ХАБАРИ ДОҒ

Осори нубуввату вилоят адаб аст,
Не фаҳшу сабу, на кинаву не ғазаб аст.
Дин исмат дорад, эй харон, фоҳиша нест,
Дашном каромати кадомин ҷалаб аст?

Бедил

«Харони ҷалаб»
Зумрае аз мардум ҳаст, ки ТВ ва мақомотро айбдор мекунанд, ки гӯё зидди Ислом ҷангидаву ҳар замон муллоҳои фосиқро ба маъраз мегузорад. Аммо ба сабтҳо таваҷҷӯҳ кардаву бо чашми сар бинед, ки воқеан ҳам ин «муллоҳои саллаву ришкалон» ФОСИҚАНД, ЗИНОКОРАНД, ҒАРАНД ва ба хоҳару модари мо  дастдарозӣ мекунанд. Ана ҳамин фосиқони зинокор, ки иснод ба Худову Расул ва Кутуби Худову Мазҳабу Дини поки Ислом овардаанд, тибқи қонунҳои шариат бояд муҷозот шаванд. Яъне онҳоро сангсор бояд кард! Танҳо бо ҳамин метавон пеши роҳи ин раванди номатлубро гирифт. Зинҳор ба муллоҳо бовар накунед! Зеро дар ягон асру давр исбот нашудааст, ки бенаслӣ (бесплодие)-ро тавассути дуо метавон рафъ кард. Мутаассифам, вале ба назар мерасад, ки «харони ҷалаб» (истилоҳи Бедил, на ман) дар давлати мо рӯз то рӯз меафзоянд. Чунки мо дар асри 21, наранҷед, ҷамъияте мисли хар шудаву ба ҳар воизу мулло, ки 4 ҳарфи каҷалаи арабиро мисли Мулло Нусрат гуфт, «эмон» меорем. Бехабар аз оне, ки чунин эмоноварӣ, дар назди Худованд ШИРК аст!!!

 Мулло Нусрати 12-ҷина!
Ҳафтаи гузашта бахши матбуотии ВКД ҶД аз боздошти "Мулло Нусрат" (Нусратулло Давронов)-сокини 46-солаи ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) бо иттиҳоми мардумфиребӣ ва фосиқиву амалҳои шаҳвонӣ хабар дод. “Нусратулло Давронов (с.тав.1972)-сокини ҷамоати деҳоти Ориёни н.Кӯшониён дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо роҳи макру фиреб, сеҳру ҷоду, дуохониву ҷинбарорӣ ва бахткушоӣ нафарони зиёдеро, ки ба ӯ эҳтирому эътиқод доштанд, ба доми худ кашидааст. Ӯ бо инсонҳои солеҳ рафтуомад надорад ва аз дини мубини Ислом ҳам бархӯрдор нест”-мегӯяд ровӣ дар ин гузориши худ. Давронов, ки қаблан ҳам суд шудааст, худро дар чашми мардуми содаву хурофотӣ муллои дуохону ҷинбарор муаррифӣ карда, аз муштариёнаш пул меситонд. Нусратро маъмурони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили РКД вил.Хатлон бар асоси шикояти занони корафтода ва бо иттиҳоми бадахлоқии шаҳвонӣ нисбати онҳо дастгир карданд. Худи "Мулло Нусрат" эътироф мекунад, ки ягон навъ таҳсилоту маълумоти оливу миёнаи динӣ надорад, балки бо амри ҷинҳояш амал мекунад ва 6 бор издивоҷ карда, аз ҳамаи ҳамсаронаш ҷудо шудааст:
"Ман аз соли 2003 ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду вобастаам. Таълимоти динӣ надорам, омӯзиш гирифтагӣ нестам. Касал шудагиам, ҷин дорам. 12-то париву ҷин дорам. Аз сабабе аз занҳо ҷудо шудем, ки ҷинҳоям маро намемонанд”.
"Мулло Нусрат" қаблан 4 маротиба бо моддаҳои зерин суд шудааст: 138-таҷовуз ба номус, 244-дуздӣ, 147-вайрон намудани дахлнопазирии манзил, ки низ ҳамон дуздист. ВКД мегӯяд, ҳатто 4 ҳукми суд ҳам натавонист ин мардро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад ва ӯ ба ҷои сабақ гирифтан, баракс боз ба мардумфиребӣ идома дод. "Мулло Нусрат" ошкор ва мардона мегӯяд, ки ягон бор на намоз хондаву на боре саҷда ба Худованд кардааст:
"Ман ягон бор намоз нахондаам ва Худоро саҷда кардагӣ нестам. Ҳамон шайтонанд, ҷинанд, чианд, ки бо ҳамонҳо сарукор дорам.”
Айни ҳол прокуратураи вилоят бар зидди "Мулло Нусрат” бар асоси моддаи 142-юми Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқӣ нисбат ба зани ноболиғ делои ҷиноятӣ оғоз карда, шояд 5 сол суд шавад.
Фосиқии Нусрати ҷинбарор барои ҷамъияти мо нафари аввал нест ва қаблан дафтари матбуотии мақомоти қудратӣ аз боздошти даҳҳо чунин соҳирони дӯзахӣ хабар дода буд. Дар интернет ҳоло ҳам чандин видеоролики оид ба бадрафтории рӯҳониёни дамзану ҷинкуш дар чархиш аст, ки «Фосиқе аз Лолазор» (www.facebook.com/photo.php?v=1434179033537216&set=vb.100008353992758&type=2&theater) аз ҷумлаи онҳост. Ин навор ҳам аз 1 зинокории муллое ба ном «тӯморбанд ва қасидахон»-Асомиддин Бобоҷонович Саркоров (с.тав.1964, аз н.Фархор) қисса мекунад, ки қаблан СССР дар ин хусус навишта буд.

Занҳоятонро пеши инҳо (ва умуман муллоҳо) набаред!
Дар зер феҳристи муллоҳои зинокорро меорем, ки дар чанд соли охир бо кӯшиши мақомоти қудратӣ фош ва боздошт шудаанд:
1.Ризоев Маҳмадраҷаб Назрихӯҷаевич, сокини кӯчаи Борбади ш.Турсунзода;
2.Холов Иброҳим Исмоилович, зодаи н.А.Ҷомии вил.Хатлон, собиқ имомхатиби масҷиди ҷомеъи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи н.Рӯдакӣ;
3.Ҳусайнов Сироҷ, зодаи н.Вахши вил.Хатлон, воизи 1 масҷиди ҳамин ноҳия;
4.Асадулло Тӯйчиевич Каримов, имомхатиб ва муаззини масҷиди 5-вақтаи деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондараи н.Панҷакент.
Ин ҳама ба ном «мулло»-ҳо бо зинову дастдарозӣ ба занон мушкили онҳоро «мекушодаанд». Дар асл, ҳамон «харони бедилиянд», ки ба таъбири Ҳофиз, чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд. Вале ин ва дигар наворҳои интернетӣ ягона фошкунандаи фосиқоне нест, ки пушти номи Исломи Ноб пинҳон гардидаву аъмоли зиддиахлоқӣ бо Модарони мо мекунанд!

Интригаи мулло Собир
Пайдо шудани навори охир дар бораи Мулло Нусрати кӯшониёнӣ дар мавридест, ки 5 сол пеш (27.05.2013) Рустам Комилов, муфаттиши додситонии минтақаи Кӯлоб зидди Собир Гиёев-сокини н.Восеъ бо гумони издивоҷ бо 1 ноболиғ, хонандаи синфи 7, дело боз карда буд. Мулло Собир, ки пеш ба Донишкадаи исломӣ дохил шуда, дар соли 2-уми таҳсил бинобар иштирок накардан дар дарсҳо хориҷаш кардаанд, саъбтарин гуноҳи исломиву инсониро содир кард:
Ӯ ба зане издивоҷ кардаву сипас 2 духтари он занро, ки автоматӣ ба онҳо ҳукми падарӣ ҳам дошт, ба никоҳи худ даровард…

Муллои ҷодугар
Аз ҳама ролики даҳшатофару сенсатсионӣ 17.09.2013 дар интерет пайдо шуда буд, ки «муллои ҷодугар» Асадулло Иброҳимов бо зинокорӣ ба даст афтид. Ин навори «муллои ҷодугар» тайи чанд ҳафта аз телефон ба телефон мекӯчид. Дар он саҳнаи “табобат”-и ӯ ва фарзанди яке аз муллоҳои номии ҷануби шарқии кишвар сабт шуда буд. Ин ҳама фосиқон фарзандони алломаву шайху домуллоҳои пурнуфузанд, на одамони тасодуфӣ!!! Дар он навор мулло бо қироати сураҳои Қуръон занро гӯё муолиҷа мекунад. Вале ин табобат бештар хислати секс дошт, на табобат. Баъди пахши навор ВКД аз боздошти мулло А.Иброҳимов хабар дод. 2 моҳ баъд, 24.10.2014 суди н.Сино ӯро зери моддаҳои 139, қисми 2, банди "а" (“Амалҳои зӯроварии характери шаҳвонӣ дошта”) ва моддаи 247, қисми 2, банди "а" (“Қаллобӣ”) ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум ва ба маблағи 14.600 сомонӣ ҷарима баст. Ох, как метарсам, ки дар зиндон низ зани ягон соддаи дигареро «табобат» накунад…
Гирифтам ҳазрати мулло турушрӯст,
Нигоҳаш мағзро нашносад аз пӯст,
Агар бо ин мусалмонӣ, ки дорам,
Маро аз Каъба меронад, ҳақи ӯст.

Муҳаммад Иқбол


Шаҳрзоди Амин
Муллошиноси СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter