ХАБАРИ ДОҒ

Нуриддин Раҳмонов дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Деҳқониро дӯст медорад ва 1 луқма нони ҳалол бо арақи ҷабин ба даст меорад. Баъде, ки замин ба деҳқон тақсим карда дода шуд, аз ҷамъият қафо намонда, хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ»-ро таъсис дод. Дар боғаш тамоми намуди дарахтони мевадор ҳаст. Ҳар сол ҳосили баланди мева ба даст меорад. Бозори ноҳия ва пойтахтро бо меваҳои тару тоза таъмин мекунад. Мардуми ноҳия дар ин боғ меҳнат карда, ҳаққи меҳнати хуб ҳам мегиранд. Аъзои ин хоҷагӣ аз сардорашон хело розианд, чунки дар ҳама мушкилоти зиндагӣ ёрӣ медиҳад. Барои ҳамин дӯсташ медоранд. Аз ӯ пурсидам, ки барои шумо аз ҳамаи мукофоти баланд чӣ шуда метавонад? Бо хоксорӣ гуфт: «Эътирофи мардум! Ҳаракат мекунам, ки ба мардум хизмат кунам, дастгир бошам». Нуриддин дар баробари боғпарварӣ ба тарбияи фарзандон ҳам аҳамияти калон медиҳад. Фарзандони ин шахси хоксор ҳамаашон дорои маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ кор ва фаъолият доранд. 

Аҳтам Одинаев,

н.Ховалинг, тел: 98 558 10 09

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter