Раҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни 1 ҳамоиш дар ш. Душанбе, ки рӯзи 13.05.2019 баргузор гашт, мушкилоти соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ ва аз имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар ин соҳа ибрози назар карданд. Андозҳои зиёду ҳангуфт, боҷҳои гумрукӣ, гарон будани хизматрасонии рӯизаминӣ дар фурудгоҳҳо, риоя нагардидани созишномаҳои байналхалқӣ, алалхусус дар бахши боркашонӣ монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди авиатсия граждании минтақа ном бурда шуданд.
Бояд гуфт, ки ин ҳамоиш-нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масоили рушди авиатсияи дар минтақа бори нахуст сурат гирифта, он бо ташаббуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» баргузор гашт. Раҳбарони ширкати «Сомон эйр» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои «Эйр Астана» ва «SCAT» аз Ҷумҳурии Қазоқистон, «Авиатраффик» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе ҷамъ омада, дар бораи проблемаҳои монеасози соҳаи авиатсия гражданӣ дар минтақа сӯҳбат карда, дар баробари ин дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак низ табодули назар карданд.
Гардиши мусофирон 2 маротиба афзоиш меёбад!
Тавре зимни нишасти матбуотӣ Томас Ҳаллам, директори генералии ширкати «Сомон эйр» иброз дошт, дар ҳамоиш асосан мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи авиатсияи граждании минтақа, аз ҷумла андозҳои зиёду ҳангуфт, боҷҳои миёншикани гумрукӣ, гарон будани хизматрасониҳои рӯизаминӣ баррасӣ гардида, мавсуф таъкид намуд, ки риоя накардани созишномаҳои байналмилалӣ низ яке аз монеаҳои пешрафти соҳа шуда истодааст.
- Таъмини амнияти мусофирон ва парвозҳо вазифаи авалиндараҷаи мост ва новобаста аз проблемаҳо барои ин мо тамоми кӯшишу малакаи хешро равона месозем. Тибқи дурнамои ИАТА то соли 2037 гардиши мусофирон дар саросари ҷаҳон 2 маротиба афзоиш меёбад ва бо сабаби гароиши маркази иқтисоди ҷаҳонӣ аз Ғарб ба Шарқ, сатҳи интиқолоти ҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло хоҳад рафт ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ омили муҳими ин раванд мебошад, - қайд намуд ҷаноби Томас Ҳаллам.
Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар навбати хеш қайд намуд, ки мубаддал намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои рушди ҳукумати кишвар буда, чунин ҳамоишҳо барои амалӣ ёфтани ин ҳадаф заминагузорӣ мекунанд.
- Дар баробари баррасии мушкилоти соҳа роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа табодули назар карда, бо таҷрибаи ҳамдигар аз наздик ошно мешаванд. Чунин нишастҳо имкон медиҳанд ба лоиҳаҳои нави хамкорӣ асос гузошта, барои таъсиси хатсайрҳои нави ҳавоӣ низ мусоидат намоянд,-таъкид дошт мавсуф дар сӯҳбати худ бо хабарнигорон.
Нархгузорӣ бояд асоснок ва шаффоф бошад
Раҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа зимни ин нишаст 1 қатор мушкилоти соҳаро қайд намуданд, ки ба рушди авиатсия дар Осиёи Марказӣ халал ворид месозанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки натанҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки мақомоту сохторҳои танзимкунандаи соҳа набояд аз бехатарии авиатсионӣ сарфи назар намоянд ва ба пуррагӣ ба стандартҳои байналмилалии бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), стандартҳои техникии Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо (EASA), аудити бехатарии истифодабарии ИАТА (IOSA) ва талаботи аудити ИАТА оид ба бехатарии хизматрасонии рӯизаминӣ (ISAGO) ҷавобгӯ бошанд.
Инчунин, диққати ҳукумати кишварҳо бояд ба истифодабарии таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба андозбандӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар хароҷоти марбутта ҷалб карда шавад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла коркарди маълумот дар бораи мусофиронро барои мақсадҳои бехатарии авиатсионӣ муҳим мешуморанд, аммо низомҳои мазкур набояд аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон маблағгузорӣ шаванд. Айни замон дар 94 кишвари ҷаҳон аз коркарди маълумотҳои мусофирон пардохтҳо ситонида намешаванд. Афзоиши хатсайрҳои мустақим шарти асосии амалисозии иқтидори рушди иқтисодии кишварҳо мебошад ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҳукуматҳои кишварҳо даъват ба амал меоранд, ки стандартҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шуда, инфрасохтори зарурӣ аз рӯи нархгузории асосноку шафоф, ҳам дар нисбати интиқолоти ҳавоӣ ва ҳам дар нисбати хизматрасонии рӯизаминӣ густариш дода шавад.
Ҷамилаи Мақсуд, СССР