Салом СССР! Чанд соли охир намозхонони шаҳру вил.Хатлон дар бораи иваз кардани домуллоҳои масҷидҳо чандин бор хоҳиш карда навиштанд. Инчунин дар газетаи СССР низ бо ин мазмун матлабе чоп шуда буд. Аммо на аз тарафи қозиёти ҷумҳурӣ, на аз тарафи қозиёти шаҳру вилоят ягон чорае дар ин самт дида нашуд. Ҳар 1 шаҳрванд медонад, ки баъзе домуллоҳои муҳтарами мо аз пушти вазифа хешутаборбозию маҳалгароӣ, порахӯрӣ мекунанд. Баъзе домуллоҳои дар хориҷа (Афғонистону Покистон) хонда омада дар масоҷид домуллоӣ доранд. Наход ин барои қозиҳои шаҳру вилоят ягон аҳамият надошта бошад? Аз ахбороти оммавӣ медонем, ки аз Тоҷикистони азизи мо қариб 1000 нафар дар ҷанги Сурия иштирок доранд. Ба ин ҳама нуқсонҳо ва камбудиҳо фақат домуллоҳо гунаҳгоранд, зеро онҳо метавонистанд, ки садди роҳ шаванд, аммо накарданд!!! Аз фурсат истифода бурда аз қозиёти ҷумҳурӣ хоҳиш мекунам, ки домуллоҳои шаҳру вилоятро иваз кунанд.
А.Ризоев,
н.Бохтар, ҷамоати Заргар