06.10.2016, соатҳои тақрибан 15:00 дар маркази шаҳри Душанбе, дар ошёнаи 4-уми бинои истиқоматии «Пойтахт-80» сӯхтор ба амал омад.
Сӯхтор дар даромадгоҳи шафати подъезде сар зад, ки он ҷо Фарзонаи Хуршед ҳамроҳи модараш-Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷаи сӯхтор, 1 модар бо тифли ширхорааш дар лифти ин бино руст мемонад. Бо талоши Фарзона ин модар бо кӯдакаш аз даруни лифт наҷот меёбад. Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ин оташ ба чанд ҳуҷраҳои ин бино низ зарар расондааст…
Дар зимн, хабарнигори СССР бо Фарзонаи Хуршед сӯҳбате орост:
-Салом Фарзона!
-Салому алайкум!
-Шумо ҳоло дар куҷоед?
-Ман? Дар Ҳиндустон. Барои идомаи табобати модари бузургворам ин субҳ ба Деҳлӣ омадем.
-Оҳо, дуруди моро ба Сурайёи азиз расонед. Воқеан саломаташон чи хел аст?
-Шумо метавонед бо худи Модари бузургворам сӯҳбат кунед.
-Кошкӣ!!!
Сурайёи Қосим:
Ман сиҳҳатам! Духтарам қаҳрамонӣ кард!!!
-Ассалому алайкум!
-Бону Сурайё, саломататон чи тур аст? Умедворем, ки хубед…
-Ташаккур бо дуои шумо ва хонандагонатон, ки нисбат ба ману хонаводаам хеле чашмбахайранд, хубем.
-Воқеан ҳам чашм нарасад, садоятон хеле гирову бардам аст.
-Шукри Худо, хубам. Ин дафъа барои давоми табобат омадаам. Худатон медонед, ки чанд моҳ пеш вазъам бад буду табибони масеҳонафаси Ҳинд моро хуб шифо бахшиданд. Акнун барои давоми табобат ва ташхиси доруворашон омадам.
-Сурайёбону, роҷеъ ба дардатон ҳар хел овозаҳо буд...
-Ин хуб аст, ки мардум дар бораи мо сухан мекунад. Пас мо ҳастем ва моро дӯст медоранд.
-Чӣ касал шуда будед?
-Дарди ҷигар буд. Сароғоз мегуфтанд бояд ҷарроҳӣ кунанд. Вале ман қабул накардам. Зеро ҷарроҳиро нағз намебинам. Пофишорӣ кардам, ки он вақт гуфтам, ки бо ҳаббу дорувор шифо кунанд.
-Қабул карданд пешниҳодатонро?
-Оре, дар ин ҷо дархости маризро ҳамеша иҷро месозанд. Бисёриҳо мегуфтанд, ҷарроҳӣ кунанд, танҳо ман бовар доштам, ки бе он ҳам мешавад. Ва шуд!
-Яъне бе ҷарроҳӣ шифо ёфтед?
-Оре, чанд моҳ дар диэтаи сахттарин нишастам. Шукри Худо, ҳоло хеле бардамтарам. Ҳатто дар маъракаҳои чортаниву панҷтании дӯстони беҳтаринам кам-кам суруд ҳам мехонам!
-Оҳо, муборак. Худо Шуморо барои мо ҳифз кунад! Ин бор кай бармегардед?
-Шояд охирҳои моҳ. Ин аз табобат ва давомияти он бастагӣ дорад.
-Фарзона бо шумост! Кӯдаконаш бо кист?
-Инро аз худаш пурсед.
-Ҳатман! Вале як суоли дигар. Рост аст, ки Фарзона модареро бо тифлаш аз оташ наҷот бахшидааст?
-СССР аз ин ҳам хабар дорад?!
-Мо Метавонем!
-Бале, дирӯз дар подъезди ҳамсоя «пожар» шуд. 2 мошини оташфурӯнишонӣ омад. Хеле тарсидем, рости гап. Дар берун доду войро шунида, Фарзона кӯдаки ширхораашро ба домани ман гузошта, худ ба берун ҷаҳид. Аз байн ягон 10-15 дақиқа гузашта буд, ки 2 тифли гирёнро бо модарашон гирифта хона овард. Ба онҳо обу ҷурғот додем. Хеле тарсида буданд. Баъдан фаҳмидам, ки Фарзонаи ман чун дар киноҳо, ин модарро бо тифли ширхорааш аз лифти пури дуд наҷот додааст...
-Мумкин аст, тафсилотро аз худи қаҳрамон шунавем?
-Марҳамат...
Фарзонаи Хуршед:
Барои ҳар Тоҷик худамро ба оташ меандозам!
Фарзона:
-Гӯш мекунам...
СССР:
-Не-ин мо туро гӯш мекунем. Чигуна шуда, ки Шумо, ки дар тасаввури мардум хеле нозуку назиф ва эркаед 2 танро аз оташ наҷот бахшидед?
-Ин ман дар назар чунин менамоям. Дар асл, ман барои ҳар Тоҷик ҷонамро фидо месозам. Ҳодиса ин тавр рух дод. Соатҳои 3 буд (15:00 дақиқа, ред.СССР). Дар хона бо фарзандонам Закия ва Муҳаммади Хуршед менишастам, ки банохост доду войу гиру дор сар шуд. Аз тиреза нигоҳ кардам, ки мардум ҷамъ омадаасту сӯхтооорррр гуфта доду фиғон доранд. Писари ширхораамро ба момояш дода, давида берун тохтам.
Дар ҳавлии бинои Пойтахт-80 дидам, ки нафаре аз ошёнаи 4 ё 5-ум дод мезад, ки «Лифтро кушоед! Зану кӯдаки ман дармондааст!». Подъезд пури дуд буд. Ҳама менигаристанду амал намекарданд. Ин замон мошинаҳои оташфурунишонӣ расиданд ва ҳануз фосила миёни мову онҳо буд. Садои мардро шунида, кӯдаки ширмакам ёдам омаду он зане, ки дар лифт дармондааст пеши назарам. Намедонам бо ман чӣ шуд, ки одамонро тела дода, худро ба лифт задам. Маълум шуд, ки лифт дар ошёни 2-ум дармондааст. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, бо нохуну дастонам дари лифт боз намешуд. Лифт пури дуд буд ва садои сулфаи одамон ба гӯш мерасид. Маълум буд, ки боз чанд лаҳзаву онҳо гулӯгир мешаванд.
Давида берун баромадам. Гуфтам ки посбони лифт кист? Маълум шуд, ки онҳо аз тарси оташ берун баромадаанду лифтро куштаанд, ки сӯхтор боло наравад. Аз гиребони устои лифт кашида, даровардамаш ва гуфтам лифтро кушо! Лифтро кушодем ва модари ҷавоне бо кӯдаки ширхорааш қариб бе ҳушу ёд дар дохили он буд. Кӯдакро бардоштаму ба очааш гуфтам, ки аз пасам давад. Берун баромада дидам, ки кӯдаки хурдсоли дигаре, ки низ тифли ҳамин зан будааст, аз тарс шах шуда меистад.
Кӯдакону модарашонро гирифта хона омадам. Модарам, Сурайёбону, ки пасту баланди зиндагониро бисёр дидааст, ба онҳо обу ҷурғот дод...
Дигар тамом! Баъди соате, ки сухторро 2 мошин хомӯш карданд, модару атфолаш баромада рафтанд. Ба ман раҳмат мегуфтанд. Хеле болида шудам, ки онҳоро наҷот додам...
-Ному насаби онҳоро намедонед?
-Рости гап напурсидам. Вале магар ин шарт аст? Муҳим, ки онҳо сиҳҳату саломатанд. Воқеан ҳам чун ба худ омадам, дидам, ки МуҳаммадХуршед аз гуруснагӣ гиря дорад...
-Сипос бар ту Фарзоана! Рафторат воқеан ҳам қаҳрамонии Гурдофариди таърихиро ба хотир меорад.
-Таъриф кардед...
Ва суоли охир:
-Дар Деҳлӣ бо модари худед. Тифлакони хурдсолатон низ бо шумоянд?
-Не. Кӯдаконамро холаҳояшон-Шабнаму Рӯзигул пос медоранд. Ман бо модар ба Ҳинд омадам. Зеро ин бор навбати ман буд. Мо ҳар корро бо навбат мекунем.
-Ба туву модарат аз Худои карим сиҳҳати комил ва бахти вофир таманно дорем.
-Сипоси бе ҳадд ба газетаи СССР, ки доиман бо мост. Мо ҳам Метавонем!
Аз СССР: Воқеан ҳам чанде қабл бо ибтикори хеле олиҷаноби Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба корманди газетаи Фараж, ки занеро, ки худкушӣ мекард наҷот дод, медал дода шуд. Ун зан-ку бо иродаи худ ба об мерафт, вале Фарзонаи Хуршед, ки модару тифлашро аз коми оташ наҷот додааст, оё сазовори медали ин Кумита мешуда бошад? Суоли риторикист албатта.
Ҳарчанд медали Фарзона баъди хондани ин матлаб дар дили ҳар Тоҷику Тоҷикистонӣ аллакай дода шуд...
Браво, Фарзона бо ин ҷасорати мардонаат!
Брависсимо, Сурайё бо ин гулдухтарони тарбияткардаат!!!
Мо Метавонем!