Соли 2017 бори аввал дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ба 3 нафар беморон амалиёти пайвандсозии мағзи устухон дар шӯъбаи навтаъсиси дорои таҷҳизоти муосир гузаронида шуд. Инчунин, соли гузашта нахустин маротиба дар ҷумҳурӣ ба 20 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳӣ ҳангоми хунрезии майнаи сар гузаронида шуданд, ки натиҷаҳояшон мусбӣ аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттиллоъ дод. Чуноне ки Насим Олимзода қайд кард, дар соли 2017 дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 87 намудҳои ҷарроҳӣ анҷом дода шуданд, ки қаблан чунин ҷарроҳиҳо дар Тоҷикистон гузаронида намешуданд.
СССР
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иброз менамояд, ки дар соли 2017 дар байни духтурони кишвар 60 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки қисми бештари онҳо характери коррупсионӣ доранд. Бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои санитариву эпидемиологӣ ва шикояти зиёд аз беморон дар тӯли соли сипаришуда, фаъолияти 23 духтурхонаи дандон дар мамлакат қатъ гардид. Бино ба иттилои Олимзода, мардум, хоса беморон дар сурати муносибати дағал ва тамаъҷӯии духтурон метавонанд тавассути телефони боварӣ ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд. Рақами телефонҳои шахсони масъул дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар эълон, насб ва навишта шудаанд.
СССР
«Тоҷик Азот»-и шаҳри Сарбанд муддати 2 сол мешавад, ки коргаронашро ба рухсатии бемузди меҳнатӣ равон кардааст ва ҳоло корхона аз собиқ кормандонаш 2 миллион сомонӣ қарздор аст. Раиси шаҳри Сарбанд Самизода Санавбар, имрӯз 7 феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, беш аз 200 нафар коргарон то ҳол фаъолият мекунанд. Самизода иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта амр дод, ки корхонаи “Тоҷиказот”-ро барҳам бидиҳанд. Дар заминаи он корхонаи нави кимиёвии "Нуриҳои Осиё" таъсис ёфт ва сармоягузори асосиаш Чин аст. Роҳбарияти нави корхонаи мазкур қарзи собиқ кормандонашро ба дӯш гирифта, то охири сол ба пуррагӣ қарзи коргаронро пардохт мекунад.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
7.02.2018, дар толори мақомоти иҷроияи маҳалаи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Бохтар зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳия 52 масҷидҳои ғайрирасмӣ баста шуда, бо қарори раиси ҳукумати ноҳия бинои онро ба бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва ба оилаҳои эхтиёҷманд дода шудааст.
Баҳодур Уроқов,
СССР вилояти Хатлон
Бино ба итиллои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ то ба имрӯз 3694 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, 3377 нафарашон ба Ватан баргардонида шудаанд. Аз ин теъдод 88 нафар дубора бо ҷойи таҳсили пешинаашон фаро гирифта шуда, 405 нафар то ҳанӯз дар кишварҳои исломию арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Эрон ва Покистон қарор доранд.
Дар ин робита бояд қайд намуд, ки аз ҷониби кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ барои баргардонидани ин шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар