1.11.2019 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар таътили тирамоҳӣ оғоз гашта, он то 10.11.2019, яъне 10 рӯз идома хоҳад ёфт.
Тавре ба мухбири СССР аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, чоряки якум 31 октябр ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати 10 рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Бояд гуфт, ки тибқи тағийротҳои роҳандозишуда, таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба итмом мерасанд.
Салом, СССР! Ман чун омӯзгори забон ва адабиёт дар сӯҳбат бо хонандагони синфҳои болоӣ пурсидам, ки «сосулка»-и русӣ дар забони Тоҷикӣ чӣ мешавад, касе ҷавоби дуруст дода натавонист. Баъди андешаҳои зиёд ба «сосулка»-и русӣ чунин номро дарёфтам: азбаски бегоҳирӯзиҳо барф об шуда, аз лаби шифери хона ба поин мешорад ва аз сармо ях мекунад, онро яховеза ё ки яхвеза номидан мумкин. Синои бузург 1 китоби худро ба забони Тоҷикӣ навишта, онро «Донишнома» номидааст. Ин вожаи хушоҳанг маънои васеи фарогир дорад, аммо чӣ дар адабиёти хаттӣ, чӣ дар гуфтугӯи мардум он кам ба кор бурда мешавад. Маълум аст, ки китоб кони дониш аст. Ибораи «Китоби дарсӣ» моли забони Тоҷикӣ нест. Варианти бисёр хуби Тоҷикиаш «Донишномаи омӯзиш» аст.
Садриддин Низомов,
муаллим, н.Ваҳдат
Дар давраи советӣ дар 15 ҷумҳурии бародарии СССР соли таҳсили мактаббачагон 25 май ба охир мерасид. Хонандагони синфи 11 “Занги охирин”-ро бо хурсандӣ ҷашн гирифта, “хайр, мактаб” гуфта, бо мактабу муаллимон хайру хуш мекарданд. Ҳоло ин амалҳо дар мо несту хурсандии чандсоатаи хатмкунандагон бо фармони Вазорати маориф аз байн бардошта шуд. Ин ба кадом хотир буд, касе чизе намедонад, аммо ҳаминро медонем, ки педагогу психологҳои даврони советӣ то хурдтарин ҷузъиёти педагогикаю физиологияи одамро омӯхта, баъд реҷаи муайяншударо роҳандозӣ карда буданд. 3 ҳафта дароз кардани соли хониш ягон зарра ба манфиати талабаю хатмкунанда кӯмак намекунад. Муаллим баъди 25 май ба такрори дарсҳои гузашта мегузарад, ки ҳар 2 тараф аз ин такрорҳо хаста мешаванд, таъсири манфӣ ба саломатӣ ва психикаи хонандагон мерасонад, чунки ҳаво гарм ва қариб дар ҳама синфхонаҳои макотиби ҷумҳурӣ кондитсионер нест!!! Дар давраи таътили тобистона волидону фарзандон ба парваришу ҷамъоварии ҳосили парваридаи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мешаванд. Ин заминаи асосӣ барои хариди сарулибоси мактабӣ, лавозимоту китобу дафтари мактабии соли хониши оянда мегардад.
Зайнулобиддин Ҳусейнов
н.Ёвон
Сол аз сол вазъи бинои МТМУ №50-и ҷамоати деҳоти М.Вайсови н.Восеъ батар шуда, бино дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. 1 гурӯҳ волидайни хонандагони муассиса дар сӯҳбат бо СССР гуфтанд, ки ҳамасола таъмири бино аз ҳисоби падару модарон ва омӯзгорон гузаронида шуда, он бесифат анҷом меёбад. Дар ин муассиса 760 хонанда таҳсил карда, беш аз 58 омӯзгор дарс мегӯяд. Ҳар сол аз ҳар 1 талаба барои таъмир ва шикасту рехти мактаб 10 сомонӣ ҷамъ меоранду ба ҳисоби миёна он 7600 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои чӣ ва ба куҷо сарф мешавад?! Бинои муассиса с.1984 бунёд ва имрӯз тамоми синфхонаю толори варзишӣ вайрон шудаасту хонандагон аз ночорӣ дар толори садамавӣ ба тамрин машғуланд. То ин дам касе барои таъмир кӯмак накардааст, ҳоло он ки дар ин деҳа соҳибкорони маҳаллӣ кам нестанд. Омӯзгорон инчунин ёд надоранд, ки барои таъмир аз ҳисоби ҳукумати ноҳия маблағ ҷудо шуда бошад. Соли гузашта ба гуфти директори мактаб аз ҳисоби Ассотсиатсияи волидайни хонандагон 3784 сомонӣ ҷамъоварӣ гашта, бо ин маблағ каме ҳам бошад мактаб рангу бор шуд, вале ба таъмири капиталӣ ва таҷдид ниёз дорад. Ғайр аз ин сокинони деҳот ба иншоотҳои дигари ҳаётан муҳим аз қабили бунгоҳи тиббӣ, муассисаи томактабӣ ва марказҳои хизматрасонӣ муҳтоҷанд. Волидайни талабагон ва омӯзгорон умедворанд, раиси тозатаъни ноҳия Шарбатулло Азизулло то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҶТ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мушкилоти мардумро ҳаллу фасл хоҳад кард.
Б. Абдусалом, СССР, Восеъ
Айни замон дар ш.Кӯлоб сохтмони марҳилаи аввал ва азнавсозии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов амалӣ ёфта истодааст. Бояд гуфт, ки мавзеъи ҷойгиршавии он дар к.С.Сангов қарор дошта, он бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таҷдид меёбад. Масоҳати замини зер ва атрофи он 0,23 га-ро ташкил медиҳад.
Тавре ба мухбири СССР дар МИҲД ш.Кӯлоб хабар доданд, барои сохтмон ва азнавсозии бинои Коллеҷи ҷумҳуриявии санъат ба номи Кароматулло Қурбонов аз рӯи лоиҳа иҷрои 2,1 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ гардидааст. Дар сохтмони бино 25 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Фаридун» ба зима дошта, лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶСК «САНИИОСП» пешниҳод гардидааст.
Сохтмони мазкур аз моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, марҳиллаи дуюми он то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад.
Вазорати маориф ва илми ҶТ рӯзи 1.09.2019-ро дар кишвар рӯзи дарсӣ эълон намуд. Гуфта мешавад, ки бо назардошти ба рӯзи истироҳат-якшанбе рост омадани «Рӯзи дониш» 1.09.2019 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ рӯзи дарсӣ эълон гардида, 7-уми сентябри соли 2019 (шанбе) рӯзи истироҳат муқаррар карда шавад.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти вазорати номбурда хабар доданд, бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани «Рӯзи дониш» мутобиқи банди 49-и қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.06.2016, №237, моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва банди 11-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани вақти баргузории дарс» аз 26.08.2019, №5862 ба тасвиб расид.
Ҳамчунин, тибқи ҳамин фармоиш ба сардори Сарраёсати маорифи ш.Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, директорони мактабҳои президентӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дастур дода шудааст, ки иштироки хонандагону донишҷӯёнро рӯзи 1.09.2019 ба дарс таъмин намоянд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар