ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 06 2018


Намояндагии Агентии «Тоҷикстандарт» дар ВМКБ пас аз санҷишу омӯзиш 39 адад фаъолияти мағозаи фурӯши машруботи спиртиро, ки дар ш.Хоруғ бе иҷозатнома фаъолият менамуданд, қатъ намуд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти Агентии номбурда хабар доданд, ҳафтаи гузашта бо супориши раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ҳамаи нуқтаҳои фурӯши машруботи спиртӣ дар ш.Хоруғ мавриди санҷиш қарор дода шуда, пас аз ин рейд маълум шуд, ки аз 48 ошхонаву тарабхона, қаҳвахонаву мағоза 39 адад бидуни иҷозатномаи мақомоти шаҳрдорӣ ба фурӯши машруботи спиртӣ машғул будаанд. Бояд гуфт, ки ин муассисаҳо на танҳо барои фурӯши машрубот ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда натавонистанд, балки ташхиси озмоишгоҳ нишон дод, ки аксари шишаҳои арақ худсохт буда, ба ягон меъёри стандартӣ ҷавобгӯ нестанд ва ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Тибқи хулосаи санҷиш ва пас аз баррасии натиҷаҳои он танҳо ба 9 мағоза дар ш.Хоруғ иҷозати фурӯши машруботи спиртӣ дода шуда, аз 164 адад мағозаҳое, ки ба фурӯши машруботи спиртӣ дар ҳудуди вилоят машғул буданд, танҳо ба 64 адади онҳо иҷозат шуд, то машруботи спиртӣ фурӯшанд.

Панҷшанбе, Май 31 2018


Бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд масъулини ҳукумати вилоят тасмим гирифтаанд дар моҳи шарифи Рамазон ба 7600 оила, шахсони яккаву танҳо ва маъюбон кӯмакҳои моддӣ расонанд.
Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ - 475, Ашт - 572, Бобоҷон Ғафуров - 925, Бӯстон - 66, Гулистон - 138, Деваштич - 631, Зафаробод - 257, Истаравшан - 908, Исфара - 552, Истиқлол - 25, Конибодом - 594, Куҳистони Мастчоҳ - 87, Мастчоҳ - 400, Панҷакент - 920, Спитамен - 206, Хуҷанд - 473, Ҷаббор Расулов - 276 ва Шаҳристон - 95 оила ва шахсони ниёзманд аёдат карда шуда, ба он кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, расонида хоҳад шуд. Дар баробари ин аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ аёдати оилаҳои камбизоат ва шахсони низёманд идома дошта, тақсимоти кӯмакҳои моддӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд идома доранд. Дар бора ба мухбири СССР дар хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
Ин амал дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо сурат гирифта, барои дастгирии ин қишри ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

СССР
 


Чоршанбе, Май 30 2018


Бо қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 29.05.2018 Саидзода Фирдавс Ҳамро муовини раиси ш.Душанбе таъин карда шуда, ӯ дар ин вазифа Саидзода Қурбон Тағайро иваз намуд. Саидзода Қурбон Тағай, ки назорати соҳаи роҳу фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро бар зимма дошт, бо навиштани ариза бо хоҳиши худ аз кор рафт. Гуфта мешавад, ки Саидзода Қурбон Тағай ҳафтаи гузашта амалиёти ҷарроҳиро паси сар намуда, бо сабаби бад шудани саломатиаш маҷбур шудааст аз мансаб даст кашад.
Бояд қайд намуд, ки Саидзода Фирдавс Ҳамро то ин дам директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»-ро бар ӯҳда дошта, тӯли солҳои зиёд дар корхонаҳои коммуналии ш.Душанбе, аз қабили ККВД «Троллейбус» ва ККВД «Автобус-1» низ кор кардааст. Тибқи қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷрокунандаи вазифаи директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумъахон Давлатов таъин гаштааст.

СССР

Сешанбе, Май 29 2018


Корхонаи азими сементбарории кишвар «Моҳир-семент» дар моҳи шарифи Рамазон ба суратҳисоби ятимони кули н.Ёвон 59 000 сомонӣ ирсол кард. Ин иқдом дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар н.Ёвон сурат гирифта, ба суратҳисоби 59 нафар ятимони кулли ноҳия 1000 сомонӣ аз номи корхонаи мазкур гузаронида шуд.
Инчунин, аз ҷониби маъмурияти корхонаи «Моҳир-семент» ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои алоҳида ва маблағи нақдӣ низ тақдим карда шуд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Сешанбе, Май 29 2018


Дар Боғи истироҳатии "Наврузгоҳ"-и ш.Хуҷанд "Боғи ҳайвонот" фаъол шуд. Чуноне ки ба мухбири мо аз маркази матбуоти раиси ш.Хуҷанд хабар доданд, айни замон дар ин боғи ҳайвонот 40 намуди ҷонварон, аз қабили шеру хирс, гургу шағолу уштур, уқобу мор, маймуну сангпушт ва ғайра бо теъдоди зиёда аз 100 сар парвариш ва маърази тамошо гузошта шудаанд.
Даромад ба боғи ҳайвонот барои хурдсолон 3 сомонӣ ва барои калонсолон 5 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.Бояд қайд намуд, ки зиёда аз 20 соли охир ягона дар вилояти Суғд "Боғи ҳайвонот" дар мавзеъи номбурда, фаъол набуда, дар остонаи Рузи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба кор андохта шуд.


Душанбе, Май 28 2018


Назира Муллоҷонова, сокини ш.Душанбе бо таваллуд кардани духтарча субҳи рӯзи 26.05.2018 аҳолии Тоҷикистонро ба 9 миллион расонид.
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, модари тифл сокини ш.Душанбе, истиқоматкунандаи кӯчаи Асадулло Ғуломов, М2, ҳуҷраи 14 Назира Муллоҷонова, соли таваллудаш 1990 мебошад.
Назирабону соҳиби 1 фарзанд буда, фарзанди дуюмаш аҳолии  ҷумҳуриро ба 9 миллион расонид. Тифли навзод имрӯз соати 06-30 дақиқа дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи  №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омад.
Вазни духтарча 3 киллограму 600 грамм буда, қадаш 51 сантиметр мебошад. Ҳолати кӯдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рӯи ҷадвали Апгар 8/9 хол баҳо дода шудааст.
Назира Муллоҷонова  баъди аз таваллудхона баромадан ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нави хеш гусел карда мешавад, қарори мазкурро дар ин бора алакай Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ба тасвиб расонидааст. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси шаҳр манзили зисти тифли 9 миллиона бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин мегардад.

саҳ 83 аз 156

Китобҳо

Flag Counter