ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Апр 03 2017


Хатсайри ҳавоии Тошканд-Душанбе, ки бояд фардо, рӯзи 4.04.2017 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» анҷом мешуд, ба рӯзи 11.04.2017 мавқуф гузошта шуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР намояндаи расмии ин ширкати номбурда Орифҷон Рӯзимуродов изҳор дошт, хатсайр бо сабабҳои техникӣ ба рӯзи ҳафтаи дигар гузаронида шуда рӯзи 11.04.2017 дар вақту соати муайаншуда ба Душанбе парвоз хоҳад кард.


СССР

Душанбе, Апр 03 2017


40 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд аз  шаҳру деҳоти Панҷакент, бо дастгирии молии КМ "Зарафшон" хатна карда шуданд. Саҳни тарабхонаи "Меҳр" пур аз одам буд. Ду тараф дастурхони пурнозу неъмати тӯёна оро дода шуда,  дар тарафти рост кӯдакон бо волидону намояндагонашон ва сарулибоси якхела зиёфат мехӯрданд.  Бо садои карнай раиси шаҳри Панҷакент ва намояндагони КМ "Зарафшон" ба кӯдакон тӯҳфаҳои моливу пулиро инъом намуданд. Рақсубозӣ ва велосипедронии кӯдакон дар саҳни тарабхона бо овози сарояндагон ҷӯр мешуд. Чанде аз волидон ҳини суханронии хеш миннатдориашонро ба ташаббускорони ин амали хайру савоб баён доштанд.


Хуршед Фозилов

Душанбе, Апр 03 2017


Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия сар карда аз имрӯз, 3.04.2017 парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро аз Душанбеву Хуҷанд ба самти Маскав манъ кард. То ба имрӯз «Сомон Эйр» ҳафтае 7 маротиба аз Душанбе ва 3 маротиба аз Хуҷанд ба самти Маскав парвоз анҷом медод ва ҳамакнун бо ин амал парвозҳои ин ширкат аз Хуҷанд ба таври пурра аз байн бардошта шуданд. Субҳи имрӯз бошад парвози ҳавопаймои ин ширкат ба Маскав, ки бояд соати 8:00 аз Душанбе парвоз мекард, аз ҷониби Маскав манъ карда шуд.
Ин қарорро вазорати нақлиёти Русия пас аз ба тавофуқ нарасидани 2 кишвар, алалхусус тарафи Тоҷикистон вобаста ба парвозҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбеву Хуҷанд пеш гирифта боз ҳам тазаккур додаст, ки агар ин мушкилот аз ҷониби Тоҷикистн ба зудӣ ҳал нашавад, тамоми парвозҳои ширкатҳои Тоҷик таҳрим хоҳанд шуд.



СССР





Ҷумъа, Март 31 2017


Боришоти зиёди борон ба якчанд сокинони шаҳри Панҷакент хисорот расонидааст. Ба хусус боришоти шаби 29 ба 30-юми март ба якчанд манозили сокинони ҷамоати деҳоти Хурмӣ зарар расонида, девору оғилҳои ин сокинон аз намии зиёд чаппа шудааст. Ҳамзамон дар роҳи деҳаҳои Ҳавзак - Сурхоб лойу сангрезаҳо фаромада, ба хонаҳои сокинон ҳам даромадааст. Ҷаҳонгир, як сокини деҳаи Сурхоб мегӯяд, танҳо аз ман 4-5 сотих замини корамро, ки картошка кишт намуда будам об шуста вайрон кард. Шаби 29 ба 30-юми март воқеан боришоти зиёд борида, тибқи иттилои мутахасисон ҳудуди 50 Мл борон қайд шудааст. Ин дар ҳолест, ки обу ҳавошиносон то 1-уми апрел боду ҳавои ноустуворро пешгӯӣ намудаанд.


Хуршед Фозилов

Панҷшанбе, Март 30 2017


Дирӯз 29 март соати 16:50 дақиқа дар маркази шаҳри Қурғонтеппа садамаи шоҳқубури обгузари оби нӯшоки рух дод. Ба корхонаи давлатии фаръии байниноҳиявии обу канализатзияи шаҳри Қурғонтеппа занг зада хостам бифаҳмам, ки то кадом андоза ин корхона садамаро саривақт аз байн мебарад. Бобоҷон Ғаюров муовини раиси ин корхона дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки «ин садама дар кӯчаи С.Айнӣ - роҳи протоколӣ сар зада, сабабаш мошинҳои гаронвазн аст. Ба ҳама маълум, ки имрӯз ҳаво бениҳоят гарм шуду ин садама рух дод, лек мо талош мекунем, ки онро зуд ба ҳолати аввала баргардонем, то ки сокинони шаҳр бе об намонанд».
Абуллоев Искандар-муовини шаҳр дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, мошинҳои гаронвазн бояд рӯзона дохили шаҳр ворид нашавад. Барои мошинҳое, ки аз самти Кӯлоб- Қурғонтеппа, Қубодиён-Сарбан ё Душанбе-Бохтар меоянд, бо роҳи ҳалқа ҳаракат кунанд ва он ҳам дар вақти муайян. Ин мушкил бояд аз ҷониби кормандони БДА назорат шавад.


Баҳодур Уроқов СССР шаҳри Қурғонтеппа

Панҷшанбе, Март 30 2017


Пагоҳ, 31.03.2017 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гузоштани санги аввали сохтмони терминали боркашонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” сурат хоҳад гирифт.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти фурудгоҳи Душанбе хабар доданд, ин иншоот дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи “Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар асоси созишномаи грантии байни Ҳукумати ҶТ ва Агентии Ҷопон “JICA” сурат гирифта маблағи умумии лоиҳа тақрибан 17,360,544 доллари ИМА ро ташкил медиҳад. Тибқи ин созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фуруди аниқи ҳавопаймо мусоидат хоҳад кард. Кӯмаки техникии ин лоиҳаро Консорсиуми ширкатҳои ҷопонии “Ниппон Кое” бар дӯш гирифта барои харидорӣ намуданитаҷҳизоти системаи автоматии ҳавопаймоҳо ширкати “Адад Валю Корпорейшн” муваззаф аст.

СССР

саҳ 121 аз 156

Китобҳо

Flag Counter