатҳои дохилӣ бо тарҳи хубу ҷолиб ба намоиш гузошта шудааст. Ширкати «Билайн», ки дар ҶТ фаъолияташ хеле доманадор аст, бо тавонмандиаш метавонад бисёре аз корҳои ба манфиати забону фарҳанги мо фоидаоварро ба роҳ монад. Инчунин ин ширкат агар як манзараеро ба намоиш гузорад, дарҳол дар тамоми ҷумҳурӣ пахш гашта, муштариёни худро аз ин дастовард ё имтиёзи тарофаҳои худ огоҳ месозад. Ин хуб аст, аммо!

 

Таблиғи фарҳанги беҳаёӣ

Бо рекламае, ки 2-3 моҳ қабл ширкати «Билайн» дар хиёбону кӯчаҳо ба намоиш гузошта буд, хуб шиносед. Тасвираш чунин буд: Нафаре бо мӯи рехтаву бо бинии дарози чашмони калон-калони аз косахонаи сар баромада. Гарчанде ин расм писанди касе набуд, мепиндоштем, ки ин охирин намоишкориҳои ин ширкат аст. Аммо ҳамакнун дар тамоми роҳҳои ҷумҳурӣ: дар тамоми хиёбонҳои ш.Душанбе, ноҳияҳо ва шоҳроҳҳо расми духтаре бо даҳони кушодаву як чашми пӯшида ба намоиш гузошта шудааст. Оё ин ҳам аз фарҳанги мост? Бовар кунед ба ҳамин расм назар андохтанро ҳамчун ТОҶИК ор медонам. Зеро ТОҶИК миллати зебост ва зебоиро дӯст медорад. Духарону писарони Тоҷики зебо хеле бисёранд. Барои чӣ аз онҳо истифода намебаред? Бо чунин амалҳои худ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ АЗИЗИ моро нарабоед! Фарҳанги мо фарҳанги боҳаёӣ буд, на беҳаёӣ! Дар сайти интернетии «Билайн» вобаста ба тарофаҳо расмҳои дилкашу муносиб хеле зиёд аст. Наход чунин расмҳое, ки боиси писханду тамасхури одамон бошад, ҳамонро писандед ва реклама кунед? Ё фақат бояд ҳамин расме, ки писанди шумо аст, ҳамонро реклама шавад? Не, бародарон, номаъқул кардед! Реклама вобаста ба фарҳанг ва тамаддуни ин миллат бояд бошад, на таблиғоти фарҳангу идеологияи бегона! Шояд дар назари шумо чунин рекламаҳо саҳлу чизи назарногире намоён бошанд, аммо батаҳқиқ бингаред, чунин аст: 

1.Ин масхараи худи инсон аст. Инсон ҳамчун шахсият бо ин расмҳои дар намоиш гузоштаи шумо таҳқир шуда истодааст; 

2.Шаъну шарафи инсонро паст задан аст, ба мисле, ки дар баъзе кишварҳо карикатура мекунанд; 

3.Ин таблиғи фарҳанги бегона аст ва ба фарҳанги мо иртиботе надорад ва хоҳу нохоҳ ба миллату фарҳангамон зиён мерасонад. 

Масъулини пойтахт! Чунин рекламаҳои таҳқиромезу ба миллатамон бегонаро асло роҳ надиҳед! Бовар кунед, чунин амалҳои ба назар нонамоёни зиёновар ва бешармона шояд оғози кор бошад. Шояд дар оянда расмҳои аз ин бадтар овехта шаваду ҳамаи мо ғофил монем ва ба онҳо одат кунем ва билохир фарҳанги мо помол гардад. Ҳоло, ки аз ин огаҳ гаштаем, садди роҳи чунин амалҳои ба фарҳангу миллатамон зиёновар шавем!

Билайн давомдиҳандаи кори Темури лангу Манғит?

Дӯстони азизам, бародарон ва кормандони болоӣ ва кор бо рекламаҳои ширкати «Билайн»! Шумо аз одитарин чизе, ки ба миллатҳои дигар ворид мегардад ва аз байни онҳо чӣ қадар сару садоҳо берун мебарояд, хуб огоҳ ҳастед. Оё мову шумо ба мисли онҳо наметавонем? Миллати тоҷик аз ибтидо то кунун бо он қадар азияту кулфатҳое, ки чашидаву кашидааст, фарҳанги бою ғании худро аз даст надод, бар дӯш гирифта то ба мо оварда расонд. Баъди аз байн рафтани давлати Сомониён, ки бо он азамату шукӯҳи худ парчамбардори 100 соли ин миллат буд ва бо он корнамоиҳои худ дар таърих боқӣ монд, баъди он як назар андозед ба фишору азобу кулфати тоқатфарсои салтанати хонадонҳои муғуливу туркӣ, аз қабили Ғазнавиён, Қарахониён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён, ки ҳама мехостанд фарҳанги худро ҷорӣ кунанд. Аммо фарҳанги ин миллати азиятдида нест нагардид ва истодагарӣ карда тавонист. Ҳамакнун соҳиби давлати мустақилу посдорандаву ҳифзкунандаи фарҳанги худ ҳастем, набояд бо чунин амалҳо рахна ба фарҳангамон занем. Доир ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон асару мақолоти зиёде рӯи чоп омадааст. Бингаред ба «Шоҳнома»-ву «Сиёсатнома». Пеш аз он ки кореро анҷом диҳем, ақалан аз онҳо истифода барем. Бо огоҳии комил метавон гуфт, ки ТОҶИКОН аз ибтидо то кунун боҳаё буданд. Дар мавзӯи ҳаё боби алоҳидаест, дар китоби «Ахлоқи муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки оғозаш чунин аст: «Он (ҳаё) хислати шариф ва сирати мақбул аст. Ҳаёро шохе аз дарахти имон гуфтаанд, ҳаё аз шароити назми олам аст. Агар сифати шарм аз миён барафтад ва ҳеҷ касро аз ҳеҷ кас шарм набошад, низоми ҷаҳон халал пазирад ва масолеҳи халоиқ аз якдигар фурӯ резад. Аммо сифати ҳаё намегузорад, ки ҳар кас ҳар чӣ хоҳад, бикунад:

Сафшикани қалби маноҳӣ ҳаёст,

Роҳзани хейли малоҳӣ ҳаёст.

Назрулло КАРИМОВ

мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики ДМТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter