ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июл 27 2018


Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст сар аз 1.08.2018 дар хатсайри №25, ки маҳаллаи Зарафшонро бо бозори «Меҳргон» мепайвандад, автобусҳои навро ба истифода диҳад. Барои ин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе 100 адад автобусҳои нави тамғаи «ISUZU» аз кишвари Туркия харидорӣ карда шудааст.
   Бино ба иттилои Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, айни замон миқдори нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар дар пойтахт дар маҷмӯъ 2907 ададро ташкил намуда, аз ин теъдод 455 автобусҳо, 105 адад троллейбусҳо, 30 адад микроавтобусҳои коммуналӣ ва 2317 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ мебошанд.
   Дар маҷмӯъ шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 64 адад автобусҳои тамғаҳои гуногуни «ISUZU», 76 адад тамғаи «AKIA», 145 адад тамғаи «ЛИАЗ», 113 адад тамғаи «ПАЗ», 10 адад тамғаи «Икарус», 17 адад тамғаи «Кинг-лонг», 30 адад тамғаи «Газел» ва 105 адад троллейбус мебошанд.



Ҷумъа, Июл 27 2018

Аз оғози соли ҷорӣ дар ҳудуди ш.Душанбе 72 майдончаи варзишӣ ва 3 боғу гулгашт бунёд карда шудааст. Дар ин давра сохтмони 12 боғу гулгашт ва 92 майдончаҳои варзишӣ оғоз гардид. Аз тарафи масъулин дар 69 майдончаи варзишӣ ва дар 5 боғу гулгаштҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар иншоотҳои боқимонда корҳо идома доранд. Инчунин, тибқи қарорҳои алоҳидаи Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкорон дар 13 мавзеъ сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, бунёди 3 майдонча анҷом ёфта, ба истифода супорида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ш.Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.
Бино ба иттилои эшон, бо мақсади ба меъёрҳои муосири шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 17 иншооти роҳсозӣ ба дарозии 29 км ва 3 иншооти ирригатсионӣ ба дарозии 4 км корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти дигар дар масофаи 9 км ва дар масоҳати 134 ҳазор метрии мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба охир расонида шуд.


Ҷумъа, Июл 27 2018


 Чанде пеш газетаи мардумии СССР матлаберо бо номи «Бозори Ҳоҷӣ Шариф зидди экология аст!» нашр карда буд. Дар матлаб сокинон шиква аз он мекарданд, ки дар назди бино зисташон ҳавлие хурдакаке ҳаст, ки дар онҷо аз хурд то бузург нишаста, кӯдакон бозӣ мекунанд. Аммо роҳбарияти бозори мазкур қисми ин майдонро ба мавзеъи оҳакфурӯшӣ табдил додааст.
 Баъди гузориши СССР роҳбарияти бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и ш.Бохтар ин мушкилиро бартараф карда, гирду атрофи ин мавзеъро бастанд. Дар ҳамин маврид яке аз масъулони бозори мазкур дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР  афзуд, ки ин мавзеи оҳакфурӯшӣ дар тавозуни бозор аст ва дар ҳақиқат 1 қисми ин мавзе кушода буда, ҳоло он 100% баста шудааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Июл 27 2018


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» сар аз 28.07.2018 ба амалӣ кардани парвозҳо дар хатсайри нави Душанбе-Самарқанд-Душанбе оғоз менамояд. Парвози нахустин соати 9:00-и субҳи рӯзи 28.07.2018 сурат гирифта, он тавассути ҳавопаймои Boeing 737–300 иҷро мешавад.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти ширкати номбурда хабар доданд, вақти парвоз дар 1 самт 45 дақиқаро дар бар гирифта, нархи чипта бошад 684 сомонӣ барои 1 тараф аст. Парвози минбаъда дар масири Душанбе-Самарқанд-Душанбе рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда баргузор мегардад.

СССР


Шанбе, Июл 21 2018


Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода-раиси вилояти Хатлон нигаронӣ аз бемасъулиятии Раёсати назорати давлатӣ оид ба истифодаи ҳифзи табиат кард. Тӯли 2 сол аст сокинони н.Хуросон аз дуди ғализи танӯрҳои оҳакпазӣ шикоят мекарданд. Дар робита ба шикояти сокинон газетаи СССР гузорише низ омода карда буд, аммо то ҳол мушкил ҳалли худро наёфтааст. Қаблан Гулмаҳмадзода ба Сардори Раёсати назорати давлатӣ оид ба истифодаи ҳифзи табиат ва дар ҳамбастагии раиси н.Хуросон супориш дода буд, ки ё танӯрҳои оҳакпазиро кӯчонед, ё хонаҳои наздиҳавлигиро аз ин мавзеъ.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Июл 19 2018


Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа (марҳилаи 1)" ба маблағи умумилоиҳавии 96,38 миллион доллари ИМА идома дошта, ба ҳолати 1.07.2018 15,367 миллион доллари ИМА аз худ шуда, 16% маблағҳои умумиро ташкил менамояд.
 Бино ба итиллои вазири нақлиёти ҶТ Худоёрзода Худоёр Завқибек, дар нимсолаи 1-уми соли ҷорӣ корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ дар лоиҳаи “Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ сохтмони 18 адад пулҳо дар ноҳияҳои ВМБК ба маблағи 20 миллион доллари ИМА идома дошта, лоиҳаи “Барқарорсозии қитъаи 347-уми роҳи автомобилгарди Душанбе Қулма мавзеи Ширговади н.Дарвоз ба маблағи 1,5 миллион доллари арикоӣ, ки дар офати табиӣ зарар дидааст, ба анҷом расид.
 Бояд қайд намоям, ки роҳи мошингарди Душанбе Қӯрғонтеппа, ки айни замон таҷдидаш оғоз шудааст, бо имконоти муосир бунёд гашта, дар он гузаргоҳи зеризаминӣ, гузаргоҳи махсус барои гузаронидани чорво, нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз он ҷумла ҳоҷатхонаҳо сохта мешаванд,- гуфт вазири нақлиёти ҶТ.

саҳ 78 аз 156

Китобҳо

Flag Counter