ХАБАРИ ДОҒ

Бемории сил соли 2035 аз байн меравад?

  • Сешанбе, Апр 12 2016

Ҳафтаи гузашта дар Кохи Ҷомии пойтахт Барномаи миллии иттиллоотӣ – маърифатӣ бахшида ба мубориза алайҳи бемории сил, ки ҳамасола дар Тоҷикистон баргузор мегардад, оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳи ин барнома, ки тӯли 1 ҳафта дар кишвар идома хоҳад ёфт, сафири фавқуллода ва ваколатдори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии ҶТ Наврӯз Ҷаффаров ширкат варзиданд.

Зимни суханронии хеш тарафҳо таъкид доштанд, ки дар самти коҳиш намудани гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба муваффақият ноил гашта кӯшиши хешро минбаъд барои кам кардани ҳолатҳои марги беморон равона хоҳанд кард.

«Бо сил якҷоя мубориза мебарем!» - чунин ном дорад актсияи ҷаҳоние, ки дар тамоми кишварҳои олам сурат гирифта ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назди худ тасмим гузоштааст, ки то соли 2035 бемории силро тамоман аз байн хоҳад бурд.

Бояд қайд намоем, ки Барномаи USAID оид ба мубориза алайҳи сил, ки барои 5 сол тасдиқ шуда буҷаи умумиаш беш аз 13 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд, дар самти мубориза ва коҳиш додани гирифторони ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter