ХАБАРИ ДОҒ

Бо корманди БДА баҳс кунем, ё не?

  • Чоршанбе, Март 20 2019


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ин, ки СССР нашрияи мардумист ва шарик дар шодиву мусибати ҷамъият, ягон шубҳа надорам. Лиҳозо, мехоҳам аз 1 мушкили худ ба СССР муроҷиат кунам. Чанд суол ба Акбар Насимзода-раҳбари БДАи ҷумҳурӣ дорам ва хоҳишмандам посух диҳанд, то мисли ман садҳо нафар, ки бо ин мушкилот дар роҳ рӯбарӯянд, огоҳ бошанду аз ҳаққу ҳуқуқи худ бархурдор.
1.Кормандони БДА бояд барои айбдор кардани ронанда чӣ исбот дошта бошанд? Масалан, дар дигар давлатҳо барои исбот акс ё «видеофиксация» доранд…
2.Дар протоколе, ки нозири роҳ тартиб медиҳад, агар ронанда розӣ набошад онро чӣ гуна пур намояд, то ин ки бе ҷарима «права»-ашро бозпас гирад?
3.Дар ҷои мо бисёр вақт кормандони БДА одат кардаанд, ки протоколро пур накарда ба ронанда медиҳанду «имзо мон!» мегӯянд. Бояд нозири роҳ ҷойҳои холиро пур карда, сипас, он ҷоеро, ки ронанда бояд пур намояд, бидиҳад. Оё ронанда ҳақ дорад, ҷойҳои холии протоколро хат занад ва дар онҷо нависад, ки «холӣ» буд?
4.Ҳолати баҳсу нофаҳмиро байни ронандаю нозири роҳ бо видеорегистратор ё бо телефон навор гирифтан ҷоиз аст? Баъзан, онҳо дар ин ҳолат доду дӯғу даранг мезананд ва «ҳақ надорӣ» гуфта, ҳатто телефонро аз дастат кашида мегиранд.
Дар чунин ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳо ронанда ба куҷо муроҷиат намояд?
5.Ҳангоми манъ кардани мошин агар нозири БДА назди ронанда наояд, то чи қадар вақт (сония) ронанда дар даруни мошини худ интизор шаваду баъди гузашти вақт мошинро ҳай карда равад? Зеро дар Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (фасли 2, боби 7, моддаи 72) гуфта шудааст, ки
«манъ кардани воситаҳои нақлиёт дар 4 ҳолат аст». Баъзан мешавад, ки нозирони роҳ сабаби манъ кардани худро намедонанд. Дар охир, «тафтиши ҳуҷҷат» мегӯянд. Ман ба онҳо борҳо гуфтаам, ки «шумо сабаби манъ карданро аз рӯи қонун надоред, дуюм ин ки тафтиши ҳуҷҷат фақат дар постҳои доимӣ (статсионарӣ) мешавад, ё ки бо фармони раёсат муваққатан амалиёти тафтиши ҳуҷҷат гузаронида мешавад. Агар фармон бошад, маро бо он шинос намоед». Оё дуруст аст, чунин рафтор бо нозири роҳ?
6.Барои тартиб додани протокол чӣ қадар вақт лозим аст?
7.Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо чигуна бояд бошад? Яъне дар дасти ронанда бояд бинад, ё ба дасти нозири роҳ ҳуҷҷатро додан ҳатмист? Чаро, ки онҳо одат кардаанд, ки ҳуҷҷатҳоро гирифта, бе парво ба мошини худ рафта мешинанд ва вақтро кашола медиҳанд. Гоҳе ҳолат, мошинро монда, баъди чанд вақт, меоям, ки рақами давлатии мошинамро канда гирифтаанд... Дар ин ҳолат тибқи қонун чӣ бояд кард? Дар дигар давлатҳо агар нозирони роҳ сабаби манъ карданашонро аниқ карда натавонанд ронанда ҳақ дорад аз нозири роҳ «бланка барои рапорт» талаб карда, аз болои ӯ ба роҳбараш шикоят барад.

Фаридун Ализода,
ҷамоати Ҳайдар Усмонов, куч.Шариф Қаландаров-231, н.Б.Ғафуров,
тел: 92 888 28 37

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter