Палатаи ҷамъиятии Осетияи Шимолӣ барои хонандагони мактабҳои миёнаи ВМКБ 1500 нусха китоби бадеиву дарсӣ ҷамъоварӣ намуда, тавассути ҷамъияти тоҷикони Осетияи Шимолӣ-«Помир» тақдим намудааст. Ин иқдом пас аз муроҷиати раҳбари ҷамъият Арсен Худододов сурат гирифтааст.
Бояд гуфт, ки теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Осетияи Шимолӣ хеле зиёд буда, ҳанӯз соли 2014 байни ин вилоят ва Осетияи Шимолӣ Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву ичтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расида буд.
Китобҳои мазкур то оғози соли нави хониш ирсол гашта, ба китобхонаҳои мактабҳои миёнаи ВМКБ тақдим карда мешаванд.
Тибқи маълумотҳои омории Вазорати маориф ва илми ҶТ дар 5 соли охир ба 1280 нафар омӯзгорони ҷавони кишвар 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Ҳамасола дар асоси дархости омӯзгорони ҷавон қарзи имтиёзнок-6000 сомонӣ ба мӯҳлати 5 сол барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал дода мешавад.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти вазорати номбурда хабар доданд, дар соли таҳсили 2018-2019 103 нафар омӯзгорони ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ ва 14 нафар бо заминҳои полезкорӣ таъмин гардиданд.
Дар соли равон тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми ҶТ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 25 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 6409 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 89 миллиону 891 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Бино ба иттиллои Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми мамлакат, ҳамзамон сохтмони 244 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 70 ҳазору 591 ҷойи нишаст идома дошта, аз ин шумора сохтмони 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 12 ҳазору 446 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони 48 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5 ҳазору 659 ҷойи нишаст давом дорад.
Шодиён Муҳаммад, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 87 нафар донишҷуён хориҷ карда шудаанд.
Сабаби хориҷшудан аз донишгоҳ-ин пардохт нагардидани маблағи шартнома ва роҳ додан ба қонуншиканӣ мебошад.
Баҳодур Уроқов, СССР
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ дар нишасти ахири матбуотӣ, ки рӯзи 19.07.2019 сурат гирифта, ба ҷамъбасти натиҷаҳои соҳаи маориф ва илми кишвар дар нимсолаи 1-уми соли ҷорӣ бахшида шуда буд, гуфт, ки вазорат ният дорад дар назди коллеҷи техники Донишгоҳи техники Тоҷикистон фабрикаи истеҳсоли пойафзоли бачагона таъсис диҳад ва барои ин кор алакай муттахассисон аз Ҳиндустон низ ҷалб шудаанд.
- Модоме, ки сарулибоси мактабӣ ягона аст, пас попӯш ҳам ягона мешавад. Чӣ бадӣ дорад, вақте хонандагони мактаб бо пойафзоли ватанӣ таъмин шаванд? Тасаввур кунед, 2 миллион хонанда ба ғайр аз студентҳо дорем. Агар дар 1 мавсим 1 хонанда се ҷуфт пойафзол пӯшад, солона шаш миллион ҷуфт ва шояд аз ин бештар шавад. Ҳоло мо донишҷӯёнро ҳисоб накардем. Дар тамоми гӯшаю канори мамлакат марҳила ба марҳила истеҳсоли пойафзори бачагона роҳандозӣ мешавад ва соҳибкорони ватанӣ низ ба ин раванд ҷалб гарданд. Гумон мекунам, ин қарор дуруст аст. Майда-майда истеҳсоли пойафзорро сар мекунем, фурӯш озод мешавад, - таъкид намуд Нуриддин Саид.
СССР
Ҳукумати Федератсияи Россия тасмим гирифтааст дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 мактаб бисозад. Дар ин бора рӯзи 19.07.2019 зимни нишасти матбуотӣ Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар хабар дод.
Бино ба иттилои вазир, айни замон тарҳи бинои ин мактабҳо лоиҳакашӣ шуда, ба ҳукумати Федератсияи Россия барои пешниҳоду баррасӣ фиристода шудаанд. Ин мактабҳо барои 1240 нафар хонанда бо назардошти тамоми имконоти муосири омӯзишӣ дар Душанбеву Хуҷанду Бохтару Кӯлоб ва Турсунзода бунёд хоҳанд ёфт.
Арзиши лоиҳавии ҳар 1 мактаб 4,7 миллион долларӣ дар назар дошта шудааст.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар