Хуб шуд, ки дар роҳҳо камераҳои мушоҳидавӣ гузоштанд, вагарна садҳо садама сар мезад. Гоҳо шикояти ронандагон оид ба он ки ӯро корманди БДА боздоштааст, шунида мешавад, ҳатто нисбати ГАИшникҳо суханони ноҷо низ мегӯянд, лек боре намеандешанд, ки ӯро беасос ҳеҷ гоҳ манъ намекунад. Аз сӯи дигар агар онҳо намебуданд, кӣ медонад, чӣ хараҷу мараҷе дар роҳҳои мошингард рух медод ва касе сари калобаро намеёфт. Ин ҷо гап сари нуқтаҳоест, ки аломати “гузаргоҳи пиёдагард” гузошта шуда, вале онро на ҳама ронандагон риоя мекунанд. Ҳатто ҳини гузаштан ба ҷои роҳ додан ба пиёдагард, ронандагон бо садои гӯшхароши сигнал ба пиёдагардон таҳдид мекунанд. Аксари онҳо маданияти ронандагиро надоранд. Агар ҳар 1 ронанда курси пурраи ронандагиро аз бар мекарду бо заҳмату дониши худ соҳиби шаҳодатнома мешуд, шояд чунин ҳолатҳо рух намедод. Аз сӯи дигар аксари ронандагон ҷавонанд, ки баъди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия соҳиби мошин шудаанд.
Назари Наврӯз,
хабарнигори мардумии СССР, ш.Душанбе