ХАБАРИ ДОҒ

ЗАГСи Қубодиён аз ман чӣ мехоҳад???

  • Панҷшанбе, Янв 31 2019


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман модари 4 фарзандам. Шаҳодатномаи 3 фарзандам гум шудааст. Барои барқарор кардани ҳуҷҷати кӯдаконам борҳо назди Бахтиёр Қурбонзода-мудири бахши САҲШ-и ноҳия рафтам. Он ҷо Зуҳро ном корманди бойгонии САҲШ аз ман барои аз нав кардан сари ҳар 1 шаҳодатнома “500 сомонӣ биёр” гуфт, ки ин дар умум 1500 сомонист. Азбаски ман аз оилаи камбизоатам, имкони ёфтани чунин маблағро надоштам. Хуллас, кор кашол меёфт. Писарам Анварҷон Бобоевро барои надоштани шаҳодатнома 2 сол боз ба мактаб қабул намекунанд. Имсол Анвар тайи 3 моҳ таҳсил кард, вале ман ба умеди Қурбонзода бозмондаму бачаамро боз аз мактаб пеш карданд. Дидам, ки ҳеҷ илоҷ нест, бо қарзу қавола 200 сомонӣ сари ҳар фарзандам (яъне 600 сомонӣ!) ёфта бурдам. Мудир “кам” гуфта нагирифт ва аз кабинеташ баровард. Барои гум кардани ҳамин ҳуҷҷатҳо қариб хонавайрон шудам. Чунки ҳар рӯз дари идораи САҲШ ё идораву ҷамоатҳо маълумотнома мегираму мераваму меоям... Дар танам курткаву дар поям пойафзолҳои шавҳарам... мераваму меоям, гардани каҷ мекунам, аммо дили Қурбонзода ва кормандонаш мисли санг барин.
Аз Рустам Шоҳмуродзода-вазири адлияи ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки барои гирифтани шаҳодатномаи писаронам-Абдулло, Анвар, Зиёдулло Бобоевҳо кӯмак расонанд. Илтимос, дастамро гиред. Агар кори маро ҳарчӣ зудтар анҷом надиҳанд, мумкин аст назди дари идораи САҲШ бо кӯдаконам даст ба фалокате бизанам...

Уғулой Бобоева,
деҳаи Чорбоғ, н.Қубодиён, тел: 93 104 39 75

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter