ХАБАРИ ДОҒ

Асаби хароб аз роҳҳои хароб!

  • Душанбе, Фев 13 2017

 

Чанд сол боз мардуми деҳаи Муродбахши н.Темурмалик аз роҳҳои вайрон дар азобанд. Роҳу ҷодаҳои чанд рустои дигар-Чилатош, Тошбулоқ ва Қирма низ айнан дар чунин аҳволанду мошинҳои НИВА, УАЗик ба зӯр ҳаракат мекунанд. Аз ин мушкил дар ҳукумати ноҳия ҳама дарак доранду парво на! Дар зимистон роҳкиро 20 сомонӣ мешаваду бо бору колояш 50 сомонӣ. Дар сардӣ мошин масофаи кӯтоҳро дар 1,5 соат тай мекунаду дар гармӣ 40 дақиқа. Акнун вой бар ҳоли мардуми деҳаи Қирма, ки боз чанд км дуртар ҷойгир асту хароҷоти роҳаш аз ин ҳам вазнинтар. Лек проблемаи №1 ин аст, ки занҳои ҳомила дигар наметавонанд дар вақти таваллуд мошине ёфта, то ба таваллудхона раванд. Аз сабабе, ки роҳ дар ин шабу рӯз лой асту ноҳамвор, ронандагон барои хизмат розӣ нестанд. Агар розӣ шаванд ҳам, ҳомиладор аз каҷиву ноҳамвориҳои роҳ, аз зарби ҷасту хези мошин дар нимароҳ кӯдак мепартояд…

Исматулло Собирӣ,

донишҷӯи соли 4-уми ДДҚ ба номи Н.Хусрав, тел: 985 03 80 76

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter