8.05.2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили иштирокчиёни ҶБВ рафта, онҳоро бо фарорасии 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуд. Раисро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд низ ҳамроҳӣ намуданд. Ба иштирокчиёни ҶБВ кӯмакпулии якдафъаинаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва кӯмакпулии роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 1,5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Тибқи дастури раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ тамоми тарабхонаҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон бояд дарҳои худро боз намуда, ба сокинону меҳмонон ва сайёҳон хизмат намоянд.
Тавре дар сомонаи расмии МИҲД дар ш.Душанбе омадааст, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба пойтахт ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ дастур додааст, ки оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шариф Рамазон аз соати 11:00 ба роҳ монда, ҷиҳати ба таври пурраву мунтазам хизматрасонӣ намудани онҳо мусоидат намоянд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи мазкур нисбати соҳибмулкони тарабхонаҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Бо қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр 697 800 сомонӣ барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ҷудо карда шуд. Тибқи ин қарор ба ҳар 1 иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ ба андозаи 1500 сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз 6 моҳ дар ақибгоҳ дар ин давра кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки муовинони раиси ш.Душанбе муваззаф шудаанд, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ пойтахт зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 4.05.2019 супоранд.
Теъдоди бузурги аҳолии вилоят, ки ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, дар 3 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21% коҳиш ёфтааст. Чуноне Маҳмудҷон Хоркашев, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вил.Хатлон зимни баромадаш дар ҷаласаи ҷамъбастии 3-моҳа зикр кард, тайи 3 моҳи сипаришуда 42 ҳазору 91 нафар сокинони вилоят ба хориҷи кишвар сафар намудаанд. Сабаби коҳиш ёфтани раванди рӯ овардани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Ватан, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон аст.
Баҳодур Абдусалом, СССР
24 апрел дар 1 маҷлиси васеъ дар маркази ш.Бохтар Маллазода Сайдулло Сардори бахши тандурустии вил.Хатлон бо сабаби номаълум аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ Раҷабзода Мирзоалӣ ба ин курсӣ таъин шуд. Раҷабзода қаблан дар минтақаи Кӯлоб ба ҳайси мудири шуъбаи тандурустӣ фаъолият мекард.
Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон
Шоми 24.04.2019, тахминан соати 21.00 дақиқа дар натиҷаи боришоти зиёди борон дар к.Аҳмади Дониш чоҳи амудӣ (калодетс) пур аз об шуда, ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд, ба ҳам расида, дар натиҷа таркиши хурд ба амал омад.
Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷа наздики 5 метр роҳи пиёдагард хароб шуда, ягон нафар шаҳрвандон ҷароҳат набардоштаанд. Аз ҷониби мақомотҳои дахлдори ш.Душанбе корҳои бартарафсозӣ идома дорад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар