ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 05 2018


Бар асари заминларзае, ки 30.03.2018 дар ҳудуди ҶТ ба вуқӯъ пайваст, беш аз 60 хона дар ҷамоати Сари Хосори н.Балҷувони мамлакат зарар дида, 7 манзили истиқоматӣ пурра хароб шуд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Чуноне ки ба мухбири мо аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, айни замон комиссияи махсуси кумита дар ҷои ҳодиса қарор дошта, пайомадҳои нохуши онро санҷида истодааст. Бояд хотиррасон шуд, ки рӯзи 30.03.2018 дар ҳудуди Тоҷикистон 3 маротиба ларзиши замин ба қайд гирифта шуда, маркази он дар километри 102-юм дар наздикии ш.Роғун қарор дошт.



Чоршанбе, Апр 04 2018


Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ тасмим гирифтааст бо роҳандозӣ кардани рақами нав тариқи Viber робитаи хешро бо мардум таҳкиму тақвият бубахшад.
 Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Б.Ғафуров хабар доданд, минбаъд сокинони ноҳия метавонанд тариқи ин шабакаи машҳур бо раиси ноҳия Зариф Назирӣ мустақиман дар робита бошанд. Бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, арзу шикоят, эродҳо, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолӣ Viber бо рақами 92-997-22-44 ба қайд гирифта шуда, маълумоти ба ин рақам ирсолшуда бевосита ба раиси ноҳия Зариф Назирӣ дастрас мегардад.

Чоршанбе, Апр 04 2018


2.02.2018 пас аз 9 соли ҷудо будан аз низоми энергетики Осиёи Марказӣ додугирифти нерӯи барқ байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дубора фаъол гашт. Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи «Регар» (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи «Гулча» (Ӯзбекистон) зери шиддат монда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз ҷумҳурии мо ба мамлакати ҳамсоя оғоз ёфт. Дар ин бора ба мухбири СССР Нозирҷон Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» хабар дод.
Бояд қайд намуд, ки созишнома дар бораи мубодилаи байнидавлатии нерӯи барқ моҳи марти соли ҷорӣ ҳангоми сафари нахустини расмии президенти ҶӮ Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расида буд ва имрӯз он амалӣ гашт. Мубодилаи нерӯи барқ кори муназзами ниҳодҳои энергетики 2 кишварро таъмин намуда, барои беҳтар намудани таъминот бо қувваи барқ мусоидат хоҳад кард.


 

Чоршанбе, Апр 04 2018


Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар байни 18 шаҳру навоҳири в.Суғд даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар муддати 2 рӯзи аввали даъват иҷро кард. Дар ин бора ба мухбири СССР дар МИҲД ин ноҳия хабар доданд.
Бояд қайд намуд, ки даъвати баҳории ҳарбӣ ҳамасола аз  апрел сар шуда, то 31 май идома меёбад.

СССР

Душанбе, Апр 02 2018


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба маълумоти мусофирони худ мерасонад, кидар асоси барқияи Росавиатсия аз 31.03.2018 иҷрои парвозҳоро ба 1 қатор шаҳрҳои Федератсияи Россия маҷбуран қатъ менамояд. Аз ин лиҳоз ширкати «Сомон эйр» аз тамоми мусофиронаш маъзарат хоста, таъкид менамояд, ки маблағи ҳамаи чиптаҳои харидашуда баргардонида мешаванд.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти ширкати мазкур ба СССР расида,
Росавиатсия аз соати 00.01-и (вақти Москва) 2.04.2018 иҷрои хатсайрҳои Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе-Қазон-Душанбе, Душанбе-Краснодар-Душанбе, Душанбе-Красноярск-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Сочи-Душанбе, Хуҷанд-Қазон-Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷандро манъ менамояд. Мӯҳлати амали барои иҷрои парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳамчунин аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом мерасад.
Дар барқияи Росавиатсия ҳамзамон қайд шудааст, ки манъи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ – «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба қаламрави Россия бо қарори Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия дар пайи аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ нашудани дархостҳои ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» бобати иҷрои парвозҳо дар қаламравиТоҷикистон дар ҳаҷми пурра ҷорӣ мегардад.
Хатсайрҳои Душанбе-Москва-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Москва-Кӯлоб бетағйир тибқи ҷадвали парвозҳо иҷро мегарданд.
Айни замон мутахассисони маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мусофиронро аз манъи хатсайрҳои номбаршуда огоҳ месозанд. Маблағи чипта ба ҳама мусофирони хатсайрҳои мазкур дар нуқтаҳои хариди онҳо баргардонида мешавад.
Маълумот оид ба иҷрои хатсайрҳои манъшуда иловатан пешниҳод хоҳад шуд. Барои гирифтани маълумоти бештар мусофирон метавонанд ба маркази маълумотдиҳии ширкат бо рақамҳои 44-640-40-40, 44-640-40-49 ва 44-640-40-50 муроҷиат намоянд.

Панҷшанбе, Март 29 2018


   Субҳи имрӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории хеш ба вилояти Суғд ба ш.Истаравшан омада, аз мавзеҳои «Қизилӣ» ва «Сексарӣ» аз наздик ошно гашт. Пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ” баъди таҷдид ва азнавсозӣ ба фаъолият шурӯъ карда, баъд аз 26 соли бекорхобидан боз аз нав обшор мегарданд.
   Бино ба итиллои расмӣ, баъди ба фаъолият оғоз кардани пойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” ҳолати мелиоративии 4 ҳазор гектар замин беҳтар гашта, аз ҷумла, 1300 гектар замини аз кишт берунмонда ба гардиш дароварда шуда, аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1000 гектар замин аз худ карда мешавад. Масоҳати умумии заминҳои мавзеъ дар маҷмуъ 5 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки 3 ҳазору 300 гектараш замини корами обӣ мебошад.
Баъди обёрии заминҳо ва бунёди боғот дар ин минтақа 5500 оила соҳиби ҷойи кори доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аст.
   Аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар минтақаи “Қизилӣ” соли 2017 — 1 ҳазору 279 гектар замин, аз ҷумла 716 гектар фонди махсус ва боқимонда заминҳои захираи давлатӣ аз сабаби номураттаб кор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмирталаб будани каналҳои обгузар ва беназорат мондан заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд.
   Тибқи маълумот айни замон дар мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” беш аз 500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар ихтиёри онҳо зиёда аз 2 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Баъди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ дар мавзеи мазкур 335 гектар замин ба 33 хоҷагии деҳқонии нав вогузор шуд. Ҳамзамон барои таъсиси 17 хоҷагии дигар ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани боз 520 гектар замин корҳо идома доранд.
   Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар 1 мавзеи хушбоду ҳавои байни ш.Истаравшан ва н.Деваштичи в.Суғд бо шинонидани ниҳол ба бунёди боғи интенсивӣ дар майдони 20 гектар асос гузоштанд. Дар боғи нави интенсивӣ ниҳоли дарахтони себ, олу, гелос ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаи содиротӣ шинонида шуд.
   Дар мавзеи “Қизилӣ” 5035 гектар заминҳои шаҳри Истравшан ва 3748 гектар заминҳои ноҳияи Деваштич мавҷуд аст, ки аз ин дар шаҳри Истаравшан 580 хоҷагии деҳқонӣ ва дар ноҳияи Деваштич 27 адад хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ фаъолият доранд. Дар мавзеи “Қизилӣ” минбаъд парвариши 3 навъи себ, ду намуд олу, 3 навъи ток, аз ҷумла “Тоифии намрин”, “Кишмиши сиёҳ” ва “Ангури Ҳусайнӣ” ва як намуд олуча ба роҳ монда мешавад.
  

саҳ 88 аз 156

Китобҳо

Flag Counter