ХАБАРИ ДОҒ

Теғзании бачаҳои «Холдона-десант»

  • Душанбе, Фев 27 2017

Дар натиҷаи задухӯрди гурӯҳӣ 1 сокини 48-солаи н.Ҳамадонӣ ҷони худро аз даст дод. Тибқи иттилои Хайриддин Ҷаъфаров, сардори ШКД н.Ҳамадонӣ, рӯзи 16 феврал, тахминан соати 12-и нимрӯзӣ 6-тан аз сокинони ин ноҳия ба 2-гурӯҳ тақсим шуда, дар таваққуфгоҳи нақлиёти мусофиркашӣ, воқеъ дар назди бозори марказӣ, занозанӣ кардаанд. Дар натиҷаи занозанӣ, Мардов Авазхон, сокини 48-солаи шаҳраки Москваи ноҳия бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Бино ба иттилои ШКД, зӯҳри ҳамон рӯз авбошон ва қотилон, Мирзоев Умедҷони 35-сола ва бародараш Мирзоев Баҳроми 30-сола, фарзандони 1-зани дар ноҳия машҳур бо номи «Холдона-десант», ҳар 2 ҳам дар гузашта бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудаанд, Раҳимов Комрони 18-сола ва инчунин 2 тан аз гурӯҳи муқобил-Юсупов Амрохон (с.тав.1987) ва Юсупов Давлаталӣ (с.тав.1978), сокинони шаҳраки Москва боздошт шудаанд. Нисбати эшон бо моддаҳои 104, 110 ва 237-и КҶ ҶТ дар ШКД парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Аслиддин Достиев,

Кӯлоб, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter