ХАБАРИ ДОҒ

Чӣ тавр андоз дили маро хунук кард?

  • Душанбе, Нояб 21 2016

Солҳои бачагию наврасиро бо ормони ширин ёд мекунам. Маоши колхоз зиёд набуд, аммо шиквае ҳам надоштем, киштаҳои рӯи ҳавлӣ, поразамини  хоҷагӣ ҷудокарда, маҳсулоти чорвои шахсӣ 1 тарафи зиндагиро мебардошт. Ҳоло низ ҳамон замину ҳамон саҳро, ҳамон одамонанд. Лек агар он айём 1 пора замин, канори роҳу лаби ҷӯйбор ҳам холӣ намемонд, имрӯз заминҳои зиёде шӯрзадаю хорзада мондаанд, зеро онҳое, ки дар ин заминҳо кор мекарданд, муҳоҷир шудаанд. Аксари онҳо шояд барнагарданд, чун шаҳрвандии Русия ё кишвари дигарро пазируфтаанд. Гоҳо фикри он, ки баъди чанд сол Тоҷикистон кишвари бознишастагон мешавад, касро ба воҳима меандозад. Фарзандони ман ҳам дар ҷустуҷӯи музду кори хуб ба муҳоҷират рафтанд. Кори шоиста доштанд, вале ман нахостам дар муҳоҷират меҳрашон ба замини хуни нофашон рехта коҳиш ёбад, наберагон моро «дедул» ё «бабул» гӯянд. Хуллас, бо хоҳиши мо дигар роҳи муҳоҷиратро фаромӯш карданд, вале чун аз рӯи ихтисос кор наёфтанд, бо парвариши чорво дар ҳавлӣ машғул шуданд. Вале барои чорво хӯрокаву эм ҳам лозим-ку?! 

 

Замин ва андоз: кӣ киро?

Бо машварати мо писарам Фирӯз аз Ҷамъияти саҳҳомӣ ё собиқ колхози ба номи Энаҷон Бойматова 2 га заминро барои кишти хӯроки чорво ба иҷора гирифт. Ҳаққи иҷора (1000 сомонӣ) ва андози замин (471 сомониву 74 дирам)-ро якбора пардохта, ба кор сар кардем. Он замин дар 1 мавзеи ноободи аз маҳалли иқомат хело дур, ки мардум «тӯғай» мегӯянд, ҷойгир аст. Дар атрофи он даҳҳо га замин бекор хобида, танҳо баъд донистем, ки чаро касе бо дасту дили гарм дар замин кор намекунад? Акнун ҷуворӣ қад баланд карда буд, ки ба нозироти андоз даъватамон намуданд. Гӯё мо заминро бо қувваи худ саришта карда наметавонистаему аз коргари кироя истифода кардаем ва боястӣ аз маоши он коргар ё коргарони кироя андози иҷтимоӣ ва андози даромад мепардохтаем. Ҳарчанд фаҳмонидем, ки хошоки чорво пахта нест, ки зераш каланд заниву каландгар кор фармоӣ, 889 сомонӣ андоз баста гуфтанд, агар онро напардозем, ба миқдори бузург ҷарима хоҳанд кард. Ба зери таънаи фарзандон мондам, ки онҳоро ба муҳоҷират роҳ надодам. 

Конибодомӣ коргурез не, андозгурез шудааст

Ҳоло дар Конибодом, дар соҳили дарёи Сир садҳо га замин, ки солҳои 60-70-и асри 20 хоҷагиҳо обод карда буданд, аз бесоҳибӣ ба шӯрзамин табдил меёбанд. Гумон мекунед, ки конибодомиҳо коргурезанд? Асло не! Агар зулми андоз ба дараҷае бошад, ки баъди супурдани андози замину иҷора ҳам ба болоят музд зам кунанд, кӣ бо дасту дили гарм дастаи каландро медорад? 

Ҳоло дар бозор килои сабзию пиёз, ки бояд дар тирамоҳ арзонтарин маҳсулот бошад, аз 1,5 сомонӣ қимат аст, 1 тарбузи миёна то 15 сомонист ва баъзан муҳоҷирони ба Ватан баргашта дар ҳайратанд, ки нархи наво дар бозорҳо гаронтар аз Русия аст. Вале ин ҳалвост, агар бори андоз, хусусан андозбандиҳои берун аз қоида, яъне «бой без правил»-и мақомоти андоз бо чунин ранг идома ёбад, боз заминҳои зиёд нокишта мемонаду помидору карамро аз Волгоград, тарбузро аз Аштархон, картошкаро аз Покистон хоҳем овард. Тобистон вақти ғунучини зардолу низ андозчиён аз чунин усул кор гирифта ба сари ҳар боғдор андози иловагӣ баста буданд. 

Дар ҷаҳон аз андоз пешсафем!

Анҷумани ҷаҳонии иқтисод Тоҷикистонро миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3 ҷой додааст. Сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,8%-ро ташкил медиҳад. Пешсафи раддабандӣ Аргентина буда, Боливия бо 83,7% дар ҷои 2 қарор дорад. Дар Англия аз даромади то 15.000 доллар, Сингапур то 16.000, Олмон то 9000 доллар андоз намеситонанд, лек дар Латвия аз ҳар намуди даромад 25% андоз меситонанд. Дар 5 иёлати Амрико чӣ будани андозро намедонанд, вале дар иёлоти дигар он аз 1 то 11%-и даромадро ташкил медиҳад. Дар Андорра, Баҳрайн, Қувайт, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Бруней, Арабистони Саудӣ, Уругвай, Сомалӣ низ андоз нест. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон андози иҷтимоӣ 25%, андоз аз даромад 13%, андози арзиши иловашуда 18%-ро ташкил медиҳад. Худи мақомот иқрор аст, ки соли 2015 22.000 соҳибкор муфлис ва қатъи фаъолият кардаанд. 1 саҳифаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз эълонҳои «Барҳам мехӯрад» пур шудааст. 80%-и даромади буҷа аз андоз ва боҷи гумрукист, вале боз ҳам соҳибкоронро тасаллӣ медиҳанд, ки дар ин самт сабукиҳо дар назар аст. Ин сабукиҳо кай вориди амал мешавад? Магар баъди рафтани мо? Қалами оҷизи 1 рӯзноманигор то тавонист аз зулми андоз дар музофот қисса кард. 

Ҳикоят

Дар анҷом ҳикояте аз Саъдӣ меорам, ки гӯяд:

Нӯшервони одилро дар шикоргоҳе сайде кабоб карданду намак набуд. Ғуломе ба русто рафт, то намак орад. Нӯшервон гуфт:

-Намак ба қимат биситон, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.

Гуфтанд:

-Аз ин қадар чӣ халал ояд?

Гуфт:

-Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андак будааст. Ҳар кас ки омад, бар ӯ мазиде кард, то бад-ин ғоят расид…

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад,

журналист, ш.Конибодом, тел:98 510 55 43

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter