ХАБАРИ ДОҒ

Соҳиби нави хатсайри №28 кӣ мешавад?

  • Душанбе, Авг 07 2017


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон озмун эълон мекунад.Аз он ҷумла, дар озмун 1 лот дар доираи 2 хатсайр пешниҳод мегардад:
-хатсайри №50 (Ҷамоати Чоряккорон — Терминали мусофирбарии ҶСП “Фароз” ва хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон — КВД “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед”.
Хатсайри №28 то ин дам ба ҶСК «Нақлиёт» дахл дошта молики ин ҷамъият  Хуршед Қурбонзода, сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ мебошад.
Дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки дорои воситаи нақлиёти худиянд ё тибқи қонун ба он моликанд ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро ҷиҳати дарёфти ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ҳамчун ширкати нақлиёти автомобилии истифодаи умум доро мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, мӯҳрзада то соати 17:00-и 4 сентябри соли 2017 ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд. Озмун  5 сентябри соли 2017 соати 10:00 дар толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80 баргузор мегардад
Хоҳишмандон барои гирифтани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои озмун бояд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе- ба суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 80, ҳуҷраи 28 (ошёнаи 3),  бо дархости хаттӣ муроҷиат намоянд.
Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 221-83-56,  935 — 85-00-94 дастрас намоянд.










ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter