КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли 2019 ба 46 110 ҳавопаймо хизмат расонидааст, ки он новобаста аз кам шудани парвозҳои транзитӣ натиҷаи қаноатбахш ба ҳисоб меравад.
Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд, зимни суханронии хеш дар ҷаласаи ҷамъбастӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаригардида, Лоиқ Ашуров, директори генералии корхона таъкид намудааст, ки тӯли соли гузашта таваҷҷӯҳ ба муҷаҳҳаз кардани корхона бо технологияҳои пешрафта, дастгириву пешбарии мутахассисони ояндадор, ташкилу баргузории курсҳои таълимии давомдор ва такмили ихтисос низ бештар будааст.
СССР
Дар соли 2019 дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 693 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардида, ба 81231 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида шудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти вазорати марбута иттиллоъ медиҳад.
Сар аз имрӯз, 8.01.2020 хатсайри нави автобусии №20 (маҳаллаи Пахтакор- собиқ мағозаи Волга) (ДОК) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои Борбад, Шестопалов, Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, Ҷ.Икромӣ, Бухоро, М.Турсунзода, Беҳзод, Д.Халқҳо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКИА», ки пардохти ҳаққи роҳкиро дар онҳо тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст, истифода баранд.
Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар арафаи фарорасии соли нави милодии 2020 маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии КВД "Сохтмони манзили дастрас", воқеъ дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраевро мавриди истифода қарор дод.
Бояд гуфт, ки сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз соли 2013-ум оғоз гардида, вале бо сабабҳои гуногун кашол ёфта буд. Шурӯъ аз моҳи апрели соли 2018-ум бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ корҳои сохтмонӣ аз нав вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷониби КВД “Сохтмони манзили дастрас” бунёди 7 бинои 16 ошёна, 2 бинои 18-ошёна ва 1 бинои 20-ошёна дар муддати начандон тулонӣ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Тибқи маълумоти масъулин «Шӯрои нозирон”-и корхона, ки бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳр моҳи апрели соли 2018-ум таъсис дода шуд, ҷиҳати ҳалли саривақтии ҳамагуна мушкилот дар раванди корҳои сохтмонӣ нақши муҳим бозид.
Ба ҳайати “Шӯрои нозирон” намояндагони Раёсати сохтмони асосии шаҳр, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашии САНИИОСП”, дигар сохторҳои марбута ва худи саҳмгузорони манзилҳои истиқоматӣ шомил буданд. Корҳои сохтмониро дар иншоот бинокорони 10 ширкати соҳибтаҷрибаи сохтмонӣ, азҷумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Нури Шамс”, “Иқлими соф”, “Саймо”, “Фарзин-7”, “Агротехстрой”, “Ҳоҷӣ Ёқуб” ва дигарон дар асоси нишондодҳои лоиҳа бо истифода аз масолеҳи балансифат марҳила ба марҳила иҷро намуданд.
Дар 10 бинои навбунёд 850 оилаи касбу кори гуногун соҳиби манзилҳои зисти замонавию барҳаво гардиданд. Аз ин шумора 470-адади онро манзилҳои якҳуҷрагӣ ташкил медиҳад, ки ба 55,5 дарсади шумораи умумии хонаҳо рост меояд. Боқимонда аз 318 манзили дуҳуҷрагӣ, 51-манзили сеҳуҷрагӣ ва 8 манзили чорҳуҷрагӣ иборат аст. Масоҳати умумии хонаҳо дар маҷмуъ 54 ҳазору 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
3 нафар кормандони ширкати IRS имрӯз, 2.01.2020 бар асари фаромадани тарма дар километри 63-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ зери тарма монданд. Хушбахтона, ҳар 3 нафар аз зери тарма бароварда шуда, вазъи саломатиашон хуб аст.
Тавре маркази матбуоти ширкати номбурда хабар медиҳад, айни замон шоҳроҳи мазкур, ки пойтахтро бо шимоли мамлакат мепайвандад, барои ҳаракати ҳар гуна нақлиёт баста шудааст. Гуфта мешавад, ки кормандони ширкат дар километри 55-уми ин шоҳроҳ мусофирон ва ронандаи мошинеро, ки зери тармаи паҳноияш 6 метру баландиаш аз 20 метр боло монда буданд, наҷот додаанд.
Аз 1.09.2020 музди меҳнати кормандони буҷавӣ, нафақа ва кӯмакпулӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 % зиёд хоҳад шуд. Ин нуқта дар Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар, ки рӯзи 26.12.2019 ироа гардид, садод дод.
Бояд гуфт, ки тибқи гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон маоши кормандони мақомоти қудратӣ низ 10 % боло рафта, кӯмакпулии маъюбони синашон аз 18-сола поён, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд, то 50 % меафзояд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар