Қарор аст, ки дар Суғд пардохти хизматрасониҳои тиббии пулакӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Гуфта мешавад, ки амалиётҳои пардохтӣ дар ин самт аз ҷониби Бонки давлатии Амонатбонк анҷом дода мешавад. Ба таъкиди масъулини раёсати тандурустии вилоят алакай дар чанде аз бемористонҳои Суғд терминалҳои махсус барои пардохти хизматрасониҳои тибби музднок насб гардидаанд.
Дар робита ба ин масъала Маъруфҷон Абдураҳмонов, Мудири бахши механизми нави маблағгузории Раёсати тандурустии вилояти Суғд, зимни нишасти хабарии сардори ин раёсат иттилоъ дод. Номбурда мегӯяд, набудани терминалҳо дар ҳама муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз мушкилиҳои асосиест, ки сокинон наметавонанд, дар ҳама бемористонҳо хизматрасониҳои пулакиро тариқи ғайринақдӣ анҷом диҳанд.:
- Аз соли 2019 ин иқдом амалӣ шуда истодааст. Агар бонк дар семоҳаи соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои тиббии системаи давлатии тандурустӣ терминалҳои худро барои пардохти хизматрасониҳои пулакӣ насб кунад, сокинон имкон доранд, пардохтҳои пулакии тибиро тавассути корҳои пластикӣ анҷом диҳанд, гуфт Абдураҳмонов.
Дар ҳоле, ки бино ба таҳлилҳои оҷонсии зидди фасод дар кишвар соҳаи тандурустӣ аз соҳаҳои фасодзада маҳсуб мешавад, таҳлилгарон мегӯянд, ба таври пурра ба роҳ мондани ҳамаи намуди пардохтҳои хизматрасонии тиббии музднок, то ҷое барои ҷилавгирӣ аз омилҳои порагирии кормандони тиб мусоидат мекунад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Суғд 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонидашуда ва 247 муассисаи хусусӣ фаъолият дорад
Ҷаҳонгир Мирсалимов
Махсус барои СССР
Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе дар робита ба аз фаъолият дар пойтахт баровардани автомашинаҳои сабукрави соли истеҳсолашон то 2014, хосса таксиҳо афзд, ки ин амал бо ибтикори Вазорати нақлиёти ҶТ сурат гирифта, ҳанӯз қарори аз байн бурдани онҳо мушаххас нест.
-Айни ҳол таксиҳо дар ҳолати омӯзишӣ қарор доранд. Шояд баъдан қисми дар ҳолати хуб қарор доштаашонро монанду, қисми дигарашро барои ҳаракати байни ноҳияҳо роҳандозӣ намоянд. Эҳтимол аст, ки ин автомашинаҳоро аз хатсайри кӯчаҳои марказӣ бароварда, ҳаракати онҳоро дар дар дигар кӯчаҳо иҷозат дода шавад. Барои таъмин кардани ронандаҳо бо ҷойи кор чораҳо меандешанд. Бо вориди таксиҳои нав ронандаҳо метавонанд бо ҷойи кори нав таъмин шаванд, - иброз дошт мавсуф.
Инчунин дар нишаст, роҷеъ ба автомашинаҳои сабукраве, ки дар хатсайрҳои №№ 8, 3 ба хизматрасонии таксиҳо 5 сомонӣ-“нелегалӣ”машғуланд саволҳо пешниҳод шуд, ки чаро ин таксиҳо то ҳол ҳаракат мекунанд, намешавад, ки инҳо ҳамчун 1 таксӣ ё нақлиётии ҷамъиятӣ расмӣ шаванд. Муовини раиси ш.Душанбе вобаста ба ин суолҷо посх дод, ки ин масъала чандин бор мавриди барасӣ қарор гирифта, шаҳрдорӣ фаъолияти чандин чунин таксиҳоро қатъ намудааст.
-Аксари ронандаҳои ин автомашинаҳо сокинони пойтахт нестанд. Барои ҳалли ягон мушкилӣ, меҳмонӣ ё зисти муваққатӣ аз дигар ноҳияву деҳот, ҳатто аз н.Мурғоб низ ба шаҳр меоянд. То аз шаҳр рафтанашон онҳо дар ин ҷо чанд рӯз кор мекунанд. Мо барои 1-2 рӯз мондани онҳо наметавонем ҳаракати нақлиёти онҳоро ҳамчун таксиҳои расмӣ имзо кунем, гуфт ӯ.
Ситора Сафарова, СССР
Соли 2017 1 гурӯҳи кории ҳукумати ш.Душанбе якҷоя бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Комиссияи байниидоравӣ ташкил гардида, дар натиҷаи кори он маълум шуд, ки дар пойтахт 273 хонаҳо-биноҳои баҳснок вуҷуд доранд. Ин биноҳо нимсохт, аз ташхис нагузашта ва бе иҷозатнома буда, бо ташкили Комиссия то ба имрӯз 194 бино аз ташхиси давлатӣ гузаронида шуда, 79 адад мондаанд, аз ин шумора 20-тоаш дар барасӣ қарор доранд. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе нақшаи дурнамои тахриби биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ менамояд. Дар ҳудуди заминҳои ба пойтахт аз ҳисоби заминҳои н.Рӯдакӣ воридшуда мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи ш.Душанбе сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо ба нақша гирифта шудаанд,- афзуд М.Зувайдзода.
Ситора Сафарова, СССР
Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунанда вазифаи раиси ш.Бохтар ба суоли мухбири минтақавии газетаи СССР дар вилояти Хатлон дар бораи эҳёи корхонаҳои аз кор мондаву иншоотҳои бекор хобидаи шаҳр афзуд, ки айни ҳол эшон аз майдони сохтмони иншоотҳо ва он ширкату корхонаҳои хурду бузурге, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз мондаанд, дидан намуда, таҳқиқ ва таҳлил дорад.
- Мо ҳатман талош мекунам, ки онҳоро дубора эҳё кунем, ҳоло бубинем, ки онҳо дар кадом ҳолатанду вазъияти молиашон чӣ гуна аст. Онҳоеро, ки таҷдид кардан имконпазир аст, ҳатман ба кор меандозем, иброз дошт Сиҷоуддин Саломзода.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар даромадгоҳи шаҳри Леваканд манораи «Эйфел» қомат хоҳад афрохт. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Заррина Давлатзода, раиси ин шаҳр хабар дод.
Тавре Заррина Давлатзода қайд намуд, айни замон дар ҳудуди ин шаҳри саноатӣ беш аз 20 корхонаҳои хурду бузург фаъолият менамоянд, аммо фаъолияти онҳо ҳукумати шаҳру вилоятро қонеъ намегардонад.
СССР
Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе рӯзи гузашта зимни баргузории нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон афзуд, ки чойхонаи «Роҳат», ки дар мавриди тахрибу барканор карданаш овоза зиёд аст, дар ояндаи наздик тахриб нахоҳад шуд.
- Дар хусуси тахриб ва ё ба ҷойи дигар кӯчонидани чойхонаи «Роҳат» ҳанӯз тасмиме рӯи кор наомадааст ва феълан он ба фаъолияти худ идома дода истодааст. Аммо бояд бигӯям, ки биноҳои ҳамшафати он, аз ҷумла бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе, ки айни замон мо дар он кор карда истодаем, тахриб хоҳад шуд, таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар