ХАБАРИ ДОҒ

Дӯкони ман ба Бег Сабур чӣ лозим?

  • Чоршанбе, Апр 08 2020

 

 « Ҳамагуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам мегузоранд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд»

                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар ҳақиқат матбуот инъикоскунандаи идеалогияи ҳар як давлат мебошад. Маҳз мардум  тавассути рӯзномаҳо бо руйдодҳои олам огоҳӣ меёфтанду аз ин рӯ дар давраи шуравӣ ба табъу нашри рӯзномаҳо аҳамияти хоса медоданд. Ҳар 1 ноҳия ҳафтае 3 маротиба рӯзномаи худро аз 5 000 то 10 000 нусха чоп намуда, сари вақт дастраси одамон мегардонид. Ба ғайр аз шахсоне, ки обуна буданд, дигарон рӯзномаю маҷаллаҳои даркориро аз нуқтаҳои фурӯши рӯзномаҳо харидорӣ менамуданд. Танҳо дар як шаҳраки Восеъ (ҳозира Ҳулбук) 6-то нуқтаи фурӯши рӯзномаҳо фаъолият менамуд. 

Аз вақте ки собиқ раиси ноҳия Мусо Ғафурзода ба кор оғоз намуд, ягона дукони рӯзномафурӯширо, ки бо дастгирии «Тоҷикматбуот» дар маркази шаҳрак таъсис ёфта буд, барҳам дод. Ман, ки масъули ин соҳа мебошам гарчанде норозигӣ баён намудам, бо супориши раис дар дуконе марбут ба шуъбаи алоқаи ноҳия бударо ба ман иҷора доданд, ҳол он ки дар ин дукон тобистон аз гармӣ ва дар замистон аз сардӣ нишастан ғайримкон аст. Борҳо доири ин масъала бо раиси ноҳия суҳбат намудам. Ӯ танҳо ваъда медод, ки баъди чор-панҷ моҳ ин масъаларо ҳал мекунем ва шуморо соҳиби қитъаи замине барои сохтани дӯкон мегардонем ё ҳамин дӯкони чӯбинро ба шумо медиҳем, то ин ки ба таври замонавӣ азнавсозӣ намоед. Гарчанде, ки 2 маротиба аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ҶДММ «Тоҷикматбуот» ба мақомоти ноҳия, махсус ба раиси он мактуб оиди ҷудо намудани ду ҷой барои кушодани дӯкони рӯзномафурӯшӣ ирсол шуда бошад ҳам, мутаассифона ягон чорае наандешиданд. Муовини раиси ноҳия Алихон Худоёрзода вазифадор карда шуд, дар асоси мактуб ба ман як ҷои муайяне барои кушодани дӯкон замин ҷудо мекард, вале моҳҳо сипарӣ шуданду ба ғайр аз ваъдаҳои хушку холӣ ягон чорае надид. Вақте ки собиқ сармеъмори ноҳия Отабек Муқумов дар назди муовини раис Алихон Худоёрзода чунин ҷавоб дод: «Ман барои киоски газетафурӯшӣ замин надорам».

- Замин ки надоред, хуб мешуд ҳамин дӯконро ба ман диҳед, то ин ки бо тарҳи нав сохта ҳамчун дукони рӯзномафурӯшӣ ба истифода барам.

- Инро мо ҳал карда наметавонем-гуфт Алихон Худоёрзода-аз Бег Сабур пурсидан даркор.

Хонандагони гиромӣ ба фикри шумо 1 вазире, ки даҳҳо иншоотҳои боҳашомат бунёд менамояд, эҳтиёҷ ба як порча замине, ки андозааш 2x3 метрро ташкил медиҳад, дорад? Ҳеҷ гоҳ ва шахсан ман ба ин бовар надорам. Танҳо баҳона ҳасту халос, ё ба ибораи дигар гӯем дури ҷустан аз рӯзномаҳои мустақил ба хотири он ки дар онҳо бештар мушкилоти мубрами ҷомеа ва роҳи ҳалли онҳо дарҷ мегарданду дар онҷо фурӯхта мешаванд. Ҳатто кор ба он дараҷае аст, ки масъулони ноҳия нисбати мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ муносибати сардона мекунанд, пас чӣ ҷои шарҳу эзоҳ аст.  Аз ин рӯ баъди чунин муносибати   сардона ба матбуоти даври ба чунин хулоса омадам, ки фаъолиятамро қатъ   намоям. Ҳоло он ки дар дигар ноҳияҳо барои кушодани дуконҳои рӯзномафурӯшӣ   ҳукуматдорон кумак мерасонанд. 

Аз  ин сабаб аз ҳамаи муштариёни доимӣ, ки пайваста ҳафтаномаҳои давриро аз манн харидорӣ менамуданд узр мепурсам, зеро аз тарафи масъулони ноҳия  дастгирӣ наёфта, маҷбур шудам дӯконро баста, фарзандамро ба муҳоҷират гусел кунам…

 

Рузимади Тоҳир, н.Восеъ 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter