Дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 15-16 июни соли ҷорӣ пойтахти кишварамон-ш.Душанбе баргузор мегардад, бозори «Корвон»у маркази савдои «Садбарг» ва дигар мағозаву марказҳои савдое, ки бо фурӯши сарулибосу ашё сарукор доранд, баста мешаванд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар ҳукумати ш.Душанбе хабар доданд, фаъолияти бозорҳои хӯрока, амсоли «Саховат»-у «Деҳқон» ва «Меҳргон» тибқи реҷаи муқаррарӣ сурат гирифта, ба хотири ғановати дастархони сокинон ин бозорҳо кор мекунанд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ба диққати шаҳрвандон, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё, ки 14 ва 15 июни соли 2019 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Аҳмади Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Н.Ганҷавӣ ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то километри 21-ум назди истироҳатгоҳи «Кохи Малика» манъ карда мешавад.
Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе бо ҳамин сабаб ба сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки дар санаҳои 14-15-уми июни соли ҷорӣ безарурият аз ташриф ба ҳудуди пойтахт худдорӣ намоянд. Ҳамзамон аз сокинони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории ин ҷаласаи муҳими байналмилалӣ дар кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт танҳо автобусу троллейбусҳо фаъолият хоҳанд кард.
Бояд қайд намуд, ки айни замон аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё 27 кишвари қитъаи Осиё буда, 8 кишвар ва 5 созмони байналмилалӣ ба ин Форум ҳамчун нозир узвият доранд. Дафтари марказии ин Форум дар ш.Нур-Султон (Остона) мустақар аст.
Чанд рӯзе пеш бар асари боронҳои пайдарҳам ва омадани селу лой ба Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ 220 хоҷагӣ пурра ва 80 хонаи дигар қисман зарар дида, 5 хонаи дигар хароб шуд. Масъулони ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия гуфтанд, ки бар асари омадани сел сокинони 3 ҷамоати ноҳия қисман ва сокинони Ҷамоати деҳоти Гулистон бештар зиён диданд. Ҳоло корҳои барқароркунӣ, ба гуфти сокинон, идома дорад.
Шаби 2.06.2019 дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Қизил-қалъа»-и н.Хуросони вилояти Хатлон аз бедодии сел 1 нафар фавтида, беш аз 25 хоҷагӣ валангор шуд. Мухбири СССР аз ҷои ҳодиса дидан намуд. Сел ҳамчунин хонаҳои мардум, иншоотҳои хизматрасонӣ ва заминҳои кишоварзиро хароб кардааст. Дар ҷои ҳодиса раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Ҳаким, раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло ва муовини вазири МЧС низ қарор доштанд ва ба сокинони осебдида ваъда доданд, ки дар муддати кӯтоҳ кӯмак хоҳанд кард. Кормандони идораи суғуртаи ноҳия низ хона ба хона гашта, аз сокинон пурсид, ки ҳар нафаре агар хонаашро суғурта карда бошад, зарарҳоро пардохт хоҳанд кард. Чунин сели шадид 4 сол қабл ҳамин деҳаро валангор карда, ҷони чанд нафарро бурда буд.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Бо гузашти 2 рӯз аз офати табиӣ, дар деҳаи Рӯзи обноки ҷамоати деҳоти Ёрии ш.Панҷакент ва зери селоба мондани 2 нафар, ҷасади Раҳмонов Рӯзимуроди 38 соларо то ҳол пайдо накардаанд.
Баъди нисфирӯзии санаи 4-уми июн, дар деҳаи Рӯзи обнок пас аз боришоти борону жола, якбора сели азим меояд. Оби сел аз сой баромада, дар натиҷа 1 хонаро, ки дар наздикии сой қарор дошт пурра шуста, бо худ 2 нафар Раҳмонов Суннатулло соли таваллуддаш 1981 ва Раҳмонов Рӯзимурод соли тав 1964-ро мебарад. Ба наҷотдиҳандагон муяссар мешавад, ки ҷасади Сунаттуллоро худи ҳамон рӯз пайдо кунанд, аммо то ба ҳол ҷисми Раҳмонов Рӯзимурод пайдо нашудааст.
Инчунин 5 нафари дигар, ки аз ин офати табии зарар дидаанд, ба беморхонаи марказии ш.Панҷакент интиқол ва бистарӣ карда шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон ва сокинони ҳамин деҳа, наҷотдиҳандагони водии Зарафшон, ихтиёриён ва сокинони деҳа, дарёи “Зарафшон” ва соҳилҳои онро кофта истодаанд. Корҳои бартарафкунӣ дар ин деҳа идома дошта, ҳаҷми хисороти расида то ҳол пурра муайян нашудааст.
Хуршед Фозилов, ш.Панҷакент, махсус барои СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар