Масъулини Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон иттиллоъ медиҳанд, ки дар 2 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 529 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 ҳолат зиёд мебошад. Аксарияти ҳолатҳои бекор карда ақди никоҳ бо тариқи додгоҳ шудааст. Бояд қайд намуд, ки баъди пош хурдани оилаҳо 471 кӯдак аз тарбия яке аз волидони худ маҳрум шудаанд.
Бештар ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Кӯлоб, Ҷалолидини Балхӣ, Кушониён ва Фархор ба қайд гирифта шудааст.
Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон
Сардори шӯъбаи ичтимои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, Бабаев Муҳамадалӣ дар сӯҳбат бо мухбири СССР хабар дод, ки дар 2 моҳи аввали соли 2019 дар манотиқи вилоят 16,389 тифл ба дунё омадааст, ки нисбат 2 моҳи соли 2018, 1307 нафар зиёд аст.
Бояд қайд намуд, ки дар ин муддат 124 кӯдакони навзод фавтиданд, ки нисбати соли гузаштаи ҳамин давра 15 нафар кам мебошад. Таваллуд бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Кушониён, Восеъ, Кӯлоб, Данғара, Фархор ва Мир Сайид Али Ҳамадонӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар рӯзҳои сербориш хеле эҳтиёткор бошанд ва бесабаб ба сӯи роҳҳои кӯҳӣ ва саҳро роҳ пеш нагиранд, зеро боришоти пайваста дар гӯшаву канори кишвар метавонад сабабгори рух задани ҳодисаҳои нохӯш шавад. Аввали баҳор рӯзҳои сербориши соланд ва шаҳрвандонро лозим аст дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар то охири ҳафта ҳавои номусоиду сербориш боқӣ мемонад. Дар манотиқи кӯҳии кишвар борон шиддат мегирад, омади сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо истисно нест. Дар роҳҳои куҳӣ лағзиши тарма низ эҳтимол дорад. Шиддати беш аз ҳадди интизори борон дар куҳҳо ва теппаҳо боиси фарсоиши хок ва ҳаракати он мешавад, сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, ҳавзҳову обанборҳо боло меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмулан хатари резиши санг, лағзиши тарма ва омадани сел зиёд аст.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар доданд, ғайр аз ин боронҳои пайдарпай боранда метавонанд якбора сатҳи об дар рӯдхонаҳои манотиқи баланкуҳ ва тезҷараёнро боло баранд. Дар ин гуна ҳолатҳо хатари зери об мондани киштзорҳо ва вайрон шудани пулҳои осебпазир зиёд аст.
Дирӯз дар асоси дастури Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ гурӯҳи кории МИҲД ш.Душанбе дар робита ба муроҷиати шаҳрвандон бо вазъи санитарӣ-экологӣ ва фаъолияти муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и пойтахт аз наздик шинос шуд.
Бино ба иттилои дар сомонаи www.dushanbe.tj нашр шуда, зимни боздид аз МД “Боғи ҳайвонот”-и пойтахт гурӯҳи кории МИҲД бо шароити нигоҳдошти ҳайвонот, ҳолати санитариву тозагии ҳуҷраҳо барои нигоҳдошт, панҷараҳо, ҳавзҳои парадагон ва роҳравҳо барои сайру гашти сокинон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Муайян карда шуд, дар самти таъмини шароити нигоҳдории ҳайвонот ва тозагии ҳуҷраҳо, инчунин роҳравҳои боғ баъзе аз камбудиҳо ҷой доранд. Аъзои гурӯҳи корӣ тамоми ҳуҷраҳо, панҷараҳо ва ҷойҳои махсуси нигоҳдории ҳайвонотро аз назар гузаронида, ба масъулин ҷиҳати таъмини шароити хуби санитариву экологии боғ, аз ҷумла нигоҳубини дурусти ҳайвонот, таъмини шароит нигоҳдошт бо риояи меъёрҳои марбута, таъмини масоҳати зарурӣ бо инобати ҳар як ҳайвони мавҷуда, пайваста тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои ҳайвонот, бартараф намудани бӯйи ғализ дар баъзе аз мавзеъҳои боғ, таъмини пурраи низоми корезӣ, нигоҳубин ва ба тартиб даровардани ниҳолу дарахтон ва майсазору гулзорҳо дар доираи имкониятҳои Муассиса дастур дода шуд.
Гурӯҳи кории МИҲД ш.Душанбе бо инобати он, ки имрӯз Боғи ҳайвоноти шаҳр ба яке аз ҷойҳои дидании сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил гардидааст, роҳбарият ва кормандони Муассисаро муваззаф сохт, ки дар баробари таъмини тозагиву озодагӣ ва беҳсозии шароити санитариву экологӣ баҳри ба роҳ мондани хизматрасонии муосирр чораандешӣ намоянд.
Дар ин робита, ба масъулини Муассиса тавсия дода шуд, ки баҳри ҷорӣ намудани хизматрасонии муосир ба меҳмонону тамошобинон ба таври ғайринақдӣ-тавассути кортҳои электронӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Роҳбарияти МД “Боғи Ҳайвонот”- и шаҳр вазифадор гардид, ки тамоми нуқсону камбудиҳои ҷойдоштаро дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо назорати доимиро ба роҳ монад.
Аз идора:
Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и ш.Душанбе соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд. Баҳри таъмини тозагиву ободонӣ ва нигоҳубини ҳайвонот 50 нафар кормандон фаъолият намуда, аз ҷумла 32 нафар мутахассисони варзида сафарбар гардиданд.
Давоми чанд соли охир дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ аз як қатор кишварҳои хориҷӣ ба боғ намудҳои гуногуни ҳайвонот ворид карда шудаанд, ки диққати сокинонро ба худ ҷалб намудааст.
Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ ифтитоҳ гардид. Ин иқдоми наврӯзӣ ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуда, дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ дар ш.Душанбе амалӣ карда шудааст. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” хабар доданд.
Минбаъд меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣметавонанд аз ин Гӯшаи иттилоотӣ дар бораи минтақаву мавзеъҳои тамошобоб, имкониятҳои сайёҳиву гардишгарии ҶТ, истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои кишвар, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатӣ маълумоти кофӣ бигиранд. Гӯшаи мазкур ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, дар он бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои хоҳишмандон маълумот ва иттилооти лозима дастрас карда мешавад.
Пагоҳ дар Кохи “Борбад”- и пойтахт Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор» оғоз ёфта, дар он молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш хоҳанд гузошт.
Гуфта мешавад, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии мазкур корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика, технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ ба намоиш мегузоранд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар