боа кси муаллиф, Нури, Хочи Акбар!
Дуруд, ба аҳли Ихвон ал СССР! «Сулҳамон 20-сола шуд!» (СССР, №1(434) 5.01.2017) ном матлаби Ҳоҷӣ Раҷабалӣ Ҳусейнзода аз н.Шаҳринавро хондам. Дар ин ҷо 1 ҷумлаи сарбаста: - «Дар сулҳи тоҷикон Саид Абдуллои Нурӣ ӯро кидат кард», ки ишора ба Акбар Тураҷонзода аст, маро дар ҳайрат гузошт. Чуноне, ки медонем Сулҳ ташаббуси шахсии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст. Роҳбари оппозитсияи тоҷик С.Нурӣ баъди гуфтушунидҳои зиёд ба хулосае омад, ки ба сулҳ розӣ шавад. Дар сурате, ки ягон аъзои оппозитсияи Тоҷик, аз ҷумла, Акбар Тураҷонзода ҳам розӣ набуд. Агар Нурӣ Акбарро ба қавли шумо «кидат» мекард, ӯ аз хориҷа ба Ватан омада наметавонисту мансаби №1 оппозитсияро соҳиб намешуд. Манзур аз ҳисоби 30% аст. Аз ин ҷумла хулосае баровардан мумкин аст, ки шумо ҳам муҳтарам Ҳусейнзода зидди Сулҳ будаед. Сулҳи тоҷикон, ин беҳтарин дастоварди давраи Истиқлолият аст. Ҳеҷ 1 фарди Тоҷикистон барои шак овардан ба он ҳақ надорад.
Хошоков Хушвахт,
ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯл)