Аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР, кормандони сайти интернетии www.cccp.tj ба академики АУ, доктори илмҳои филологӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, устод Абдуҷаббор Раҳмонзода ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ-Абдуғаффор Раҳмонзода бинобар даргузашти бармаҳали бародарашон, духтури асабшинос ва мударриси Донишгоҳи Тиббии ҶТ Раҳмонов Раҳматулло Азизович ғамшарик гашта, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд...
Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҶТ хабар додааст, ки Маҳтоб Фозиловаи 78-сола, сокини деҳаи Меткии ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), ки мехост ба тавофи Хонаи Худо равад, аммо барои савобу дуои неки мардум ва осон кардани мушкили гузаргоҳи ҷамоа, ҳаҷпулиашро барои сохтмони кӯпрук бахшидааст. Ва маҳз 5.07.2018 дар ҳамин деҳа бо ширкати раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҶТ Аҳтам Абдуллозода маросими ифтитоҳи пули бунёдкардаи апаи Маҳтоб баргузор гардид. Ба гуфти масъулони ин ниҳод, бунёди пул моҳи июни ҳамин сол оғоз гардида, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бо риояи талаботҳои стандартӣ ва бо сифати баланд ба истифода супорида шуд.
Шумораи зарардидагони таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворие, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон-дар масири Хуҷанд-Конибодом қарор дошт, ба 4 нафар расид. Бояд қайд намоем, ки таркиш шоми рӯзи 4.07.2018 ба вуқӯъ омада, дар пайи он 4 нафар-3 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон зарар диданд.
Бино ба итиллои расонаҳои қирғизӣ, сӯхтор ва дар пайи он таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Жаштики ҷамоати Жани-Жерски ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки бо ҳудуди ҷамоати Хистеварзи н.Б.Ғафурови Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, ҳангоми бо гази моеъ пур кардани нақлиёт сар задаст. Гуфта мешавад, ки сӯхтор соати 20.31 ба амал омада, ба гурӯҳҳои оташнишонии 2 кишвар муясар шуд танҳо соати 5-и субҳи рӯзи дигар онро пурра хомӯш намоянд. Дар натиҷаи он нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва биноҳои ба он марбута, 1 мошини сабукрав, 5 мошини гаронвазн, 2 мошини газ ва 1 мошини Мерседес-Бенз Спринтер ба коми оташ рафтанд. Тибқи хулосаҳои тафтишоти пешакӣ сабаби сар задани сӯхтор дар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор медиҳад, ки аз 7 то 10 июл дар Тоҷикистон гармии ҳаво аз 40 градус боло меравад. КҲФ (МЧС) аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сайру гашт дар нимаи дуюми рӯз, нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва оббозӣ дар обанборҳо худдорӣ намоянд. "Ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо риоя намоянд. Дар ин самт волидонро зарур аст, то нисбат ба фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир нанамоянд, балки масъулиятпазир бошанд", — афзудааст КҲФ.
4 нафар дар сӯхтори 1 НФС (нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ)-и н.Лайлаки Қирғизистон ва дар наздикии марзи Тоҷикистон ҷароҳат бардошт. МЧСи Қирғизистон эълон кард, ки яке аз онҳо шаҳрванди Қирғизистон ва 3 тани дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Сӯхтор соати 20:30-и 4.07.2018 сар зад. Холо маҷруҳони сухтор дар бемористон бистариянд. Дар натиҷаи сӯхтор 9 мошини боркашу сабукрав низ оташ гирифтааст…
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар