Дар 1 матлаби газетаи СССР хондам, ки Шоираи Раҳимҷон аз сафари кории Амрико баргашт. Ман аз ҳамон рӯзи аввал даст ба дуо мебардоштам, ки сафараш бехатар анҷом ёбаду Хӯҷаи Хизр роҳбар, дар дидаву шахси муътабар, сиҳату саломат аз Амрико баргардад. Гуфтаниям, ки аз ин сафараш хоҳари гиромии мо, Худо қувваташ диҳад, китобе албатта менависад? Бо тарзи шеъриву назмӣ. Чунки устод Мирзо Турсунзода дар даврони Шӯравӣ ба Ҳиндустон сафар карда, дӯстии халқи тоҷику ҳиндуро бо якдигар мустаҳкам карда, «Қиссаи Ҳиндустон»-ро эҷод намуд. Шоираро, Худо ёру мададгор бошад!
Нодирхон Алихонов,
узви Ихвон-ал-СССР, ш.Турсунзода