Дар ин ҷанг ваҳшигариҳое одамон содир карданд, ки таърих чунинашро то ҳол надида ва нашунида буд. Дар Душанбе аз рӯи нақли хешу таборон ва ёру дӯстон маълум мешавад, ки мухолифон фармуданд, ки мардонро ахта кунанд. Духтурони даҳонбаста мардон, ҷавононро ахта мекарданд. Зану мард, духтару писаронро пӯст мекарданд, зинда ба зинда мегӯронданд, одамонро оташ мезаданд, то ҳатто кӯдаконро мепаронданд. 7 соли Уран дар Тоҷикистон ба кушокушиҳо, азобу шиканҷаҳои байниҳамдигарӣ давом карда буд. Мо 3 нафар, худам, Ҷанобилов Ҳакимҷон ва коркуни вазорати маориф Файзиев апрели соли 1991 аз дасти мухолифон қариб буд, ки дар наздикии театри Опера ва балети ба номи С.Айнии ш.Душанбе кушта шуда будем. Онҳо бисёрӣ буданду мо 3 нафар. Барои зинда монданамон шукр, лек ман маъюб шуда мондам. Аз ин рӯ, ҳодисаву воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро, алалхусус шоҳидони зинда, қалам ба даст гирифта, нависанд. Таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба насли имрӯзаву оянда дарсу намунаи ибрат хоҳад шуд.
Тӯра Ниёзов,
деҳаи Сӯфиён ш.Панҷакент