ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Март 19 2020

   Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Федератсияи Россия ва қатъ гардидани парвозҳо дар баъзе хатсайрҳо хабар медиҳад, ки бо мақсади  пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нав-СOVID-19 Ҳукумати Федератсияи Россия қарор қабул намуд, ки аз 18 марти соли 2020 то 1 майи соли 2020 вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро ба ҳудуди худ муваққатан манъ намояд.

Гуфта мешавад, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки аз гузаргоҳҳои транзитии фурудгоҳҳои Федератсияи Россия мегузаранд ва ё ба Федератсияи Россия вобаста ба вафоти хешу табори наздик сафар менамоянд, татбиқ намегардад.

Дар асоси қарори қабулгардидаи Ҳукумати Федератсияи Россия, вуруди мусофирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд, муваққатан манъ карда шудааст. Ин амал ба он оварда расонидааст, ки шумораи мусофироне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия тариқи нақлиёти ҳавоӣ бояд сафар мекарданд, кам гардида, ба ин васила ширкатҳои ҳавопаймоии ҷонибҳо як қисми парвозҳои хатсайрҳои худро муваққатан қатъ карданд. 

Дар робита ба ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд чиптаҳои ҳавопаймоии худро, ки қаблан дастрас намудаанд, ба муҳлати дертар аз 1 майи соли 2020 иваз намоянд, ё ин ки метавонанд аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, ки чиптаҳои ҳавопаймоиро дастрас намудаанд, маблағи пардохтнамудаи худро бозпас гиранд.

Дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё мушкилот шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 222-22-36, 222-22-39, 222-22-35, 222-22-43 бо мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ дар тамос шаванд.

 

 

 

 

Чоршанбе, Март 18 2020

 

4.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 10:46 дақиқа. Ба назди терминали истгоҳи Гулистон рафтам, то “Сity cart” дастрас намоям. Ҳол он ки дастрас намудани “Сity cart” аз терминалҳо айни ҳол барои мо сокинони шаҳри Душанбе хело душвор шудааст. Аҷиб аст, ки мардум пул медиҳаду саргардон аст. Мефаҳмам, агар “Сity cart” арзон, ройгон ё ақаллан имтиёзнок бошад. Пул медиҳем, вале карта нест. Инро чӣ хел фаҳмем? 

Бо чанд сокини пойтахт ҳамсуҳбат шудам. Маълум гашт, аз сабаби сари вақт дастрас накардани корти нақлиётӣ -“Сity cart” аз кор ва дарс дер мемонанд.

Сокини ш. Душанбе бо номи Фарибон зимни сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, ки дастрас намудани  “Сity card” барои мо ҷавонон хело душвор аст, бахусус дар рӯзҳои боронӣ ҳолатҳое мешавад, ки терминалҳо кор намекунанд. 

Ҳамсӯҳбати дигари мо донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода Азизи Муйин низ чунин ибрози ақида намуд:

   -Санаи 26.02.2020, соати 16:10 дақиқа ба автобуси хатсайри №2 савор шудам. Пеш  аз дохил шуданам доду ғавғои мардум гӯшамро харошид. Ҳайрон шуда, дохили автобус шудам. Дар дохили автобус  1 волонтёр ба ҳар мусофири саворшуда, дағалона муносибат намуда, мардумро маҷбур менамуд, ки “Сity card”-и дар дасташ бударо бихаранд. Дар ин ҳолат бисёре аз донишҷуён гуфтанд, ки ҳоло мо дар даст ҳамагӣ 1 сомонию 40 дирам дорем, чӣ кор кунем, пиёда ба хонаамон равем? Ин  волонтёр, ки таъби ҳамаро хира карда, худ шоҳу табъаш вазир буд,  то ҳадде бадахлоқ ҳам менамуд. Фарзи мисол, 1 зан дохили автобус шуд, волонтёр дод зада гуфт, ки зудтар корт харад, вагарна ронанда вайро аз дохили автобус берун хоҳад кард. 

Ман ба наздаш рафтаму худамро муаррифӣ намудам. Гуфтам хабарнигори СССР мебошам ва ин рафторатон аз рӯи қонун нест. Волонтёр ба мисли ҳавопаймо аз дохили автобус парида нопадид гашт. Пасон аз ронанда пурсидам, ки ин чӣ гап аст? Чаро ба ин волонтёр касе чизе намегӯяд? Ронанда дар ҷавоб гуфт:

 -Волонтёрон сари моро аллакай гаранг кардаанд, чӣ кор кунем, ки ҳар рӯз бо ҳамингуна бадахлоқон рӯ бу рӯ мешавем.

Мусофирони азиз! Агар зимни сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ бо чунин волонтёрони ҷавони дағал вохӯрдед, ҳатман аз чунин бархӯрди онҳо ба шӯъбаи нақлиёти МИҲД ш.Душанбе, ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва газетаи мардумии СССР шикоят кунед. Мо онҳоро ба хари худашон мешинонем. Мо Метавонем!

 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

Ҷумъа, Март 13 2020

   Бояд гуфт, ки то 12.03.2020 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба  карантин фаро гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

   Дар робита ба пешгирӣ аз хуруҷи корнавирус Намояндагии барномаи USAID дар ҶТ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти  муҳофизати шахсӣ тақдим намуд. Маводи тақдимшуда аз ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ иборат буда, ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии кишвар хабар медиҳад, Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати номбурда ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, хусусан ба барномаи USAID, ки яке аз шарикони стратегии  вазорат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, миннатдорӣ баён намуда, афзудааст, ки то имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нишонаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. 

  - Вале тавре мегӯянд, “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”. Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар  дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона намуда истодаанд, - таъкид доштааст муовини вазир.

 

Ҷумъа, Март 06 2020

   Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони мамлакат муроҷиат намуда, таъкид медорад, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд. 

   Дар баёнияе, ки вазорати мазкур рӯзи 5.03.2020 нашр намуд, гуфта мешавад, ки мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.

   Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар дохили мамлакат 1,4 млн. тонна, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ) тибқи ҳисобҳо тахминан ба 1,5 млн тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 132 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсол ва воридоти равғани растанӣ соли 2019 то 120 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тонна зиёд шуд.

   Соли 2019 истеҳсол ва воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 11 ҳазор тонна зиёд ва тухм ба 766 млн. дона баробар гардид (аз ҷумла 726 млн дона истеҳсоли дохилӣ ва 40 млн дона воридот), ки нисбат ба соли 2018 281 млн. дона афзоиш ёфтааст.

   Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо инчунин зикр карданд, ки «овозаҳо оид ба манъи воридот асос надоранд. Зеро ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон соли 2019 нисбат ба соли 2018 106,3 фоиз, аз ҷумла моҳи январи соли 2020 нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 120 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи воридоти маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳаҷми умумии воридот аз Чин ночиз, яъне ҳамагӣ 0,3 фоиз аст, чунки маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд».

 

 

Панҷшанбе, Март 05 2020

    Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус  нашр мешаванд, ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуда, танҳо чораҳои пешгирии он  рӯз то рӯз пурзӯр карда шуда истодааст. 

    Роҳандозии чораҳои пешгирикунанда аз сирояти ин беморӣ набояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки  танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

    Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки  оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти воқеиро расонанд.

    Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

    Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ  тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд.  Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан бештар меваҷоту сабзавот истеъмол намоянд. Инчунин дар ҷойҳои серодам камтар гашту гузор намуда  ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода намоянд. Ҳамзамон як муддат  аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, бӯсобусӣ намудан худдорӣ намоянд.

    Айни замон шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар-Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

 

 

Панҷшанбе, Март 05 2020

   Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки дар ҶТ намояндагӣ доранд, тақозо кардааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии короновирус фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ба шаҳрвандони бархе аз кишварҳои бештар аз коронавирус сироятёфта, муваққатан манъ намоянд. 

   Тибқи мактуби нави Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост шудааст, ки фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои парвози ҳавопаймоҳо ба самтҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва ба мусофироне, ки аз кишварҳои зикргардида нияти сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, муваққатан манъ карда шавад. 

 

 

 

 

саҳ 37 аз 156

Китобҳо

Flag Counter