ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Апр 24 2017


Рустами Эмомалӣ, раиси ш. Душанбе тасмим гирифт номи бархе аз корхонаву муассисаҳои пойтахтро иваз намояд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарорҳои мазкур 1 қатор корхонаву муассисаҳои ш. Душанбе табдили ном карданд. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» ба «Маркази ҷавонон», Корхонаи воҳиди давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ» ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ба Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун», Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Меҳргон» ва Муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт» ба Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» иваз гардиданд.



СССР
 

Ҷумъа, Апр 21 2017


ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар семоҳаи аввали соли 2017 ба 287 216 нафар мусофир хизмат расонид, аз он ҷумла, ба 165 915 мусофири рафта ва 121 301 ҳазор мусофири омада.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд, дар давраи ҳисоботӣ миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурӯдгоҳ қабулгардида 594 тоннаро ташкил дод. Оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоч бошад 239 эрод ворид шуда, аз он 222 қонеъ гардонида шуданд.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Turkish Airlines, Kam Air, China Southern Airlines, Flydubai, Iran Aseman Airlines), 5 ширкатиҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана -Қазокистон) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ меёбанд.
Аз фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, ҶумҳурииҚазоқистон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия,Ҷумҳурии Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимииширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 12 ададро ташкил медиҳанд.



СССР

Сешанбе, Апр 18 2017


Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, қатора аз роҳ берун шудааст. Бархе сабаби берун шудани қатораро ба дигар роҳ, яъне роҳи худро дигар кардани рафтани он медонанд. Айни ҳол шоҳидон мегӯянд, кормандони милитсия дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва кран қатораро бароварда истодааст.

Сешанбе, Апр 18 2017


Масъулини соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахни ният доранд фаъолияти микроавтобусҳои навъи «Старекс»-ро, ки хати сайрашон тавассути кӯчаву хиёбонҳои протоколӣ сурат мегирад, маҳдуд намоянд. Ин амал зина ба зина тадриҷ шуда нахуст хиёбони Рӯдакии ш. Душанбе аз «Старекс»-ҳо пок карда мешавад.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, тавассути хиёбони Рӯдакӣ хатсайрҳои №№ 8 ва 16 ба роҳ монда шудааст ва пеш аз ҳама самти ҳаракати ин хатсайрҳо иваз карда хоҳад шуд. Ба ҷои ин микроавтобусҳо, ки имрӯз ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд, автобусҳои нав ба роҳ монда мешаванд.



СССР

Душанбе, Апр 17 2017


Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ  бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт бо 1 қарори вежаи худ 20 000 сомонӣ ҷудо кардааст.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 20 000 сомонӣ барои ҳавасмандгардонии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
Мукофоти молии Раиси шаҳр имрӯз дар ҷашни Рӯзи пойтахт ба роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе супорида шуд.



СССР


Панҷшанбе, Апр 13 2017


Автобусҳои нави шаҳрдорӣ дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, барои сокинон ва меҳмонони ш. Душанбе ройгон хизмат хоҳанд кард. Дар ин бора ба мухбири СССР аз Ҳукумати ш.Душанбе хабар доданд.
Автобусҳои нав аз ҷониби ҳукумати ш. Душанбе ба маблағи умумии 3428600 евро харидорӣ шуда, ҳар кадом 85 000 евро нарх доранд. Автобусҳои мусофиркаши нав ба ҳама талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар онҳо ду камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст. Дар автобусҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд низ шароит фароҳам оварда шудааст.
Мусофиркашонҳои нав дар хатсайри №1 ва №3 дар маркази шаҳр -хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат намуда, баъди ду моҳи пардохти нақдӣ ба хизматрасонии электронӣ мегузаранд. Дар ҳар автобус 3 таҷҳизоти электронӣ насб мегардад.



СССР

саҳ 119 аз 156

Китобҳо

Flag Counter