ХАБАРИ ДОҒ

 

Дар ҳоле, ки духтурон ва наздикон мегӯянд, ҳуқуқшиноси Тоҷик бо марги худ фавтидааст, ба масал «оппозитсионерҳо», ки бе «жаренный факт» монда буданд, аз марги хонум Файзиннисо Воҳидова мехоҳанд сенсатсия бунёд кардаву ҳукуматро бар маргаш муҷрим донанд. Беҳтарин посух ба ин бетутуруқонро шавҳари марҳума дод, ки навишт «ақаллан монед дар гӯр ором хобад!»…

Ростӣ, ин матлабро мехостам ҳамон рӯзе нависам, ки муаллимаи азиз, ҳуқуқшиноси варзидаи кишварамон Файзиниссо Воҳидова (равонаш шод бод) ҷон ба ҷаҳонофарин супурда буданду наҳзатиёну ифротиёну мухолифону бадхоҳони раҳбарияти кишвар беасос аз марги ин зани фозила ҳангома (сенсатсия) мекарданд. Аз рӯи фаросат нахостам мотамро дар фазои маҷозӣ ба майдони баҳс табдил диҳам, вале дидам, ки мухолифини давлат ноинсофонаву бевиҷдонона рӯзи мурда "тутхӯрӣ" карданд, тасмим гирифтам, изҳори назар намоям:
-Мавриди таъкид аст, ки муаллимаи равоншод ҳамчун 1 зиёии равшанфикру инсони вораста аз камбудиҳо интиқод мекарданд, имкони фаълолияту ибрози андеша доштанд, муҳтарама буданду дар тамоми манотиқи кишвар озодона гаштугузор доштанд, агар аз зуҳуроту рӯйдоду тасмиму қарору фармоне норозӣ буданд, дар расонаҳо нотарсона ва беибо арзи дил менамуданд, монанди "доиразанон"-и рӯзи фавташон… нисбати мухотаб ё рақибашон таҳқиру туҳмату тавҳинро раво намедиданд.
 Бехудоии Абдусалом Одиназодаро бубинед, ки 7-8 ҳазор км дуртар маитро «ташхис» кардаву омилҳои марги Файзиниссо-апаро "дақиқ" расонаӣ кард. Олими ҳақиқӣ то набзи беморро насанҷаду бо ҳамкасбон "консилиум" накунад, ҳаққи "вердикт" баровардан надорад. Инро ҳатто оддитарин ҳамшираи тиббӣ медонад!!! Аламовараш он аст, ки ба ин "шарлатан" баъзе ҳамватанон бовар кардаву зери навиштааш "лайк" мегузоранд. Баъдан, ин "муъминон" бояд ба ҳукми Худову қазову қадар тан медоданд, зеро мурдан ҳақ аст! Сониян, дардманд будану мубталои якчанд беморӣ буданашонро пайвандону наздиконашон тасдиқ мекунанд. Гузашта аз ин, шодравон на роҳбари мухолифин буданду на даъвои ҳукумат доштанду на хатаре ба ҳукумату давлат...
Биёед, хоҳ ҳукуматиему хоҳ мухолифин имону виҷдону инсофро аз даст надиҳем.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter