Рӯзи 3.03.2017 яке аз ёрдамчиёни раиси маҳаллаи ЖЭУ (мкр.11) омада, мардумро огоҳӣ дод, ки касе дар пушти хона боғча (сарай) дорад, тоза кунад, зеро бо супориши раиси ноҳия ва ш.Душанбе дар ҷои боғчаҳо майдончаи кӯдакона месозанд. Баъди ин Шоҳин Исмоилов-раиси ЖЭУ бо командааш омада, дарахту кату нишастгоҳҳои мардумро аз бехаш канда партофтанд. Мо бо досту табар дарахтони соядору бордори худро, ки аз ҳамон замони бунёди биноҳо (40-50 сол пеш) шинонида будем, бурридем, то ақаллан ба хешовандонамон, ки дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд, бидиҳем. Субҳи 7.03.2017 раиси ЖЭУ бо кормандони экология, ШКД ва прокуратура омада, ҷанҷол карданд, ки «бе иҷозати мо чаро дарахтонро бурридед? Ҳоло ҳама ҷавобгар мешавед ва ҷарима месупоред!» Дарахтбурии мо бо иҷозату супориши худи онҳо сурат гирифта буд-ку?! Хуллас, ҳама кундаву шохаҳои дарахтони бурридаи моро ба мошинҳо бор карда, гирифта рафтанд. Барои мо ин нофаҳмост, ки Шоҳин Исмоилов тибқи қарори раиси шаҳр кор кард, ё моро фанд намуд? Ба ибораи дигар, амали мо ғайриқонунӣ буд, ё аз ӯ?
Мухбира Назарова ва 6 нафар сокинони
кӯч.М.Шерализода-16, н.Сино, тел: 918 61 18 24, 918 24 83 29