Болоравии арзиши маҳсулоти кишоварзиро деҳқонон дар гаронии арзиши сӯзишвории дизелӣ ё солярка арзёбӣ мекунанд. Солярка барои коркард кардани замин лозим асту деҳқонон маҷбуранд онро харида, сарфу хароҷотро болои нархи маҳсулоти полезӣ зам кунанд. Ҳарчанд нархи меваю сабзавот дар вил.Хатлон ва маркази он бояд нисбатан арзон бошад, лек соҳибкорон мегӯянд, вақти шудгор ва кишт маводи сӯхтро зиёд сарф мекунанд ва ин аст, ки имрӯз маҷбур нархи полезию сабзавотро мисли сӯзишворӣ гарон ҳисоб кунанд. Абдурозиқ Равшанов-ронандаи трактор аз н.Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) дар сӯҳбат бо СССР аз гаронии нархи солярка, ки ба 7,60 дирам расидааст, бо изҳори нигаронӣ гуфт, барои хуб кардани ваъзи зиндагияш 10 сол пеш трактор харида буд.
-Ҳоло 1 литр соляркаро аз 7,60 то 8 сомонӣ харида 1 га заминро ба арзиши 8 сомонӣ ҷуфт мекунем. Ҳангоме дар заминҳои кишт бо деҳқонон чунин нархгузорӣ мекунем, онҳо дар навбати худ аз мо шиква мекунанд, ки мо заминро бо нархи қимат шудгор ва коркард мекунем. Лек онҳо нархи сӯзишвориро ҳам намедонанд ва ҳатто намепурсанд, 1 литр солярка чанд пул аст. Ин дар ҳолест, соляркаро аз пасмондаи нефт омода мекунанду аҷибаш ин, ки 1 литр навъи бензини А-95, 7 сомонӣ асту солярка бошад аз 7,6-8 сомонӣ арзон намешавад,- афзуд мавсуф.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Меҳвар” Мирзоев Саид аз н.Ҷайҳуни вил.Хатлон, ки 11 сол боз ба деҳқонӣ сару кор дорад, мегӯяд, дар ҳудуди 57 га замин пахта ва полезии пиёз, сабзӣ, тарбузу харбуза кишт карда, ба бозорҳои ватанӣ пешкаши мардум менамояд. Ӯ афзуд, ки ҳангоми ҷамъоварии пиёз якбора нархи сӯзишвории солярка ба 7,60 расид. Ронандагони “Дулан” қаблан 1 кг пиёзро ба вил.Суғд бо нархи 12 дирам мебурданд, ҳоло бошад 1 кг пиёзро 20 дирам нарх гузоштаанд, ки нигаронкунанда аст. Мирзоев мегӯяд, деҳқонон танҳо имсол ба зиёни худ кор карда, доруҳои минералӣ ва сӯзишвориро қимат харидаанду намедонанд, ки ҳосил чӣ гуна мешавад. Ман сабаби якбора боло рафтани нархи соляркаро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази вилоят аз идораҳои дахлдор пурсидам. Сабаби баланд шудани нархи соляркаро дар худи Раёсати зиддиинҳисории вилоят намедонанд! Думболи пайдо кардани ҷавоб ба ин суол ба чанд манобеи дигар муроҷиат кардам, лек посухи дуруст наёфтам.
Баҳодур Уроқов,
СССР, вил.Хатлон