ХАБАРИ ДОҒ

Боғчаҳои бачагона ба фаъолият оғоз мекунанд

  • Чоршанбе, Авг 12 2020

 

    Дар баробари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва макотиби олӣ сар аз 17 август дар мамлакат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ ба фаъолият оғоз менамоянд. Ин тасмим 11 август аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТдар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар мамлакат қабул гардида расман эълон шуд. 

    Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад, бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд то ба эътидол омадани вазъият онҳоро ба кӯдакистон набаранд. 

   Ҳамчунин дар Тавсияҳои умумӣ омадааст, ки «қабули кӯдакон аз даромадгоҳи ҳавлии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад, ба дохили бинои муассиса даромадани падару модар ва шахсони бегона қатъиян манъ карда шавад, кормандон баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳои томактабӣ ҳатман аз ташхиси таббӣ гузаронида шаванд, гурӯҳҳо ва айвончаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо безарар ва тоза нигоҳ дошта шаванд ва  машғулиятҳо бо назардошти риояи қоидаҳои санитарӣ- эпидиомологӣ дар саҳни ҳавлӣ ва айвончаҳои тобистона гузаронида шаванд».

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter