Сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Нуралӣ Латипов ба идораи редаксия занг зада (тел: 937995601) аз роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳия шикоят намуд.
- Дар муассисаи мазкур чандин кӯдаки 6-соларо ба синфи 1-ум қабул кардаанд. Фарзанди ман аввали соли 2014-ум таваллуд шудааст, чанд бор ба муассиса бурдам, ҳуҷҷатҳояшро ҳам дуруст кардам, намедонам аз чӣ бошад роҳбари ин муассиса писари маро ба синфи 1-ум қабул намекунад. Онҳо қонунро баҳона мекунанд ва мегӯянд, ки фарзанди шумо 7-солаи пурра нест ва наметавонад дар синфи 1 таҳсил кунад. Ин дар ҳолест, ки якчанд нафари дигар, ки баъзе аз фарзанди ман хурданд, ба синфи 1 қабул гаштанд. Ман фикр мекунам, ки инҷо омилҳои коррупсионӣ ё хешутаборӣ вуҷуд дорад. Аз масъулини ниҳоди мазкур хоҳиш менамоям, ки ба масъалаи мазкур ҷиддӣ аҳамият диҳанд.
Ассалому алейкум ҳайати эҷодӣ ва аҳли ихвон-ал СССР! Дар бораи китобхонаҳои хурдакаки сарироҳии Лондон мутолиа намуда, фикр кардам, ки дар мо ҳам бояд чунин китобхонаҳо бошанд. Бисёр олӣ мешуд, ки дар истгоҳҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии Душанбею Хуҷанд, Панҷакенту Бохтар, Кӯлобу Хоруғ, Ҳисору Истаравшан ва умуман дар шаҳрҳои бузургу серодам чунин ҷевонҳо гузошта мешуд. Шумо дар ин маврид чи мегӯед СССР-чиёни азиз?
Исмоилҷони Саиднуриддин,
ш. Душанбе, тел: 911099049
Аз СССР: Мо розӣ! Вале масъулини китобқимоби шаҳру навоҳӣ чӣ мегуфта бошанд ба ин пешниҳодатон? Оё то амр аз Боло шудан қарор мешинанд ва ё коре мекунанд?-суоли матраҳ ин аст...
Дар баробари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва макотиби олӣ сар аз 17 август дар мамлакат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ ба фаъолият оғоз менамоянд. Ин тасмим 11 август аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТдар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар мамлакат қабул гардида расман эълон шуд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад, бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд то ба эътидол омадани вазъият онҳоро ба кӯдакистон набаранд.
Ҳамчунин дар Тавсияҳои умумӣ омадааст, ки «қабули кӯдакон аз даромадгоҳи ҳавлии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад, ба дохили бинои муассиса даромадани падару модар ва шахсони бегона қатъиян манъ карда шавад, кормандон баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳои томактабӣ ҳатман аз ташхиси таббӣ гузаронида шаванд, гурӯҳҳо ва айвончаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо безарар ва тоза нигоҳ дошта шаванд ва машғулиятҳо бо назардошти риояи қоидаҳои санитарӣ- эпидиомологӣ дар саҳни ҳавлӣ ва айвончаҳои тобистона гузаронида шаванд».
Маҳмадисуф Имомзода, вазири маориф ва илми ҶТ бо мақсади расидагӣ ба дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳалли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳо илова ба рӯзи шанбе ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 17:00 дар назди бинои марказии вазорат қабули шаҳрвандонро ба роҳ мондааст.
Тавре маркази матбуоти вазорати номбурда хабар медиҳад, қабули шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илм Маҳмадисуф Имомзода, муовини якум ва муовинони Вазир роҳандозӣ шуда, то оғози соли нави таҳсил идома хоҳад ёфт.
17 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илм иброз намуд, ки дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз 17 август шурӯъ мегардад.
-Мо барои боз ҳам касби шудани донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар дар солҳои оянда соатҳои ихтисосиро дар рафти таълим зиёдтар ба назар мегирем, - мегӯяд Муҳаммадюсуф Имомзода
Мавриди зикр аст, ки рушди устувори соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобастагӣ дорад. Хароҷоти соҳаи маориф дар соли 2020 барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 299 млн. 223 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти умумӣ 2 млр. 838 млн. 590 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ 75 млн. 499 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ 222 млн. 365 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти олии касбӣ 781 млн. 516 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷотҳо 787 млн. 460 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Шералӣ Давлатов, СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар