ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 26 2017

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иброз медорад, ки дар соли сипарӣ гардида бо намояндагони Ҳукумати авиатсионии Ҷумҳурии исломии Афғонистон вобаста ба кушодани долони нави ҳавоӣ сӯҳбат намуда дар ин бора Созишномаро оид ба аз нав барқарор намудани масири ҳавоӣ низ ба тасвиб низ расонидааст. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар имрӯз Раҳимҷон Саидов, муовини сардори корхонаи мазкур хабар дод.

Инчунин, Раҳимҷон Саидов  афзуд, ки аз ҷониби корхона дар соли 2016 ба 201 ширкати ҳавопаймоии сохторҳои мухталифи ватаниву хориҷӣ хизматҳои аэронавигатсионӣ пешкаш гардид, ки аз онҳо 15-тоаш ширкатҳои иҷрокунандаи парвозҳои доимӣ ва 186-тоаш ширкатҳои иҷрокунандаи парвозҳои ғайридоимӣ мебошанд.

Аз тарафи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли гузашта ба 44 517 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешниҳод шуд, ки ин назар ба соли 2015 11% камтар аст. Бино ба иттиллои Раҳимҷон Саидов, сабаби асосӣ - ин камшавии парвозҳои транзитӣ, поинравии теъдоди парвозҳо ба самти Федератсияи Русия, барои таъмир баста шудани фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ва набудани масирҳои трансконтиненталии қулай дар Афғонистон барои ширкатҳои авиатсионие, ки тавассути фазои ҳавоии кишвари мо убур мекунанд, мебошад.

 

СССР

 

Панҷшанбе, Янв 26 2017

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» эълон намуд, ки корҳои сохтмонӣ барои бунёди манораи 36-метрӣ дар фурудгоҳи ш. Душанбе аз моҳи августи соли 2017 оғоз ёфта онро мутахассисони фаронсавӣ хоҳанд сохт.

Чуноне ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Алишер Шанбиев, муовини аввали сардори КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иброз дошт, тарҳи сохти манора дар навбати аввал то 3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод. 

- Ҳоло бошад бо назардошти болоравии қурби доллари амрикоӣ ин нарх шояд каму беш иваз шуда бошад. Манора аз ҳисоби давлати Фаронса бунёд ёфта мӯҳлати сохта ва ба истифода додани он 18 моҳро дар бар мегирад, - қайд намуд Алишер Шанбиев дар мулоқоти хеш бо журналистон.

СССР

 

Чоршанбе, Янв 25 2017

Дар шаҳри Панҷакент, соли 2016, 8260 кӯдак ба дунё омадааст. Дар ин бора Раъно Абдуллоева, муовини менеҷери сохтори госпиталии ш.Панҷакет дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба иттилои Абдуллоева, ҳамчунин дар соли гузашта, 63 ҳолати мурда таваллуд шудани кӯдакон ба қайд гирифта шудааст. Аз шумори умумии кӯдакони таваллудшуда, 51% мардҳо ва 49%-ро духтарон ташкил медодаанд. Вобаста ба саволи хабарнигорон дар мавриди фавти модару кӯдак, масъулини беморхона афзуданд, ки фавти модарон нисбати соли 2015 камтар буда, дар соли қабл ин адад 2 ҳолатро ташкил медиҳад.

Хуршед Фозилов

 

Сешанбе, Янв 24 2017

Зафар-сокини ш.Қурғонтеппа бо автомашинаи кирокаши худ ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Қурғонтеппа ба самти ш.Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии н.Хуросон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи ронанда, марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, зани 61-солаи сокини ш.Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Кирокашони шаҳри Қурғонтеппа мегуянд, ки 3 моҳ пеш Зафар ҳангоми кирокашӣ ба 2 автомашинаи дигар бархурда буд…

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Сешанбе, Янв 24 2017

Фирдавсӣ Саидов, ки то ин дам роҳбарии КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус) ва дучарха” –ро бар ӯҳда дошт, дирӯз, 23.01.2017 бо фармони раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» таъин гашта дар ин вазифа Ғаюрбек Искандаровро иваз намуд.

Чуноне ки 1 манбаи боътимод аз шаҳрдории пойтахт ба СССР хабар дод, Фирдавсӣ Саидов алакай ба нақлиётчиёни ш. Душанбе муаррифӣ гашта ба кори нави худ шурӯъ кардааст. Фирдавсӣ Саидов 2 сол қабл низ роҳбарии ин муассисаро дар дӯш дошт.

 

СССР

 

 

Душанбе, Янв 23 2017

Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон, директори Муассисаи давлатии телевизионии «Ҷаҳоннамо» имрӯз  котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъин гардид.

Чуноне ки 1 манбаи боэътимод ба мухбири СССР аз шаҳрдории пойтахт хабар дод, Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон алакай ба роҳбарияти нави пойтахт муаррифӣ гашта ба кори худ дар Ҳукумати ш. Душанбе шурӯъ намудааст.

 

СССР

 

саҳ 127 аз 156

Китобҳо

Flag Counter