ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Май 25 2018

Бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон 23-май», таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», инчунин эълон гардидани соли 2018 – Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22.05.2018 дар маркази вилояти Хатлон-ш.Бохтар, Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гашт.
 Дар  чорабиниҳои мазкур 182 ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, барои бекорон 2517 ҷойҳои кории холии худро пешниҳод намудаанд. Дар чорабинии Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод зиёда аз ҳазор нафар ҷавонону занон ва шаҳрвандони корҷӯ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, ки ба 233 нафар роҳхат дода шуд.  Ибрози зикр аст, ки дар чор моҳи соли 2018 аз ҷониби раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ташаббуси бевоситаи онҳо дар ин давра 100 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардидаанд, ки дар рафти  чунин чорабиниҳо 1047 корхонаю ташкилотҳо ва муассисаю хоҷагиҳои гуногуни вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, барои бекорон 9850 ҷойҳои кори холи ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод намуданд.
Ин Ярмарка дар ҳамбастагии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин намоиши ҳунарҳои дастию мардумӣ ва дастовардҳои касбомӯзони филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар даврони истиқлолият бо иштироки муовини раиси вилоят, Раҷабов Р, сардори Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Мирзоев Д. сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Навруззода А. Абдулозода Ф.  сардори  Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилоят ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ баргузор намуд.

СССР

Панҷшанбе, Май 24 2018


Сиҷоуддин Саломзода, раиси ш.Исфара иқдом кардааст, ки даромадгоҳи шаҳрро мутобиқ ба талаботи меъмории муосир ва фарҳанги шаҳрдорӣ мавриди азнавсозӣ қарор дода, пас аз 1 моҳ дар ин мавзе, ки симои комилан тозае ба худ хоҳад гирифт, таҷлили бошукӯҳи ҷашни Ваҳдати миллиро баргузор намояд.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти МИҲД дар ш.Исфара ба СССР расида, дар ин мавзе сохтмони иншооти пазиройии меҳмонон, ҷойи дамгирӣ ва мошинмонӣ, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди боғи ҳозиразамон, кабудизор ва гулзорнамоии қитъаҳои замини атрофи он ба нақша гирифта шуда, он аз ҷониби бинокорони гулдасти Ширкати сохтмонии Исфара бунёд хоҳад ёфт.
Арзиши лоиҳавии ин иншоот тақрибан 1 миллион сомониро ташкил дода, дар пештоқи иншоот бошад рамзи Исфара, ки аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ гардидааст, насб мегардад.


Ҷумъа, Май 18 2018


Кормандони комиссариати ҳарбии н.Вахш муаллим Султонов Шамсиддинро ҳангоми дарс дар муассисаи № 58 омада, «облава» карда ба хизмат бурданд.
Ҳоҷаева Гулнора, директори муассиса ва ҳамзамон модари муаллиме, ки «облава» карданд, дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР аз ин амал изҳорӣ нигаронӣ карда гуфт, ки зид нест, вақте писараш хизмати Ватан-Модарро адо кунад. Аммо бо чунин рафтору кирдоре, ки кормандони комисариати ҳарбӣ нисбат ба писараш ҳангоми дарс ва дар назди хонандагон карданд, алалхусус латукӯб намуда, бо мошин шинонида бурданд, розӣ нест. Муаллимон ва хонандагони мактаби номбурда, ин корро дида, то ба ҳол  дар ҳолати шокӣ қарор доранд.
Шоҳидони воқеа мегӯянд, ки мо фикр кардем, ки муаллими ҷавон ҷиноятеро содир кардааст, ки мисли гунаҳкор ӯро боздошт карда бурдаанд. Директори муасисса афзуд, ки ин бори аввал нест, ки кормандони ҳарбӣ бо чунин кирдорашон мактабро ғасб намуда, ба ҳуҷум медароянд. Ҷамоати деҳотӣ «Лолазор-2» (собиқ Оқмазор) аз маркази н.Вахш дар 60 км ҷойгир аст ва ба муаллимон эҳтиёҷ дорад. Директор мегӯяд, ки чандин маротиба ба маорифи ноҳия муроҷиати хаттӣ пешниҳод кардааст, то ки муаллимони ҷавонро фиристанд.    Аммо касе розӣ намешавад ба ин деҳаи дурдаст омада кору фаъолият кунад. - Писари ман ва ҳамзамон муаллими ин муассиса дар колеҷи омӯзгори ғоибона таҳсил мекунанд. Айни ҳол дар 1 қисми ҳарбии пойтахт қарор дорад. Ҳатто дар Ҷангӣ бузурги ватанӣ муаллимро ба ҷанг ҷалб намекарданд, ки бигзор ба хонандагон таълим диҳад, ки бесавод намонад. Бигзор хизмати Ватан-Модарро иҷро кунад. Модари муаллими «облавашуда» ба додситони ноҳия вобаста ба ин ҳолат аризаи шикоятӣ низ навишта ирсол кардааст
Муовини раиси н. Вахш Файзуллоев Абдуқаҳор, ки ҳамзамон узви ҳайати комиссия қабули даъватшудагон дар ноҳия аст, дар сӯҳбат бо мухбири СССР норозоӣ аз падару модарон карда гуфт, ки хизмати Ватан-Модар вазифаи ҳар 1 ҷавонмард аст. Мавсуф қайд намуд, ки аз ҷониби комисариати ҳарбӣ ба ҷавонони синни даъват ба артиш даъватнома мефиристанд, баъдан ба назди падару модари онҳо 2 бора мераванд, аммо ҷавонон саркашӣ мекунанд. Агар модари аскарбача Хоҷаева Гулнора шикоят кардааст, ки аз ҷониби кормандони ҳарбӣ писарашро лату кӯб кардаанд, бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
 
 
 


Панҷшанбе, Май 17 2018


Шаби гузашта 16 май дар пайи борон сел дар ҷамоатҳои деҳоти «Озодагон» ва «Сайфиддин Кабут» 1 кӯдак фавтидааст. Сайфиддинзода Маҳмадюнус раиси н.Панҷ дар сӯҳбати  телефонӣ бо СССР афзӯд, ки аз боридани шадид дар 6-7 деҳаи ҷамоат роҳи автомобилгард ва хонаҳои мардум хароб шудааст. Раис афзуд, тибқи маълумоте, ки мо дорем 1 нафар кӯдаки ноболиғ зери сел мондааст. Дар ҳоли ҳозир тамоми мақомот дар ҷойҳои селшӯста қарор дошта, кӯмак расонида истодаанд. Сайдалиев Ёқуб муовини Сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вил.Хатлон ин хабари нохушро тасдиқ карда гуфт, ки шаби гузашта 3 ҷамоати калони ин ноҳия зери об мондааст…

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Май 17 2018


Корвони саломатӣ таҳти шиори «Аз ташхиси вируси норасоии маснунияти одам (ВНМО) гузар, аз солимии худ огаҳ бош!», ки дар ш.Бохтар баргузор шуд, зиёда аз 4230 нафар сокинони ин шаҳрро аз хизматрасонии ройгони тиббӣ баҳравар сохт.
Ҳафтаи гузашта ҷиҳати таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва пешгирии эшон аз гирифторшавӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф «Корвони саломатӣ»-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба ш. Бохтари в.Хатлон сафарбар гардид. Дар корвони саломатӣ беш аз 100 нафар мутахасисони соҳаи тиб ҷалб шуда, дар рафти баргузории он зиёда аз 4230 нафар сокинони шаҳр аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархӯрдор гардиданд. Аз ҷумла, 169 нафар аз ташхиси ВНМО, 543 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ, 205 нафар аз ташхиси флюриографӣ, 208 нафар бо хуни донорӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, зимни баргузории «Корвони саломатӣ» 110 кӯдак хатна гардида, дар 6 нафар кӯдак ҷарроҳии чӯраи модарзодӣ гузаронида шуд.
 Гуфта мешавад, ки дар ҳайати корвони саломатӣ тамоми муассисаву сохторҳои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз қабили МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, МД “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО”, МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, МД “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, МД “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”, МД “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ва дигар зерниҳодҳои дахлдор ҳузур доштанд. Ҳамзамон, барои шахсони маъюб вобаста ба шакли маъюбияташон аробачаи маъюбӣ ва ба қисми дигар асобағал (асо барои нобиноён) тақдим карда шуд.

Баҳодур Уроқов, СССР,  вилояти Хатлон

Душанбе, Май 07 2018


   Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2018”-ро муайян намуд. Имсол маблағи сафари ҳаҷ 33 ҳазору 410 сомониро ташкил хоҳад дод.
   Бино ба иттилои аз маркази матбуоти кумитаи номбурда ба СССР расида, ба маблағи зикршуда хароҷоти зерин дохил мешавад: чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), иқомат ва будубош дар Маккаи мукаррама, таъмини ҳоҷиён бо 3 вақт хӯроки гарм дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар 1 гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот ва
пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён.
   Инчунин, ба ин маблағ таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, таъмини ҳоҷиён бо пизишкони баландихтисос дар мавсими ҳаҷ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо 5 л. оби Зам-зам аснои бозгашт ба Ватан ва таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон дохил мешавад.



саҳ 84 аз 156

Китобҳо

Flag Counter