Имрӯз субҳ бо сабаби мушкили техникӣ доштан ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии русии « Utair» аз рӯи хатсайри Душанбе-Маскав парвоз накард. Мусофирони ин хатсайр, ки бояд соати 06:00-и субҳ парвоз мекарданд, пас аз пеш омадани проблемаи техникӣ аз дохили ҳавопаймо бароварда шуданд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе хабар доданд, ширкати «Utair» ният дорад мусофирони ин хатсайрро шоми имрӯз бо парвози навбатӣ ба Маскав фиристонад.
СССР
Ширкати ҳавопаймоии “Ямал” аз имрӯз фурӯши чиптаҳоро ба Тоҷикистон сар кард.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз вазорати нақлиёти кишвар хабар доданд, ширкати мазкур сар аз 1.06.2017 ҳар ҳафтае 3 парвоз аз фурудгоҳи «Жуковский»-и Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд анҷом хоҳад дод.
СССР
Мухбири СССР дирӯз зимни сафари кории худ ба деҳоти дурдаст ва наздимарзии Шулуми ш. Турсунзода ба хонаи марҳум Аслиддин Шоимов, чӯпоне, ки бегоҳи 15.04.2017 ҳангоми чаронидани чорво дар ҳудуди наздимарзӣ бо Ӯзбекистон аз тарафи марзбонони ин кишвар парронда шуд, омада ба аҳли оилаи марҳум аз номи ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР арзи тасаллият намуд.
Падару модари Аслиддин ҳарду нафақахӯр буда аз фарзандашон, ки соли таваллудаш 1991 буд, 2 фарзанд - яке 3 солаву дигаре 1 сола боқӣ мондааст.
Дар баробари ин раиси ш. Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода ва дигар масъулини шаҳр, ки бо сафари корӣ, боздид ва ошноӣ бо мушкилоти мардуми деҳаҳои дурдасти наздимарзӣ ба деҳоти Шулум омада буданд, ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда аз ҷониби Ҳукумати шаҳр ба ин оилаи ниёзманд кӯмаки хайриявии озуқа, доруворӣ ва пулӣ низ карданд.
СССР
Тибқи овозаҳо, Маъруф Маҳмудзода директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» баъди тафтишоти пурзӯре гӯиё истеъфо додааст.
Вале Бекмурод Тағаймуродов сардори ситоди фурудгоҳи Қурғонтеппа имрӯз 15 май дар сӯҳбати хабарнигори СССР гуфт, ин овозаҳо асос надоранд ва ягон хел тафтишот нагузашта буд. Гендиректор бо ихтиёри худ аризаи истъфо навишт. Масъулони фурудгоҳ авомили истеъфо рафтани Маъруф Маҳмудзодаро намедонанд вале гуфтанд, ки номбурда ҳоло дар Хуҷанд аст. Дар ҳамин маврид ҳоло иҷрокунандаи директори генералии фурдгоҳ муовинаш Абдурашидов Фарҳод таъиш шудааст.
Маҳмудзода то моҳи феврали соли 2016 ҳудуди 6 сол Директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» буд ва бо қарори ҳукумат 22-юми феврали соли гузашта директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» таъин гардид. Далели аз кор рафтани Маҳмудзода то ҳол шарҳ дода нашудааст. Воқеан ҳам ин амал аз ангуштшумор амалҳои ба истеъфо рафтани сарварони корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
Тибқи чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯ прукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе ҷиҳати муваққатан аз соати 800 рӯзи 15 то соати 800 рӯзи 16.05. 2017 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар х.Ҷ. Расулов тасдиқ карда шуда ҳамзамон дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар х. Ҷ. Расулов, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Сино, хиёбонҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, кӯчаҳои Маяковский, Шерализода, Абдулобеков, шаҳракҳои 15, 15а ва 32 қатъ мегардад.
Аз об истифодабарандагони хиёбону кӯчаю шаҳракҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯ шокиро барои 1 шабонарӯз захира намоянд.
СССР
Шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, ба маблағи 96,4 миллион $ таҷдид мегардад. Вакилони Парлумони Тоҷикистон 11 май 2 Созишнома- Созишномаи маблағгузорӣ ва грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд /БОР/ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи роҳравҳои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ /ҲИМОМ/ ва лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппаро ба тасвиб расониданд. Маблағи умумии татбиқи лоиҳа 96,4 миллион доллар буда, аз он 15,8 миллион доллар гранти БОР, 49,4 миллион доллар қарзи БОР, 12 миллион доллар қарзи Фонди байналмилалии рушди ОПЕК, 2 миллион доллар гранти Фонди неруи тоза ва 17,2 миллион долларро саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Марҳилаи аввали лоиҳа 33 километри роҳи автомобилгардро аз Душанбе то деҳаи Чашмасорони ноҳия Рӯдакӣ дарбар гирифта, дар доираи лоиҳа роҳи автомобилгард то 4 хат васеъ карда мешавад. Рӯйпӯши роҳҳо беҳтар гардида, воситаҳои бехатарии ҳаракати нақлиёт гузошта мешаванд. Ҳамчунин чароғҳои равшаникунанда ва низоми таъмини неруи барқ дар асоси панелҳои офтобӣ насб мегарданд. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2017 оғоз ёфта, моҳи марти соли 2021 ба анҷом расонида шавад.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар