Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дирӯз, 19.06.2017 дар пойтахт маркази бузурги обии «Обшорон»-парки обиро ифтитоҳ намуд. Бояд қайд намуд, ки ин аквапарк калонтарин дар мамлакат маҳсуб ёфта сохтмони он дар майдони 20 000 метри мураббаъ моҳи феврали соли 2016 шурӯъ гардида буд.
Маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавз — шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар 1 вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад.
Сохтмони Аквапарки Душанберо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сохтмони махсус» дар ҳамкорӣ бо ширкати италиявии «Престон ва Барбиери» («Preston & Barbieri») дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ва дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расондаанд.
СССР
Тайи 2 рӯзи охир ба пуррагӣ қатъ шудани оби нӯшокӣ бархе аз сокинони шаҳри Панҷакентро нигарон кардааст. Сокинони маҳаллаҳои Самарқандӣ ва Навбунёд мегӯянд, ду рӯз яъне санаҳои 17 ва 18-ум оби ошомиданӣ дар маҳаллаҳои мо қатъ гардид. Онҳо мегӯянд, дар дигар рӯзҳо ҳам обро аз рӯи соат медоданд, вале ду рӯз охир ҳамон ҳам гум шуд.
- Дар ин гармои тобистону моҳи Рамазон набудани об барои зиндагии мо як вазнинии дигарро зам намуд. Чизи дигар ин аст, ки масъулини идораи об фақат баҳона пеш меоранд, ки гӯё насос сӯхтааст. Фақат насоси маҳаллаи мо месӯзад магар? - мегӯяд бошандагони ин маҳалла.
Хуршед Фозилов
Шаби гузашта қатораи мусофиркаши Тоҷик аз рӯи хатсайри Душанбе-Остона ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон расид. То ба имрӯз алоқаи мустақими роҳиоҳанӣ аз Душанбе то Остона набуд ва ин хатсайр дар арафаи баргузории намоишгоҳи бузурги ҷаҳонӣ «EXPO-2017», ки ин рӯзҳо дар Остона мегузарад, роҳандозӣ шудааст.
Бино ба иттиллои хабаргузориҳои қазоқӣ, тавофуқнома дар бораи роҳандозии хатсайри мусофиркашӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон дар чаҳорчӯбаи гуфтушунидҳои ҳукуматҳои 2 давлат сурат гирифта хатсайри мазкур тавассути Қароқалпоқистон-Бейнеу-Ҷазқузғон ҳаракат намуда аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе ба роҳ мебарояд.
СССР
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ эълон намуд, ки 27.06.2017 дар вақти таҷлили 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ш.Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилоимаркази матбуоти ВКД ҶТ, дар рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ баргузор мешавад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 07:00 то соати 21:00 маҳдуд карда мешавад.
Раёсати БДА ба ронандагон маслиҳат медиҳад, ки аз роҳҳои иловагии зерин истифода баранд:
Аз самти минтақаи Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе:
- Данғара - Қӯрғонтеппа – Душанбе;
- ағбаи Чормағзак – Ёвон – Душанбе;
- деҳаҳои Бостон (Эскигузар) – Абдулообод – Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат – х.Ленингради н.Рудакӣ - Душанбе;
Аз самти водии Рашт ба самти шаҳри Душанбе:
- деҳаҳои Меҳробод (Қарабулоқ)-и н.Файзобод - Бостон (Эскигузар) – Абдулообод – Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат – х.Ленингради н.Рӯдакӣ – шаҳри Душанбе;
Аз самти шаҳри Душанбе – ба самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт:
- х.Ленингради н.Рӯдакӣ - деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) - Карим Исмоил – Абдуллообод - Бостон (Гургхӯрда)-и Ваҳдат;
- маҳаллаи Обшорон – заводи шифери километри 9-ум - деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) - Карим Исмоил - Абдуллообод - Бостон (Гургхӯрда)-и шаҳри Ваҳдат.
СССР
Субҳи 15 июн, тақрибан соати 3:40, дар наздикии деҳаи Ионичёвкаи ноҳияи Петровский шоҳроҳи Саратов-Нижний Новгороди Русия 1 мошини тамғаи "Хюндай Солярис” бо 5 мусофираш, ки ҳамагӣ ҷавонони тоҷик будаанд, чаппа шудааст. Тибқи иттилои мақомоти Русия дар пайи садама 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гашта, 3 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба навиштаи расонаҳои Русия фавтидагон ҷавонони 19 ва 22-сола буда, маҷруҳон аз 25 то 27 сол доранд.
Бо ташаббуси СССР ва бо дастгирии ҲХДТ дар вилояти Хатлон-Хайриддини 44-сола соҳиби аробачаи маъюбӣ шуд. Хайриддин-сокини ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и н.Бохтар аз кӯдакӣ ба бемории фалаҷ гирифтор аст. Ӯ аз ин бемориаш руҳафтода нашуда, табъаш ҳамоно болида аст, чун инсонест, ки бо чеҳраи хандон бо сокинони деҳ сухан мегӯяд. Хайриддин чанд вақт пеш аз ман хоҳиш кард, ки ба аробачаи маъюбӣ ниёз дорад… Субҳи 16 июн Ализода Аҳмадҷон-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вил.Хатлон ба ӯ аробачаи маъюбӣ ҳадя намуд. Аҳсан ба раиси ҲХДТи Хатлон! Мо метавонем!
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар