ХАБАРИ ДОҒ

Чаро қурби сомонӣ паст аст?

  • Душанбе, Янв 23 2017

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ пул қурби тиллоро дошт. Қурби сӯми бароришаш 1961 ба 0,987412 гр тилло баробар буд. Арзиши молҳо ба моли пулӣ баробар карда мешуд ва ин моли пулӣ ҳамчун андозаи арзиши онҳо амал мекард. 100 доллари ИМА тибқи қурби с.1979 ба 75 сӯму 50 тин пули советӣ баробар буд. Дар СССР 1 дона гӯгирд 1 тин, 1 дона нони нонвой 8-12 тин нарх дошт… Пули СССР аз с.1961 то соли пошхӯрии он-1991 хизмат кард. Бонкирҳо бо сардории Горбачёв ва Елсин қурби пули СССР-тилло ва ҷавоҳиротро дуздиданд. Дар бонкҳои асосӣ қурби пул хеле кам монда буд. Аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи пулҳои беқурб ба Тоҷикистон ҷамъ шуданд. Соли 1991-1994 ба 1 ҷувол пули бароришаш 1961 як нон харидан илоҷ надошт! Зеро пул қурб надошт. Эквиваленти пул-қурби он дуздида шудаву боқимондаи он дар бонкҳои Россия нигоҳ дошта мешуд. Дар Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ то с.1999 рубли тоҷикӣ амал мекард. Соли 2010 Ҳукумати ҶТ пули миллии 3, 200 ва 500 сомониро низ баровард. Барои он ки Ҳукумат пули миллиро зиёдтар чоп кунад қурби он бояд баланд бардошта шавад! Бояд кӯшид, ки дар Тоҷикистон бештар канданиҳои фоиданок, аз ҷумла, тилло истеҳсол шавад.

Тӯра Ниёзов,

деҳаи Сӯфиён, ш.Панҷакент

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter