ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 31 2017


Шамоли сахти 1 дақиқаинаи санаи 30-юми май дар шаҳри Панҷакент  хисороти зиёде дар пай доштааст.
Боди сахте, ки тақрибан соати 12-50-и имрӯз дар Панҷакент  вазид, чандин дарахтонро шикаставу боми манзили чанд сокинонро кандааст.
Бино ба маълумоти стансияи ҳавосанҷии Панҷакент суръати шамол, тақрибан 12-14 метр/сонияро ташкил додааст.


Хуршед Фозилов, СССР, водии Зарафшон

Сешанбе, Май 30 2017

Нақлиёти оташнишонӣ дар бозори марказии шаҳри Панҷакент, зиёда аз 20 дақиқа ҳудуди 400 метрро ҳаракат намуд.
Дар 1 санҷиши муштараки кормандони хадамоти оташнишонӣ ва ШВКД дар ш. Панҷакент ҷиҳати бехатарӣ аз сӯхтор дар бозори ш. Панҷакент маълум гардид, ки вазъи бозори марказии шаҳр барои вориди озодонаи нақлиёти оташнишонӣ созгор набуда, ба талаботи зиддисӯхтор ҷавобгӯ набудааст.


Растаҳои баромадаву худсохти савдогарони дохили бозор намегузошт, ки мошинҳо зиддисӯхтор ҳаракат намоянд ва дар сурати сар задани сӯхтор нақлиёти оташхомӯшкунӣ озодона вориди бозор гарданд.
Кормандони хадамоти оташнишонӣ дар ш. Панҷакент мегӯяд, мо ҳатто пешакӣ савдогаронро огоҳ намуда будем, вале мебинед вазъ бетағйир аст. Аз ин пас мо тез – тез чунин рейд мегузаронем то фурӯшандагон одат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки чанд сол мешавад раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати кӯчонидани дозори марказии шаҳри Панҷакент дастур медиҳад.
Бозори мазкур яке аз қадимтарин бозорҳо дар Панҷакент буда, ҳанӯз солҳои 1937-уми қарни гузашта сохта шудааст.


Хуршед Фозилов, СССР, водии Зарафшон

Ҷумъа, Май 26 2017


Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия  Владимир Путин аз 9.05.2017 «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ва Ҷоми конфедератсияи ФИФА дар соли 2017 дар Федератсияи Россия» аз 1 июн то 12 июли соли 2017 дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочии Федератсияи Россия муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар мақомоти муҳоҷиратӣ 1 шабонарӯз муқаррар карда шудааст.
Шаҳрванди хориҷие, ки барои будубоши муваққатӣ, доимӣ ва ё фаъолияти меҳнатӣ дар давраи баргузории мусобиқаи конфедератсияи ФИФА,аз 1 июн то 12 июли соли 2017 ба шаҳрҳои номбаршуда ворид мешаванд, бояд давоми 1 шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.
Бинобар ин зарур аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки дар давраи зикршуда (аз 1 июн то 12 июли соли 2017) мақсади воридшавӣ ба шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочиро доранд, дар сурати надоштани имконияти дар 1 шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, аз сафар ба шаҳрҳои мазкур худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар ин давра пурзӯр гардида, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд сабаби  татбиқи чораҳои қатъӣ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ нисбат ба онҳо гарданд.
Бояд гуфт, ки чораҳои мазкур муваққатӣ буда, танҳо дар муддати 42 рӯз, яъне аз 1 июн то 12 июли соли 2017 татбиқ мегарданд ва онҳо на танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ доранд.



СССР


Чоршанбе, Май 24 2017


Ба хотири дар моҳи шарифи Рамазон боло нарафтани нархи маҳсулот ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти нисбатан арзони мавриди ниёзи аввал Рустами Эмомалӣ, раиси ш. Душанбе ба роҳбарони КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира  ва фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе», «Бозори Деҳқон», «Бозори  Шоҳмансур», «Бозори Саховат» ва дигар идораю муассисаҳои дахлдор дастур дод, ки тӯли ин моҳ барои соҳибкорону тоҷирон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ ва иттифоқи «Тоҷикматлубот», ки ба бозорҳо маҳсулот мебароранд, шароит фароҳам оранд ва онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намоянд.
Инчунин, тибқи қарори махсуси раиси ш. Душанбе дар моҳи шарифи Рамазон дар таваққуфгоҳи назди КВД «Бозори меҳргон», майдончаи назди бозори «Қарияи Боло», майдончаи назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзода-36, қисмати ҷанубии Боғи «Дӯстии халқҳо» аз ҷониби кишоварзони минтақаҳои гуногуни мамлакат ярмарка-фурӯши молу маҳсулот доир карда мешавад. Илова бар ин, маъмурияти бозорҳо вазифадор шуданд, ки бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ, ҳамарӯза дар моҳи шарифи Рамазон мустақиман харид, ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалияро дар бозорҳо таъмин кунанд.     



СССР
 


Чоршанбе, Май 24 2017


Шоми дирӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат суханронӣ намуда тамоми ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, табрик намуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон нерӯи созанда ва тавонои Тоҷикистон буда пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад.
Дар раванди давлатсозӣ ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии ватан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти идораи давлат ва рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.
Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки ҷавонони даврони истиқлолият таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош мекунанд.
Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад. Хизмати содиқона кардан ба Ватан — модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода мебошад.
Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан, афзоиш пайдо кардани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм ҷавонони моро зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд. Хотиррасон менамоям, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.» омадааст дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон.



СССР

Сешанбе, Май 23 2017


Мутобиқи Нақшаи генералии ш. Душанбе, ки 28.04.2017 тасдиқ гашт, васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ  шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040  пешбинӣ  гардидааст.
Афзоиш шумораи аҳолӣ дар  ҳудуди лоиҳавӣ  дар марҳалаи аввал то соли 2025  936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040  1 миллиону 176 ҳазор нафар  муайян гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки азхудкунии заминҳоро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе то солҳои 2040 марҳила ба марҳила амалӣ ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо то соли 2025 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои  атрофи онро тарҳрезӣ намояд. Инчунин омодакунии муҳандисии ҳудуд, инчунин барқарорсозии шабакаҳо ва иншооти муҳандисии мавҷударо тибқи талаботи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе  роҳандозӣ намояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инчунин муваззаф гардидааст, ки нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро  тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ намояд, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ  монад.
Тибқи ин қарор ҳамчунин Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ  вазифадор гардидаанд, ки ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва ниҳолзори бисёрсола  дар  заминҳое, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  ҳамчун ҳудуди дурнамои рушди шаҳр муайян шудаанд, роҳ надиҳанд.



СССР
 


саҳ 115 аз 156

Китобҳо

Flag Counter