Дар ҷомеаи кунунӣ занонеро мебинем, ки либосҳои сиёҳи арабӣ доранд ва он гӯё сатр бошад. Аммо гоҳе ҳамин сатрпӯшонро дар боғ афтода ба оғӯши писаре мебинӣ, ки нафрати кас ба онҳо меафзояд. Болои ин нохунҳояшон дарозу рангзада, бо овози баланду алфози қабеҳ сухан мегӯянд. Ин аст, ки ҳоло сатрпӯшҳо дар рӯйхати сиёҳ қарор доранд, зеро баъзе аз онҳо сатрро чун ниқоб истифода мебаранд. Заноне низ ҳастанд, ки сатру ҳиҷобро на ба хотири дину эътиқод, балки бо аҳдофи дигар сару рӯйро печида, ба амалҳое даст мезананд, ки комилан хилофи дин аст. Ҳарчанд наметавонем бигӯем, ки сатр мапӯш, зеро ин ҳаққи ӯст, лек мутаассифона, номи занро доғдор месозанд.
Меҳрона Салимзода,
донишҷӯи курси 3-и факултаи журналистикаи ДМТ