ХАБАРИ ДОҒ

Ивази 4,5 миллион шиноснома дар 1 моҳ имконпазир аст?

  • Сешанбе, Июл 16 2019

    Тибқи иттилои Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ дар кишвар то ба имрӯз 6 миллиону 458 ҳазору 990 нафар муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ба қайд гирифташуда, теъдоди муштариёни фаъол 4 миллиону 856 ҳазору 887 нафарро ташкил медиҳад. То 11.07.2019 аз ин теъдод, яъне аз шумораи наздики 6,5 миллионнафара танҳо 1 миллиону 883 ҳазору 385 нафар тавонистаанд бо пешниҳоди шиносномаи намунаи соли 2014 сим-кортҳои хешро аз нав ба қайд бигиранд.

    Чуноне ки мавсуф зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки бар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳоли вобаста ба он» азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон-корти ID гузаронда мешавад. Тибқи ин қарор Хадамоти алоқа вазифадор шудааст, ки то 15.08.2019 ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз 2 симкортро бо шиносномаҳои нав-ID корт анҷом диҳад. 

   - Дар сурати то 15.08.2019 пурра иваз нашудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба шиносномаҳои намунаи соли 2014 мо метавонем барои тамдид намудани мӯҳлати мазкур ба ВКД ҶТ муроҷиат намоем, - таъкид дошт Илҳом Атоев.

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter