Дина шаб аз назди прокуратураи генералӣ мегузаштам, ки ҳамсафарам гуфт, илармонияаш чист? Нигоҳ кунам, ӯ сӯи Филармония дида медӯзад. Бо заҳрханд гуфтам, бесавод, Филармонияро намедонӣ? Гуфт Филармонияро медонам, вале илармонияро не! Вале агар он боз илармонияи давлатии ...очистон бошад... Дуруст нигарам дар рӯи боми Филармония чароғакҳои равшан писхандомез сӯи мо чашмак мезаданд ва ин навишта овезон буд:
...ИЛАРМОНИЯИ ДАВЛАТИИ ОЧИС...ТОН БА НОМИ АКА...АРИ...ҶУР...В
Шояд Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бошад? А, мӯҳтарам масъулини Вазорати Фарҳанги ҶТ? О, наход дар дили пойтахт номи бузургтарин муассисаи фарҳангӣ ғалат навишта шаваду шумо бе парвоед? О, масъулони чароғонии ш.Душанбе, кам-кам шабҳо ҳам гузар карда, чанд чароғеро замм кунед, то мо-пойтахтиён пеши меҳмонҳо сархаму хиҷил нашавем...
Ҷалолиддин Шамсиддин
сокини пойтахт, кӯч.Айнӣ