ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Окт 26 2018


Николай Караченцов-артисти халқии СССР, ҳунарманди шинохтатарин ва хулигантарини кинои советӣ дар синни 74 солагиву 364 рӯзагӣ, дар рӯзи ҷумъаи муқаддас (барои муслимин) аз олам даргузашт. Дар ин бора писари ӯ хабар додааст.
Караченцов дар даҳҳо филмҳои маъруфтарини синамои советӣ нақшофарӣ карда, дар аксари онҳо роли авбошу муштзӯру хулигани дилсоф ва патриотро офаридааст. Филмҳои «Старший сын», «Собака на сене», «Белые росы», «Трест, который лопнул», «Человек с бульвара Капуцинов», «Приключения Электроники» аз зумраи ин филмҳост. Ҳамзамон ӯ дар театр низ нақш мебозид.
Николай Караченцов дар соли 2005 ба садама дучор шуда, ҳудуди 13 сол азияти сиҳҳат дошт.
Худо раҳматаш кунад, ки хотираи 280 млн фарди советиро шод мекард!

Ҷумъа, Окт 26 2018


   Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба унвони Ҳукумати ҶТ ҷиҳати манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои  нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, пешниҳод манзур намудааст.
   Бино ба итиллои аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси ш.Душанбе расида, ин иқдом бо мақсади таъмини бехатарӣ ва амнияти мусофирон дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт роҳандозӣ мешавад.

Чоршанбе, Окт 24 2018


   Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулари» аз моҳи ноябри соли ҷорӣ парвозҳои хешро аз Тошканд ба Душанбе зиёд менамояд. Минбаъд парвозҳо аз Тошканд ба пойтахти Тоҷикистон ҳафтае 2 маротиба-рӯзҳои душанбе ва панҷшанбер сурат гирифта, ин амал ба хотири фароҳам сохтани шароити мусоид барои парвозҳои мусофирон тавассути Тошканд ба Аврупо ва Амрико роҳандозӣ карда шудааст.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар намояндагии ширкати мазкур дар Душанбе хабар доданд, шурӯъ аз 29.10.2018-мавсими зимистонаи парвозҳо, ҳавопаймоҳои ширкати «Ӯзбекистон хаво йулари» рӯзи душанбеи ҳафта соати 21:00 аз Тошканд ба самти Душанбе парвоз карда, аз Душанбе ба Тошканд вақти парвоз 23:15 сурат хоҳад гирифт. Рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта бошад парвоз аз Тошканд соати 01:00 анҷом дода шуда, аз Душанбе бошад соати 04:00 ба нақша гирифта шудааст.
   Ин тағийрот дар нақшаи парвозҳо пас аз муроҷиати мусофирони зиёд, ки аз Душанбе ба воситаи Тошканд ба кишварҳои хориҷаи дуру наздик парвоз мекунанд, роҳандозӣ шудааст. То ин дам бошад парвозҳо аз тарафи ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонӣ дар самти Тошканд-Душанбе-Тошканд танҳо ҳафтае 1 маротиба-рӯзи сешанбе анҷом дода мешуд.

СССР


Панҷшанбе, Окт 18 2018


Мақомоти умури дохилии ш.Душанбе аз сеҳру ҷодукории Дилафзо Бобоева сокини 42-солаи н.Шоҳмансури пойтахт хабар дод. Ҳоло алайҳи Бобоева протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намудаи ҷарима таъин гардидааст. Ба қавли ин ниҳод, ӯ ба сеҳру ҷоду машғул шуда, бо воситаҳои гуногун - қулфу олоти гург “бахткушоӣ” мекардааст. Бино бар диагнози мақомот, дуоҳои Бобоева - ғалат, табобаташ – дурӯғ ва тумору таштобаш ба Қуръон номувофиқ будаанд.

Ҷумъа, Окт 12 2018


Искандари Хатлонӣ (Искандар Идиев) 12 октябри соли 1954 дар хонаводаи омӯзгорон дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар Омӯзишгоҳи сохтмонии шаҳри Душанбе идома дод. Аммо меҳру муҳаббат ба фарҳангу адаб ва шеъру шоирӣ, ӯро ба Донишкадаи адабии Максим Горкий ба шаҳри Маскав овард. Ҳамзамон бо донишҷӯӣ вай барои бахши бурунмарзии радиои шуравии «Ин ҷо Маскав» хабарнигорӣ мекард. Пас аз анҷоми таҳсил дар Маскав, Искандар муддате дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кор мекард. Он замон Шуравӣ бо Афғонистон ҷанг дошт ва ӯро барои мутарҷимӣ ба ин кишвар фиристоданд, зеро ба гуфтаи дӯстонаш, Искандар на танҳо донандаи забони модарии хеш, балки яке аз беҳтарин мутарҷимони забони русӣ ба дарӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва суҳбатҳои сармушовири руси раисҷумҳури Афғонистонро ба форсии ноб ва гуфтаҳои раҳбари Афғонистонро ба русии фасеҳ баргардон мекард.
Ҳамзамон бо мутарҷимӣ Искандар Идизода устоди Донишгоҳи улуми иҷтимоии Кобул низ буд. Дар ин замон буд ки севумин маҷмуаи шеъраш — «Садои пои вожаҳо» дар Кобул дар соли 1988 ба табъ расид. Нахустин шеърҳои Искандари Хатлонӣ ҳанӯз дар айёми мактаби миёна дар охири даҳаи 1960 ва аввалҳои даҳаи 1970 дар матбуоти шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Тоҷикистон чоп шудааст. Искандар пас аз хурӯҷи нируҳои Шуравӣ аз Афғонистон дар феврали 1989 ба Маскав баргашт ва фаъолияташро дар заминаи хабарнигории байнулмиллалӣ оғоз кард ва дар авоили даҳаи 1990 хабарнигори бахши порсии радиои Би-Би-Си шуд.
Дар поёни даҳаи 1980 Искандар ки ҳамвора дар пайи ташкили маҳфили сиёсии рӯшанфикрон буд, яке аз бунёдгузорони нахустин маҳфили сиёсии Тоҷикистон «Рӯбарӯ» (1988) ва ҷунбиши мардумии «Растохез» (1989) шуд. Вай дар муборизаи рӯшанфикрон барои мақоми давлатии забони порсии тоҷикӣ аз пешсафони ин набард буд. Искандар яке аз ангуштшумор фаъолоне буд ки шаҳодати ҷавонон ба дасти ҳукумати шуравии Тоҷикистон дар Баҳманмоҳи хунини 1990-ро маҳкум кардаанд. Пас аз бозгашт ба Маскав дар оғози даҳаи 1990 Искандар нахустин нашрияи озоди тоҷикӣ, «Мужда»-ро таъсис дод ки ба хатти тоҷикӣ ва порсӣ мунташир мешуд ва ӯ аз он бисёр ифтихор мекард, ки пуле миёни порсизабонони ҷаҳон устувор кардааст. Искандар аз соли 1995 то лаҳзаи марг хабарнигори муваффақи радиои Озодӣ буд. Ӯро 21 сентябри 2000 дар Маскав куштанд ва кушандагонаш то кунун дастгир нашудаанд.
ХУДОВАНД МАКОНИ ОХИРАТАШОНРО ҶАННАТ ГАРДОНАД!!!

ҒУРУРИ НИЁГОН
Дар xуни ман ғурури ниёгон нуҳуфта аст,
Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфта аст.
Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам,
Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфта аст.
Хоки маро ҷазираи xушке гумон мабар,
Дарёи бекарону xурӯшон нуҳуфта аст.
Холӣ дили маро ту зи тобу тавон мадон,
Шери жиён миёни найистон нуҳуфта аст,
Пиндоштӣ ки решаи пайванди ман гусаст.
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфта аст.

Нуралӣ Хоркашев,
журналист

Ҷумъа, Окт 12 2018


Даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1 октябр то 30 ноябр идома мекунад. Дар ҳар даъват ба сафи артиш аз 15 то 16.000 ҷавони аз 18 то 28-сола қабул мешаванд. Ҷамъи афроди синну соли даъватӣ дар кишвар беш аз 600.000 гуфта мешавад, вале донишҷӯён ва ҳам онҳое, ки саробони ягонаи хонаводаанд, аз хидмати низомӣ озоданд. Дар вилояти Хатлон ҳамасола ноҳияи Носири Хусрав пеш аз ҳама даъвати сафарбариро иҷро мекунад. Садриддинзода Нуриддин Талбак раиси ноҳия ин хабарро дар сӯҳбати СССР тасдиқ карда гуфт, «дар муддати 11 рӯзи аввал даъвати тирамоҳиро 100% иҷро кард. Ягон нафар аз ҷалби маҷбурии «облава» шикоят накардаанд. Гарчанде ноҳияи мо аз хурдтарин дар вилоят ба шумор равад ҳам, ҷавонон бе ягон зӯроварӣ-«облава» ихтиёран ба сафи артиш омаданд. Кӯшиш мекунем, дар дигар даъвати сафарбарии сарбозон эстафетаро идома диҳем».

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

саҳ 72 аз 156

Китобҳо

Flag Counter