Вазорати нақлиёти ҶТ рӯзи 31.01.2017 эълон намуд, ки минбаъд ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири Душанбе-Хуҷанд ва баръакс тавассути реҷаи махсус ба роҳ монда мешавад. Аз рӯи реҷаи муайаншуда ҳаракат дар самти Душанбе-Хуҷанд дар рӯзҳои ҷуфт ва дар самти Хуҷанд-Душанбе дар рӯзҳои тоқи моҳ сурат гирифта ин ҷадвал то 1.03.2017 амалӣ меёбад.
Чуноне ки ҳамагон медонанд тайи 5 рӯзи охир бо сабаби фаромадани беш аз 70 тарма дар ин масир ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд гашта рӯзҳои 28-29 феврал он тамоман баста шуда буд.
СССР
Соли 2016 дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ 98,5 км. роҳи автомобилгард, 18 пул, 40,7 км. хати роҳи оҳан, 3,7 км. нақб сохта ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти кишвар рӯзи 30.01.2017 иттиллоъ дод.
Чуноне ки Худоёр Худоёрзода таъкид дошт, дар соли сипарӣ гардида аз ҷумла азнавсозии роҳи автомобилгарди Восе – Ховалинг ба масофаи 88 км бо 12 адад пул, 45 адад қубур ва дигар иншоот, таъмири асосии 10,5 км. роҳи мошингардиРашт – Навобод ва 1 адад пул аз болои дарёи Сорбоғ ба маблағи 23 миллион сомонӣ, сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа, қисмати Ваҳдат – Ёвон бо дарозии 40,7 км. роҳ дорои 3 нақб бо дарозии 3,7 км. ва 5 пул ба маблағи 985 миллион сомонӣ анҷом ёфта ба истифода дода шуд.
СССР
Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки бинобар вазъи номусоиди ҳаво дар шоҳроҳҳои Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ –Мурғоб ва Хоруғ - Ишкошим хавфу хатари тармафароӣ ба амал омадааст.
Аз тамоми ронандаҳои воситаҳои нақлиёт ва мусофирону меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои номбурда, ҷойҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳаёти худу наздиконашонро зери хатар нагузоранд.
СССР
2991 нафар навхонадорон дар соли гузашта аз ташхиси ҳатмӣ гузаштаанд - мегӯяд Абдусамеъ Ортиқов сардухтури маркази саломатии шаҳри Панҷакент.
Ба иттилои ҷаноби Ортиқов, ташхис барои навхонадорон, тибқи қарори вазорати Тандурустӣ ҳатмӣ ва ройгон буда, бояд ҳама навхонадорон пеш аз издивоҷ аз ташхис гузаранд. Аммо як мушкилӣ ҷой дорад, ки то ҳол падару модарони ҷавонон ва котибони ҷамоати деҳот ва кормандони САҲШ ба ҷавонон намефаҳмонанд, бояд зуддат аз ташхис гузаранд. Агар барои мисол рӯзи шанбе тӯй дошта бошанд, арӯсу домодшавандагон чанд руз пеш ба мо муроҷиат мекунанд. Онҳо намедонанд, ки барои гирифтани ҷавоби баъзе ташхисҳо бояд чанд рӯз интизор шуд. Ин амали онҳо боис мегардад, ки тӯяшон ба дигар рӯз гузошта шавад - мегӯянд масъулони соҳа.
Аз рӯи қонунҳои САҲШ навхонадоршавандаҳо бояд ҳадди ақал 1 моҳ пештар бояд ба ин мақомот ариза диҳанд. Дар ҳамин ҳол бояд ҷавонон аз ташхис ҳам ҳарчи зудтар гузаранд.
Хуршед Фозилов
Аҷобати кор дар он аст, ки барои мардум рафтан ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ шарм ё ор шудааст - мегӯяд Зайниддин Одинаев сардухтури беморхонаи касалиҳорӣ рӯҳии шаҳри Панҷакент. Ба таъкиди ӯ, ба андешаи мардум ин беморхона гӯё танҳо барои беморони рӯҳист. Аммо ҳақиқат ин нест. Дар дигар кишварҳо аз хизматрасонии рӯҳшиносон васеъ истифода мебаранд.
-Дар вақти мушкилӣ пеш омадан ва гирифтори ғаму дард гардидан бояд мардум ба рӯҳшиносон муроҷиат кунанд. Одамон имрӯз агар асабиву ба мушкилии равонӣ гирифтор мешаванд, дарҳол назди невропатолог мераванд. Вале ҳоло ҳам дар мо истифода аз муроҷиати рӯҳшиносон роиҷ нашудааст - иброз медорад Одинаев. Ба иттилои ӯ, он чанд нафаре, ки соли гузашта худкушӣ карда буданд, дар қайди беморхонаи мазкур набудаанд. Вале хулосаи худкушии чанде аз онҳоро мақомот ба гирифтор будани бемории рӯҳӣ рабт доданд.
Хуршед Фозилов
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар ш. Душанбе 385 иншоот ва 5773 манзилҳои зисти шаҳрвандон таҳти санҷиш қарор дода шуда, ба 13 670 нафар шаҳрвандон қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор омӯзонида шуд. Нисбати вайронкунандагони талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ карданд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ВКД Ҷ хабар доданд, бархе аз шаҳрвандон дар баробари вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор боз даст ба ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ мезананд. чунин нафарон аз тарафи ниҳодҳои марбута ҳуҷҷатҳои лозима тартиб дода шуд, ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардиданд.
Дар баробари гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботии зиддисӯхторӣ дар биноҳои истиқоматии баландошёна, инчунин хонаҳои баландошёни навсохту нотамом мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбати 25 нафар мутасаддиёни иншоотҳои номбурда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудаанд.
Ин рейдҳои кормандони Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он тибқи дастуру супориши роҳбарияти ВКД ҶТ сурат гирифта дар иншоотҳои муҳими давлатии баландошёна, хобгоҳу манзилҳои истиқоматӣ идома дорад.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар