ХАБАРИ ДОҒ

Нархи билети самолет мехамбад?

  • Ҷумъа, Нояб 11 2016

Ахиран, баъди нашри матлаби танқидӣ дар газетаи мардумии СССР роҷеъ ба баланд будани нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон, комиссияи вежае таъсис ёфт, ки мехоҳад сабабҳои боло будани қимати чиптаҳоро муайян созад.

 

Масъулин гуфтаанд, гап сари гарон будани арзиши керосин дар Тоҷикистон аст, ки табиатан аз Русия меояд. Зумрае дар бораи қиматии хизматрасонии фурудгоҳ, ист, хизмат ва навигатсия ҳадс задаанд. Вале ба гуфтаи коршиносон Тоҷик-эйр ва Сомон-эйр аз мавсими муҳоҷират истифода кардаву нархро болову поин мебурдаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳатто нархи билетҳои ҳавопймоҳои русӣ аз Русия ба ин тараф арзону аз Тоҷикистон ба Русия гарон аст!

Воқеан ҳам нархи билети самолет ба Тоҷикистон аз ҳама гарон аст. Фарзи мисол, Бишкек тақрибан дар 1 масоҳат бо Душанбе қарор дорад. Аммо нархи билети Бишкек аз маскав ҳамагӣ 8000  рубли русист (1 сомонӣ 8,48 рубл). Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои русӣ то Душанбеву Хуҷанд нархи чиптаро 25000 рубл, беш аз 3 баробар бардоштаанд, ки ин танҳо ғорати шаҳрвандони Тоҷикистон асту бас. Тахминан бо ҳамин нарх метавон роҳат ба Амрико парвоз кард, ки масири аз ҳама дуртарин маҳсуб меравад! Ва аз ҳама аҷиб, ҳоло маълум нест, дар баҳси ахирие, ки Вазорати нақлиёти Русия бо Тоҷикистон сари парвози ҳавопаймоҳо дошт, масъалаи нархи чипта матраҳ шудааст ё не? Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter